Главная / Илм / МУРГИ ХОНАГИ дар Канзи Шифо (Китоб)

МУРГИ ХОНАГИ дар Канзи Шифо (Китоб)

murgi_xonagi-660x330Мизочи мурги чавони фарбех дар дарачаи якум гарм ва дар тари муътадил, вале дар мургчуча тари бисёртар аст. Харорат, яъне гармии мизочи хурус нисбат ба мокиён камтар ва хушкии он зиёдтар аст, вале хурусчуча дар мизоч муътадили моил ба тари мебошад.

Хислатхои шифобахши он: гушти инро мухарро пухта бихуранд, гизоияташ бисёр, хуроки сабуктар назар ба дигар мургон ва хуни солим аз он пайдо мешавад; акл ва маниро зиёда мегардонад; агар мухарро пухта нашавад, зидди хислатхои номбурдаро дорад.

Гушти хуруси солхурдаро бо нахуду лубиё пухта бихуранд, моддахои гафсро тахлил медихад, дарунро мулоим мекунад, моддаи савдоро аз бадан хорич менамояд, барои иллати кулинч, ки варам ва дарди рудахои гафс аст, шифо мебахшад. Бехтараш он, ки хуруси пирро кушта, дар об бисёр бичушонанд, то он ки мухарро гардад, баъд онро нимгарм бихуранд, моддахои савдовиро ихроч мекунад.

Чучамургро шурбо карда бихуранд, барои одамони заифбадан ва нимчон, инчунин меъдаашон тафс дошта бошад ва ба табхои сафрови мувофик аст; барои муътадил гардонидани микдори моддахои нодаркор, мулоим кардани дарун, бо мудовамат бихуранд, гизои бисёр хуб мебошад. Кавле мавчуд аст, ки гушти чучаи мокиён моддахои нодаркори баданро ронда хорич мегардонад, вале гушти мурги мокиён онхоро нигох медорад.

Хуруси пирро бисёр давонида, хаста гардонида, кушта, чизхои даруни шикамашро дур сохта, намак карда, аз гиёхи шибит пур намуда, бо оби бисёр бичушонанд, то он ки обаш ба микдори даркори бимонад. Баъд шаб дар зери осмон гузоранд, субх онро бихуранд, моддахои нави даруни чигарро, ки гафс гашта бошанд, бо исхол дафъ мегардонад; барои табхо, дарди шуш, ки кухна шуда бошад, барои ларзак, дамкутахи, дарди бугумхо, бардамидани меъда, бехад нармии узвхо ва кулинч даво мебошад ва захрхои хурдашударо дафъ мегардонад. Баъзехо хангоми пухтани ин карами точики ё тухми махсар, ё шибит ва ё хар серо изофа менамоянд — ин кавитар аст дар бобати давои мазкура, инчунин барои дафъ кардани балгам пурзуртар мебошад.

Гушти хуруси чавон маниро зиёда ва соф мекунад, ранги рухсор ва овозро соф ва равшан мегардонад. Аз они хурусчуча барои одамони камкуввати нав аз бемори хеста, инчунин барои беморихои гарммизоч мувофик аст дар бобати фарбех кардани бадан, дур намудани логари, соф кардани ранги руй ва овоз, зиёда гардонидани чавхари майна, фахм ва мани, дафъ кардани хаёлхои вайрон ва фикрхои бад давои хуб мебошад. Агар инро бо равгани нав пухта бихуранд, сурфаи хушкро шифо мебахшад. Гушти инро шурбо пухта, хар руз як порчаи онро то як хафта бо нонреза бихуранд, зардии рухсораро, ки сабабаш маълум набошад, ислох мекунад. Агар инро кабоб карда бихуранд, одати гил, хок ва дигар чизхои ради хурданро ислох менамояд, барои меъдаи тармизоч мувофик аст.

Чигари мург сергизост, дерхазм ва агар хазм ёбад, баданро фарбех мекунад. Мизочи магзи сараш дар гарми муътадил ва рутубати часпак дорад. Инро хом бо шароб бихуранд, захри чонварон, хун кай кардан ва хуни биниро, ки аз пардахои майна меомада бошад, дафъ мекунад. Агар пухта бихуранд, чавхари майнаро зиед мегардонад, куввати тафаккурро афзун месозад, зехнро тез ва овозро соф мекунад, вале агар инро бардавом бихуранд, касро ахмак мегардонад.

Равганашро бихуранд, сахтихои баданро мулоим мекунад, моддаи савдоро ихроч менамояд. Ва агар инро нимгарм ба сар бимоланд, молихулиё (меланхолия)-ро шифо мебахшад; ширинча; кафидаги ва барои хамаи беморихои аз хушки ба амаломада нафъи ачиб дорад, хусусан се мартаба паси хам бимоланд, билкулл шифо мебахшад.

Мурги мокиёнро камаш 12 руз бо тухми махсар парастори намуда, баъд кушта, пухта бихуранд, барои махави нав дору мешавад. Чун пардаи миёни сангдони хурусро хушк карда, соида бо шароб бихуранд, дарди меъда ва сусти, яъне поён фуромадани меъда ва вайрон шудани феъли онро дафъ мекунад.

Хояи хурусро хушк карда, куфта, бо зардии тухми мурги нимпухта бихуранд, барои кави гардонидани пушти камар (бох) бисёр пуртаъсир аст. Агар онро бо равгани савсан ё равгани савсани кухи даромехта ба зери ноф, кунчи рон гузошта банданд, олати мардиро серхаракат мегардонад.

Хурусро дар фасли бахор кушта, хама чизхои дарунашро ба гайр аз хояхояш, бароваранд ва дар шиками он намак пур карда, дар соя хушк намоянд. Баъд хамаашро бикубанду дар шиша нигох доранд, вакти хочат камеро аз ин талкон бо шири гови навдушида бихуранд, бохро хеле кави мегардонад.

Хуни хурус ва мургро биошоманд ва хушккардаи онро дар бини бирезанд, хуни биниро катъ мекунад. Хуни боли онро, ки нав сихпар гашта бошад, бичаконанд, гули чашмро дафъ мекунад. Устухони мурги сиёхро бо хамвазни он чуби ток — хардуро якчо сухта, ос карда бипошанд, ё бо муми занбури асал сиришта, аз таг бардоранд, аз нав бокира (душиза) мегарданд — ин аз асрор аст.

murgho-300x159Сангро, ки дар даруни мург пайдо мешавад, куфта бихуранд, сангхои гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад. Саргини мург тунд ва поккунанда аст. Агар аз он 4,5 граммашро бо шароб ва ё бо сирко бихуранд, кулинчро (колитро) дафъ мекунад, захри занбуругхоро нобуд мегардонад. Агар тари онро гузошта банданд, доги сафеди пуст ва песро шифо мебахшад ва дигар догхои пустро пок мекунад. Саргини хурусро бо сирко хамир карда, гузошта банданд, барои саги девона газида нафъ дорад, хусусан саргини мургеро, ки бо гизохои сара парвариш карда бошанд, дар ин амал кавитар таъсир дорад.

Яке аз хусусиятхои мург чунин аст, ки агар шиками онро чок карда, гармогарм ба мавзеъи газидаи чонварони захрнок ва мор бибанданд, хамаи ин захрхоро ба худ мекашад, агар мург хунук шавад, дигарашро хамон тавр карда банданд. Агар ин тавр ба сари бемори сарсом (менингит) бибанданд, хушёр мешавад. Хосияти дигараш чунин аст, ки пардаи макъади зиндаи онро тамоман канда партофта, худашро ба чойи моргазида бигузоранд, захрро ба худ мекашад ва мемирад. Пас мурги дигарро хамон тавр ба чойи он бигузоранд ва хамчунин амал кунанд, то моргазида сихат ёбад. Гушти мургро бо шир, чургот, чакка, панир, дуг ва дигар махсулоти шири бихуранд, иллати кулинчро пайдо мекунад ва агар бардавом бихуранд, ба иллати никрис (подагра) ва инчунин ба бавосир гирифтор менамояд. Дар ин маврид давохои гарммизоч, шароб, оби ангури чушонидаро бихуранд, ислохи зарар менамояд. Агар ба одамони гарммизоч ин ходиса руй дихад, сиканчабин (сиркоасал) биёшоманд, кифоя аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …