Главная / Илм / МАСКА

МАСКА

maskaМАСКА, як навъ махсулоти хуроки. М. дорои кислотахои равгани, микдори зиёди фосфатидхо, витаминхо, ангиштоб, сафеда, об, намакхои минерали буда, организм онро ба осони хазм (то 95%) мекунад. Дар 100 г М. 730 ккал мавчуд аст. М. манбаи витамини А (ба хисоби миёна 0,6мг%) буда, витамини D (0,001 – 0,008 мг%), токоферолхо (2 – 5 мг%) дорад.
М. дар Точикистон аз кадим маъмул буда, онро аз шир, чургот, каймоки гов бо ёрии гуппи ва чархчуб чудо мекунанд. М.-ро аз шири кутос (РХМ) ва зебу (Хиндустон ва давлатхои Африка) хам мегиранд.
Ба кавли табибони мардуми бехтарин ва сабуктарин М.-и гов аст, ки аз саршир гирифта бошанд. Хурдани М. дарунро мулоим мекунад, реш ва моддахои нолозими чамъшударо мепазонад, баданро фарбех мегардонад, гирехи узвхоро мекушояд, дагалии рохи нафасро ислох менамояд, сурфаи хушкро ба ибро меоварад; агар М.-ро бо асал бихуранд, варами пардахои даруни сина ва шушро шифо мебахшад, бо шакар бихуранд, баданро фарбех мекунад, бо зардии тухми нимдунбули мург бихуранд, сузиши ахлотро ислох месозад. Агар 70 г М. бо 35 г шакар истеъмол карда шавад, душвории шошидан ислох мешавад. Молидани М. ба бадан варамхо, варами баногуш, каши рон ва дахонро мепазонад, инчунин решхоеро, ки бар бадан ва сари тифлон мебароянд, шифо мебахшад. Агар М.-ро гарм карда ба милки дандони кудакон бимоланд, баромадани дандони онхоро метезонад.
Истеъмоли М.-и бисёр сари меъдаро суст мегардонад, иштихоро мебандад, дарунро меронад.
Ад.: Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1999.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …