Главная / Биология / Мархилахои мубодилаи энергетики

Мархилахои мубодилаи энергетики

Мубодилаи энергетикиро одатан ба се мархила чудо мекунанд. Мархилаи якум – мархилаи тайёри мебошад. Дар ин мархила молекулахои ди – ва полисахаридхо, чарбхо, сафедахо ба молекулахои хурд, глюкоза, глитсерин ва кислотахои равгани, аминокислотахо; малекулахои калони кислотахоинуклеинат ба нуклеотидхо тачзия мешаванд. Дар мархилаи мазкур энергияи кам хорич шуда, дар намуди гарми пароканда мегардад.

Мархилаи дуюм-мархилаи беоксиген ё нопурра аст. Он инчунин нафаскашии анаэроби (гликолиз) ё туршшави низ номида мешавад. Истилохи «туршшави»-ро одатан нисбат ба равандхое, ки дар хучайраи микроорганизмхо ё растанихо мегузаранд, истифода мебаранд. Моддахои дар ин мархила хосилшуда бо иштироки ферментхо ба тачзияи минбаъда дучор мегарданд. Масалан, дар мушакхо дар натичаи нафаскашии анаэроби молекулаи глюкоза ба ду молекулаи кислотаи пироангур (С3Н4О3) тачзия шуда, сипас, то ба кислотаи шир (оксипропионат) (С3Н6О3) баркарор мешавад.

Дар реаксияхои тачзияи глюкоза кислотаи фосфат ва АДФ иштирок менамоянд, ки онро дар намуди мачмуи чунин ифода кардан мумкин аст:

C6H12O6 + 2H3PO4 + 2AДФ 2С3H6O3 + 2АТФ + 2H2 > O

Дар занбуругхои хамиртуруш молекулаи глюкоза бе иштироки оксиген ба спирти этил ва оксиди карбон (IV) мубаддал мешавад (ин равандро туршшави ё чушхурии спирт меноманд):

C6H12O6 + 2H3PO4 + 2AДФ 2С2H5OH + 2CO2 + + 2АТФ + 2H2O >

Дар микроорганизмхои дигар гликолиз мумкин аст бо хосил гаштани атсетон, кислотаи атсетат ва гайра анчом ёбад. Дар хар маврид тачзияи як молекулаи глюкоза бо хосилшавии ду молекулаи АТФ мегузарад. Хангоми бе оксиген тачзия шудани глюкоза дар молекулаи АТФ ба намуди банди химияви 40% энергия нигох дошта шуда, бокимондаи он дар намуди гарми пароканда мешавад.

Мархилаи сеюми мубодилаи энергетики – мархилаи нафаскашии аэроби ё тачзияи оксигени мебошад. Реаксияхои ин мархила низ бо ферментхо тезонида мешаванд. Хангоми ба хучайра дохил шудани оксиген моддахои каблан хосилшуда то махсулоти охирин – об ва оксиди карбон (IV) оксид мешаванд. Нафаскашии оксигени бо хорич шудани микдори зиёди энергия ва дар молекулаи АТФ захира гаштани он мегузарад. Муодилаи реаксияи суммавии нафаскашии аэробиро ба тарики зайл ифода кардан мумкин аст:

> 2С3Н6О3 + 6О2 + 36Н3РО4 + 36АДФ 6СО2 +38Н2 О + 36АТФ

Хамин тавр, дар вакти оксид шудани ду молекулаи кислотаи шир 36 молекулаи АТФ хосил мешавад. Пас, маълум мешавад, ки роли асосиро дар таъмин намудани хучайрахо бо энергия нафаскашии аэроби мебозидааст.

Вобаста ба кобилияти кабул намудан ё худ гирифтани энергия организмхо ба ду гурух-автотрофи ва гетеротрофи чудо мешаванд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …