Главная / Илм / МУМИЁ

МУМИЁ

mumiyoМУМИЁ, махсулоти муммонанди табии, ки дар баъзе горхо аз таркишхои санг таровида мебарояд. М. зиёда аз 4000 сол ин чониб дар тибби халки чун даво маъмул аст. Олимон ва табибони машхури форсу точик Абуали ибни Сино, Мухаммад Закариёи Рози, Абубакр Рабеъи Бухорои, Мухаммад Хусейни Шерози ва диг. М.-ро барои табобати дарду шикастагии устухон, иллати пайванду мушак, захми меъдаю рудахо ва пуст, дарди гулу, баъзе беморихои системаи асаб, беморихои чигар, камхуни, инчунин хангоми газидани мор ва диг. чонварон чун позахр истифода мебурданд. Дар «Мухити Аъзам» омада, ки «Мумиё калимаи юнонист… ва ба кавли Дискуридус онро ба юнони тасфатос гуянд, ба араби араку-л-чибол ва ба форси мумиёи ва обдору номанд… Умуман, бехтарини мумиёи – маъдани, дороби, сиёхи софи барроки нарми он аст, ки бо андак буи нафтият бошад. Имтихони осони хубии мумиё он аст, ки чун онро ба даст гиранд (аз гармии даст), мисли муми холис ба зуди нарм мегардад… Табиати мумиёи ба кавли Шайх (Ибни Сино) гарм дар охири (дарачаи) дуюм ва хушк дар (дарачаи) аввал аст… Ва Арастотолис гуфта, ки чаконидани махлули он бо пехи (чарбуи) хуки гайри намаксуд (намак назада) чихати карии гуш нофеъ. Ва молидани он бар забон ба асал чихати лакнати (тутилагии) забон ва вазнинии он нофеъ… Ва хурдани он бо ашёи мувофик, монанди оби бокило ва ё зардаи тухми мург, ду-се адад барои илочи дардхои мафосил ва халъи (аз чо баромадани) узв ва куфтагии аъзо ва асаб ва чудо шудан ва ё пора шудани он ва шикастани устухон … беадил (беназир) аст…». М. дар Химолой (Непал ва г.), кухистони Арабистону Эрон, Мугулистон, Бирма, Осиёи Маркази ва мамлакатхои диг. ёфт мешавад.
М.-и Точикистон аз чихати тозаги ба се гурух таксим мешавад: асил (М.-е, ки ба замин начакида, дар чои баромадааш чамъ мешавад), начандон тоза (М.-е, ки ба замин чакида ба сангу хок, бокимондаи гиёххо ва начосати баъзе чонварон омехта мегардад) ва ифлос (М.-е, ки аз лонаи кабутару зог ва паррандахои диг., инчунин хонаи мушу калламуш ва хайвоноти дигаре, ки онро мехуранд, дарёфт карда мешавад). Таъсир ва кобилияти шифобахшии М. ба макроэлементхо ва микроэлементхои таркиби он вобастааст.
Тахкики химияви ва спектрии М. исбот намудаанд, ки дар таркиби он микроэлементхо (хусусан силитсий, алюминий, охан, калтсий, манган, кобалт, магний, сурб, титан, никел), инчунин аминокислотахо ва кислотахои равгани бисёр мебошанд. Баъзе олимон акида доранд, ки М.-ро орухои вахши хосил мекунанд. Бино ба маълумоти олимони дигар М. махсули геологи буда, дар таркиши шаххои куххо пайдо мешавад. Феълан, бисёр олимон чонибдори акидаеанд, ки М. моддаи органики буда, онро чонварон хосил менамоянд.
Вояи истифодаи мумиё вобаста ба вазни бадан

Вазни одам, кг
Вояи якбора, грамм
Вояи рузона, грамм Воя барои як даври муолича, 28-рузи, грамм Воя барои се даври муолича, 28-рузи, грамм Воя барои панч даври муолича, 28-рузи, грамм
то 70
то 80
то 90
зиёда аз 90
Кудакони то 1-сола
Кудакони 1 – 9-сола
Кудакони 9 – 14-сола 0,2
0,3
0,4
0,5
0,01 – 0,02
0,05
0,1 0,6
0,9
1,2
1,5
0,03 – 0,06
0,15
0,3 17
25
34
42
0,64 – 1,68
4,2
8,4 51
75
102
126
2,52 – 5,04
12,6
25,2 85
125
170
210
4,2 – 8,4
21
42

М.-ро субхи барвакт баъди бедор шудан ё бегох баъди 3 соати гизои шом истеъмол бояд кард. Пас аз истеъмоли он 30 – 40 дак. руи чогах дароз кашидан лозим. Дар мавриди мумиёшифои истеъмоли шароб катъиян манъ аст. М. барои табобати беморихои гуногун, мас., тарбод, шикастану баромадани устухонхо, сили устухон, радикулит, невралгия, нейродермитхо, сардард, шакика, саръ, фалач, фаличи асаби руй, тутилаги, экзема, сухтаги, галаёни хун, тромбофлебит, пневмония, бронхит, зики нафас, сил, хунравии шуш, ангина, ларингит, гепатитхо, гастрит, бавосир, дарди санги талха, колит, кабзият, глаукома, систит, амрози занона ва г. кор фармуда мешавад. Кабл аз мумиёшифои хатман ба духтур маслихат кардан лозим аст.
Ад.: Нуралиев Ю. Н., Денисенко П. Н., Мумиё и его лечебные свойства, Д., 1976; Хикмати асрхо (мураттибон Р. Хошим ва В. Капранов), Д., 1976.

Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …