Главная / Илм / МУРГОБИ дар Канзи Шифо (Китоб)

МУРГОБИ дар Канзи Шифо (Китоб)

????????????????????????????????????

Мафхуми калимаи «мургоби» хамаи паранда ва мургхои шинокунандаро мефахмонад, масалан; гоз, урдак, чирак ва гайра. Лекин мо дар ин чо урдакро, ки факат як кисми точикон мургоби меноманд, дар мадди назар дорем. Ин ба хама маълум аст, ки ин мург навъхои ахли ва вахши низ дорад. Мизочи мургобии ахли, яъне хонаги гармтар аст аз хамаи парандахои хонаги умуман.

Хислатхои шифобахши он: гушташ сергизо, дерхазм ва бодхоро аз бадан дур мекунад, вале бинобар бадхазм буданаш шикамро дам менамояд. Хурдани бозухои он баданро фарбех мегардонад, равгани гурдаро меафзояд, яъне гурдаро фарбех мекунад; зимнан, кайд намоем, ки агар гурда фарбех бошад, дар он санг пайдо намешавад; куввати бохро зиёда месозад, вале хуни гафс пайдо мекунад, зуд бадбу мешавад. Дар одамони фишори хунашон баланд дарди сар меоварад; агар хазм гардад, дар бобати барангехтани куввати бох бехтарини гуштхост, моддахои маниро афзун месозад ва кувватхои дигари баданро меафзояд. Агар чигарашро, хусусан бозухояшро бихуранд, хуни солим пайдо мекунад, дилтапак (дилбози)-ро фоида мебахшад, овозро соф мегардонад.

Агар гушташро бо намак куфта, гузошта банданд, озахро хупгк карда меафтонад. Равганаш бехтарини равганхост. Мизочаш гарм, форам, варамхоро тахлил медихад ва зуд таъсир мебахшад. Магзи сарашро гузошта банданд, варамхои макъадро мегардонад. Агар инро бо орди бокило хамир карда, аз ру бар дил гузошта банданд, тапидани дилро ислох месозад; ба пистон гузошта банданд, варами онро тахлил медихад, низ ба варамхои дигари сард гузошта банданд, дарди онхоро сокин мегардонад. Агар инро бихуранд, барои беморихои зикрёфта фоида дорад; сурфа, хушкии узвхои даруни сина, дагалии овоз, сузиши рудахо ва дардхои онхо ва дигар дардхоеро, ки дар рагхои борики бадан пайдо шуда бошанд, хамаашро дафъ мекунад. Инчунин, молидани он ва бо гудохтаи он дар равганхо хукна (клизма) кардан барои беморихои мазкур фоидабахш аст.

Тухми он гализ, дерхазм ва хамчун гизо заифтар аз тухми мург аст. Аммо барои ислохи логарии бадан, сурфа ва дарди узвхои даруни сина давои хубест; агар онро бо куфтаи кахрабо сиришта бихуранд, рафтани хунро аз дарун ва рафтани дарунро умуман манъ мекунад. Бирёнкардаи инро бо судоб ва равгани зайтун даромехта, ба кудак бихуронанд, зуд ба забон меояд, яъне ба зуди забонаш бармеояд. Пусти тухмашро бо марворид, шакар ва навшодир монанди гард ос карда, ба чашм бипошанд, барои дур кардани гули чашм хуб таъсир мебахшад.

murgobi-2-300x188Сангдони мургобиро дерхазм ва аз бадбу шудан дур аст, вале агар хазм ёбад, меъда ва дигар узвхои дарунро кувват мебахшад. Хокистари пару боли онро гузошта банданд, ханозерро (хукгарданро) тахлил медихад. Мизочи саргинаш бисёр гарм аст ва барои дафъ кардани догхои кунчидак ва ханозер даво мебошад.

Гушти мургоби дерхазм аст, дар одамони фишори хунашон баланд дарди сар меоварад. Агар онро бо сирко, занчабил, сиканчабин ва давохои гарми монанди судоб, карафс ва пудина пухта бихуранд, форам мешавад. Ва агар бирён кардани бошанд, дар миёни он пиёз ва дигар давохои номбурда чо кунанду бо равгани зайтун ва дигар равганхо сиришта созанд, хуб аст. Ва агар аз он шурбо тайёр кардани бошанд, дар даруни он кашниз, карафс, судоб, пиёз ва як-ду дона сири хушк гузоранду бо нахуд, гандано ва дорчини бипазанд, хуш аст. Ба хар хол агар хуб ва мухарро пухта шавад, буйи ботлоку лой аз он дур мегардад. Равгани мургоби барои дардхои бугумхо фоида дорад.

Азбаски гушти ин мург буйи нохуш дорад, баъди куштан бо пару болхояш ду-се соат дар замин гур кунанд ва баъд бароварда аз пару бол ва дигар чизхои нодаркораш пок намоянд, пас гушташро ду-се чуш дода, он обро рехта партоянду андак пиёзро варак-варак реза карда дохил намоянд ва бо хуришхои дигар ва гайра бипазанд, мувофики табъ мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …