Главная / Биология / МОЛЕКУЛАХОИ ОРГАНИКИ –ЧАРБХО ВА ЛИПОИДХО

МОЛЕКУЛАХОИ ОРГАНИКИ –ЧАРБХО ВА ЛИПОИДХО

Чарбхо (липидхо) пайвастагихои кислотахои калонмолекулаи равгани ва спирти сеатомаи глитсерин мебошанд. Чарбхо дар об хал намешаванд, онхо гидрофоб (аз юнони hydro -об ва phobos-тарс) мебошанд. Дар хучайрахо хамеша моддахои дигари мураккаби бо ном липоидхо низ вучуд доранд.

Мавчудияти чарбхо дар хучайра нисбат ба массаи моддаи хушк то хадди 5-15% мерасад. Дар хучайраи бофтахои чарби микдори чарб то 90% меафзояд. Дар хучайраи бофтахои чарбии хайвонот, тухми ва меваи растанихо чамъшуда, чарб чун манбаи эхтиётии энергия хизмат мекунад.

се кислотаи равгани

Чарбхо хамчун пайвастагихои органики барои гузаштани табаддулоти муътадили биохимияви дар организм ахамияти калон доранд.

Чарбхо ва липоидхо функсияи бинокориро низ ичро менамоянд, онхо ба таркиби мембранаи хучайра дохил мешаванд (расми 3.5.). Ба туфайли бад будани гармигузорони, чарб кобилият дорад, ки функсияи изолятори гармиро ичро

намояд. Яке аз функсияи асосии чарбхо – фаъолияти энергетики мебошад. Дар вакти то СО2 ва Н2О тачзия шудани 1г чарб микдори зиёди гарми (38,9 кЧ) хорич мешавад. 

Истилохот:

  1. Структураи якумини сафеда – пайдархамии бокимондаи аминокислотахо дар занчири полипептиди, генотипи муайян мебошад.
  2. Денатуратсия – раванди ташкилёбии структурии худро гум кардани молекулаи сафедаги.
  3. Ренатуратсия – раванди баркароршавии ташкилёбии структураи молекулаи сафедаги.
  4. Маркази фаъоли фермент – кисми молекулаи фермент, ки барои пайваст кардан ва аз нав хосилшавии моддахо масъул аст.
  5. Ангиштобхо – гурухи пайвастагихои органикие, ки формулаи умумиашон С мебошад.
  6. Липидхо – гурухи пайвастагихои органикие, ки аз эфири спиртхо ва кислотахои равгани, инчунин дигар компонентхо иборатанд.
  7. Стероидхо – гурухи пайвастагихои органикие, ки аз спиртхои полисикли, кетонхо ё кислотахо иборатанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …