Главная / Биология / МОДДАХОИ ГАЙРИОРГАНИКИИ ТАРКИБИ ХУЧАЙРА

МОДДАХОИ ГАЙРИОРГАНИКИИ ТАРКИБИ ХУЧАЙРА

Об. Пайвастагии гайриорганикии пахншуда дар организми зинда–об мебошад. Мавчудияти он дар организм ба хадди васеъ мерасад. Дар хучайрахои сири дандон такрибан 10%, вале дар хучайрахои инкишофёбандаи чанин-бештар аз 90% об мавчуд аст. Ба хисоби миёна дар организми серхучайра об такрибан 80%-и массаи баданро ташкил медихад.

Ахамияти об дар хучайра нихоят бузург аст. Вазифаи он бисёр вакт бо табиати химияви муайян мегардад. Хусусияти диполии сохти молекула ба кобилияти фаъолона бо моддахои гуногун ба реаксия дохил шудани об сабаб гардидааст. Молекулаи он ба катионхо ва анионхо тачзия шудани як катор моддахои дар об халшавандаро ба вучуд меорад.

hujaira-03

Дар натича, ионхо фавран ба реаксияхои химияви дохил мешаванд. Аксари реаксияхои химияви таъсири мутакобилаи байни моддахои дар об халшаванда мебошанд. Хамин тавр, кутбнокии молекула ва кобилияти хосил кардани бан-

дхои гидрогени имкон додаанд, ки об барои микдори зиёди моддахои гайриорганики ва органики хамчун халкунандаи хуб хизмат намояд. Fайр аз ин, ба сифати халкунанда об чараёни моддахоро ба хучайра, хамчунин, аз он чудо намудани махсули фаъолияти хаётиро таъмин менамояд. Зери таъсири баъзе катализаторхо – ферментхо об ба реаксияи гидролиз дохил мешавад, ки дар натича моддахои нави дорои хосиятхои нав хосил мегарданд.

Намакхои минерали. Кисми зиёди моддахои гайриорганики дар хучайра ба намуди намакхо (ё ба ионхо диссотсиатсия шудаанд ё дар холати сахти) мавчуданд. Дар байни онхо ахамияти калонро катионхои калий К ва калсий Са2+ сохибанд, ки яке аз хосиятхои мухими организми зинда–барангезишро таъмин менамоянд. Аз консентратсияи намакхо дар дохили хучайра хосияти буферии он вобастаги дорад.

Буфер ё худ холати буфери гуфта он кобилияти хучайрахоро меноманд, ки реаксияи сусти ишкориро дар дарачаи доими нигох медоранд. Махлули буфери чунин аст, ки хангоми ба он дохил кардан ё дар раванди мубодилаи моддахо хосил шудани микдори ками кислота ё ишкор бо сабаби хосил кардани пайвастаги бо карбонатхо, фосфатхо ё молекулахои органики ба кимати рН таъсир намекунад.

Дар дохили хучайра холати буфериро асосан анионхои кислотаи фосфат таъмин менамояд. Дар моеи берун аз хучайра ва хун роли буфериро Н2СО3 ва НСО ичро мекунанд. Аниони кислотахои суст ва ишкорхои суст ионхои гидроген (Н) ва гидроксид-ионхо (ОН)-ро пайваст мекунанд, ки ба туфайли ин дар дохили хучайра реаксия тагйир намеёбад. Намакхои минералии халнашаванда, масалан, фосфати калсий, ба таркиби моддахои байнихучайравии бофтахои устухон, гуштмохии нармбаданон дохил шуда, устувориро таъмин менамоянд.

Саволхо барои санчиш:

  1. Ба таркиби хучайра кадом элементхои химияви дохил мешаванд?
  2. Вобаста ба роли биологии элементхои химияви мисолхо биёред.
  3. Чиро микроэлементхо меноманд? Мисолхо биёред ва ахамияти биологии онхоро тавсиф кунед.
  4. Ба таркиби хучайра кадом моддахои гайриорганики дохил мешаванд?
  5. Ахамияти биологии об дар чи ифода меёбад? Ахамияти намакхои минерали дар чист?
  6. Кадом моддахо сабабгори хосияти буферии хучайрахо мебошанд?

Истилохот:

  1. Махлули буфери – махлули моддахои гайриорганики ё органики, ки кимати рН-ро хангоми дохил намудани микдори ками кислота ё ишкор тагйир намедиханд.
  2. Гомеостаз – холати мувозинати динамикии системаи табиат, ки системаи идоракунии фаъолиятро нигох медорад.
  3. Биоэлементхо -элементхои химиявие, ки асоси молекулахои органикиро ташкил медиханд.
  4. Микроэлементхо – элементхои химиявии ба таркиби молекулахои органики дохилшаванда, ки микдори онхо аз хадди 0,001% зиёдтар нест.
  5. Макроэлементхо – элементхои химиявии ба таркиби молекулахои органики дохилшаванда, ки микдори онхо аз хадди 1% зиёдтар нест.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …