Главная / Илм / МУРЧА (МУР) дар Канзи Шифо (Китоб)

МУРЧА (МУР) дар Канзи Шифо (Китоб)

murcha-660x330Мурча (Мурча ё мур) ин як намуди хашарот аст, дар хачм гуногун: калон, миёна ва реза мебошад, баъзеаш пар дорад ва парвоз карда метавонад. Навъи бузургаш баъзе почадарозу чаккон дар рохгарди, ки ин навъашро мурчаи аспак меноманд. Мизочи мурча дар дарачаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: хислати часпонандаги ва хусусан навъи калони он. Табиб Махрёрис гуфтааст: «Чун мурро дар равгани зайтун бичушонанд ва он равганро дар гуш чаконанд, кари, чаранг ва бодхои даруни гушро дафъ мекунад». Чун сад адад мурчаи калон-калонро дар 12,5 грамм равгани савсани сафед ё равгани савсани кухи андохта, се хафта дар офтоб бигузоранд, баъд он равганро ба закар ва атрофи он бимоланд, бохи касонеро, ки аз хислати мардии худ махрум гашта бошанд, багоят аз нав ба харакат меоварад, номардро тамоман мард мегардонад, олати мардиро сахт ва калон месозад.

Мурчаи калонро бо сирко соида бимоланд, ханозерро (хукгарданро) шифо мебахшад. Муйро канда, ба он чо мурчаро куфта бимоланд, дигар муй намебарояд ва хочат ба такрори молидан нест. Баданро аз моддаи балгам бо давохои танкия пок карда, мурчаи сиёхи калон-калонро куфта гузошта банданд, песро шифо мебахшад. Тухми мурчаро бо хар як равган, ки бошад, даромехта бимоланд, муйро мерезонад ва дигар баромадани онро манъ мекунад, гуфтаанд.

Вале мурча зарар хам дорад. Агар онро бихуранд, рудахоро ба дард меоварад, гамгин мекунад, бод ва карокурро дар шикам ба амал меоварад. Давои ин зарараш асал ва зира хурдан аст. Чун мурчаи дашти касеро бигазад, сузиш, хориши шадид ва варам ба хам мерасад. Давои ин молидани охани сухонкарда бо сирко ва равгани талх аст. Чун тухми онро бихуранд, бодхои шикамро ба тарафи поён чунон ба харакат меоварад, ки нигох доштани он хеч имкон надорад. Даво ва ислохи ин зираи сиёх хурдан аст.

Гуфтаанд, ки чун касе чизеро ба ягон чое гузорад ва хохад, ки ба он мурча нарасад, хангоми гузоштан дам ба дарун гирад, яъне нафас накашад, мурча ба он чо намеравад. Агар дасти каси дигар ба он чиз бирасад, баъд аз он рафтани мурча бар он мумкин аст. Мурчагон аз дуди гугирд, захраи гови нар, катрон ва хилтит мегурезанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …