Главная / Чамъият / Муоинаи тиббии баъзе гуруххои кормандон

Муоинаи тиббии баъзе гуруххои кормандон

Моддаи 333-и Кодекси Мехнат. Муоинаи тиббии баъзе гуруххои кормандон

  1. Корфармо ухдадор аст, пешаки хангоми бастани шартномаи мехнати ва дар раванди кор давра ба давра кормандонеро, ки шароити корашон вазнин, зарарнок ва ё хатарнок аст, аз чумла дар корхои зери замини ва шабона, хамчунин бо воситахои наклиёт кор мекунанд, ба максади муайян кардани мутобикати кори ичрошаванда ба саломатии онхо ва пешгирии беморихои касби хатман аз муоинаи тибби гузаронад.
  2. Кормандоне, ки дар саноати хуроквори, сохаи хуроки умуми, савдо ва дигар сохахое, ки бевосита бо хизматрасонии ахоли машгуланд, бо максади хифзи саломатии ахоли, пешгири аз пайдоиш ва пахншавии беморихо аз муоинаи тибби мегузаранд.
  3. Дар корхои шароиташон махсусан хатарнок кормандон пеш аз огози кор аз муоинаи тибби гузаронида мешаванд.
  4. Агар корманд чунин шуморад, ки бад шудани вазъи саломатиаш ба шароити мехнат вобаста аст, у хукук дорад гайринавбати аз муоинаи тибби гузаштанашро талаб намояд.
  5. Руйхати омилхои зарарноки истехсоли ва корхое, ки хангоми ичрои онхо кормандон аз муоинаи тиббии пешаки ва даври мегузаранд, тартиб ва мухлати гузаронидани онхо аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  6. Хангоми аз муоинаи тибби саркаши кардани корманд ё тавсияхои дар натичаи муоинаи тибби додашударо риоя накардани у, корфармо хукук дорад кормандро ба ичрои ухдадорихои мехнатиаш рох надихад.
  7. Аз муоинаи тибби гузаштани корманд аз хисоби маблагхои корфармо амали карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …