Главная / Гуногун / Маликзода

Маликзода

Маликзодае ганчи фаровон аз падар мерос ёфт. Дасти карам баркушод ва доди саховат бидод ва неъмат бедарег бар сипоху раият бирехт.

Наёсояд машом аз таблаи уд,
Бар оташ нех, ки чун анбар бибуяд.
Бузурги боядат, бахшандаги кун,
Ки дона то наяфшони, наруяд.

Яке аз чуласои бетадбир насихаташ огоз кард, ки мулуки пешин маар ин неъматро ба саъй андухтаанд ва барои маслихате нихода. Даст аз ин харакат кутох кун, ки вокеахо дар пеш аст ва душманон аз пас. Набояд, ки завки хочат фуру мони.

Агар ганче куни, бар омиён бахш,
Расад хар кадхудоеро ба ранче.
Чаро настони аз хар як чаве сим,
Ки гирад ояд туро хар руз ганче?

Малик руй аз ин сухан бахам овард ва мар уро зачр фармуду гуфт:
– Маро худованди таоло малики ин мамлакат гардонидааст, то бихураму бибахшам, на посбон, ки нигох дорам.

Корун халок шуд, ки чихил хона ганч дошт,
Нушервон намурд, ки номи наку гузошт.

Дар борамон

Инчунин кобед

Vivek-Sinha-Lor-vrach

Духтури Гушу-Гулуъ ва Бини аз Хиндустон ба Точикистон октябри 2021 меоянд

Ба диккати Пиру Барно мерасонем, ки дар Маркази тиббии «Шафран» саломатии шумо боз хам комилтар …