Главная / Чамъият / МАКОМОТИ МАХАЛЛИИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

МАКОМОТИ МАХАЛЛИИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

КОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАКОМОТИ МАХАЛЛИИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

Конуни конститутсионии мазкур тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, кабул шуда, тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлатиро танзим мекунад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни конститутсионии мазкур истифода мешаванд:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

макомоти махаллии хокимияти давлати – макомоти  намояндагии махаллии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати буда, дар доираи  салохияти худ амал мекунанд;

макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати – Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, ки аз тарафи интихобкунандагони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия интихоб  шуда, дар доираи ваколати худ масъалахои дорои ахамияти махаллиро хал мекунанд;

ичлосияи Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия – шакли асосии фаъолияти макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати буда, ба воситаи он ваколати ин макомот амали мегардад;

макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати – макомоте, ки дар худуди вохидхои маъмурию худудии дахлдор ичрои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии дахлдори макомоти махаллии хокимияти давлатиро таъмин менамоянд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия макоме, ки хокимияти ичроияро дар худуди вохидхои маъмурию худудии дахлдор амали гардонида, ба макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати рохбари менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

дастгохи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия – сохтори ёрирасон ва таъминкунандаи фаъолияти раис мебошад;

сохторхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохиясохторхои макомоти ичроияи махаллие, ки дар сохтор ё накшаи идоракунии макомоти марказии хокимияти ичроия карор надошта, рохбарони онхо бевосита аз чониби раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд; (КЧТ аз 3.12.09 с., №576)

сохтори махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия – вохиди макомоти марказии хокимияти ичроия буда, дар худуди маъмурию худудии дахлдор дар доираи ваколати худ вазифахои макомоти ичроияи марказиро амали менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

машварати назди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохиямакоми машваратии ташкили кори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мебошад, ки барои баррасии масъалахои дахлдор даъват карда мешавад;  (КЧТ аз 3.12.09 с., №576)

вазифа – самти масъулияти макомоти  намояндагии махаллии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии  хокимияти давлати мебошад;

ваколати вогузоршаванда – ваколати Хукумати Чумхурии Точикистон, дигар макомоти марказии хокимияти ичроия, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии болои, ки тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва ё дар асоси шартномаи тарафхо ба ихтиёри макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор  вогузошта мешавад;

ваколати муштарак – ваколате, ки барои ичрои он хукумати Чумхурии Точикистон ё дигар макомоти марказии хокимияти ичроия ё макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати аз як тараф ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор аз тарафи дигар масъулияти муштарак доранд;

ваколати истиснои – ваколате, ки тибки конун ба макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати тааллук дорад ва барои ичрои он танхо ин макомот масъул мебошанд.

Моддаи 2.Танзими хукукии фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлати

Фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлатиро Конститутсияи Чумхурии Точикистон, хамин Конуни конститутсиони, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, танзим менамоянд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Моддаи 3.Макомоти махаллии хокимияти давлати

Макомоти махаллии хокимияти давлати аз макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати иборат мебошанд.

Макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати аз Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия иборат мебошанд.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати аз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, сохторхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии тобеи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ва сохторхои махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия иборат мебошанд. (КЧТ аз 3.12.09 с., №576).

Моддаи 4.Асосхои иктисоди ва молиявии фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлати

Асосхои иктисоди ва молиявии фаъолияти макомоти  махаллии хокимияти давлатиро ташкил медиханд:

– бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия;

– моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия;

– манбаъхои дигаре, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ накардаанд.

Моддаи 5.Принсипхои фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлати

Фаъолияти макомоти  махаллии хокимияти давлати ба принсипхои зерин асос меёбад:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– конуният ва адолати ичтимои;

– хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– мутобикати манфиатхои махалли ва умумидавлати;

– ба таври демократи, ошкоро ва бо назардошти гуногунандешии сиёси хал намудани масъалахо;

– масъулият барои натичахои фаъолияти худ дар назди ахоли;

– изхори иродаи ахоли ба воситаи Мачлиси вакилони халки дахлдор;

– мустакилияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар халли масъалахои ваколати худ;

– хатми будани ичрои санадхои макомоти махаллии хокимияти давлати, ки дар доираи ваколаташон кабул шудаанд;

– дастачамъи будани фаъолияти макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати;

– яккасардории фаъолияти макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати.

Макомоти махаллии хокимияти давлати фаъолияти худро бо рохи фарохам овардани шароити мусоид барои аз чониби шахрвандон амали намудани хукукхои конститутсионии худ оид ба иштирок дар идоракунии корхои давлати ва чамъияти анчом медиханд.

Моддаи 6.Муносибати макомоти махаллии хокимияти давлати бо макомоти худидоракунии

                    шахрак ва дехот

Макомоти махаллии хокимияти давлати ба макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои амали намудани вазифахои онхо мусоидат менамоянд ва тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба онхо кумакхои молияви ва иктисоди мерасонанд.

Макомоти махаллии хокимияти давлати метавонанд татбики баъзе ваколатхои худро ба макомоти худидоракунии шахрак ва дехот вогузоранд.

БОБИ 2.

ТАШКИЛ, ВАКОЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ

МАКОМОТИ НАМОЯНДАГИИ МАХАЛЛИИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

Моддаи 7. Тартиби ташкили Мачлиси вакилони халк

Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро интихобкунандагони вохидхои маъмурию худудии дахлдор дар асоси принсипхои умуми, баробар, мустаким, бо овоздихии пинхони ба мухлати 5 сол интихоб мекунанд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Хар як шахрванди Чумхурии Точикистон аз синни 18 метавонад вакили Мачлиси вакилони халки дахлдор интихоб шавад.

Шумораи вакилони Мачлиси вакилони халки дахлдорро Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар доираи меъёрхои зерин муайян мекунад:

– барои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят ва шахри  Душанбе – то 70 нафар;

– барои шахр ва нохия – то 40 нафар;

Мачлиси вакилони халк дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии мукарраршудаи вакилони он ваколатдор мебошад.

Тартиби интихоби вакилони Мачлиси вакилони халкро Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Мачлисхои махаллии вакилони халк» танзим менамояд.

Хангоми азнавташкилдихии (хамрохшавии, муттахидшавии, табдилдихии, таксимшавии ё чудошавии) вохидхои маъмурию худуди вакили Мачлиси вакилони халки ин вохиди маъмурию худуди вакили Мачлиси вакилони халки азнавташкилшудае мебошад, ки ба хайати он аксарияти интихобкунандагони вакил дохил мешаванд ва то огози фаъолияти ичлосияи даъвати нав ваколати худро нигох медорад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Моддаи 8. Ваколати Мачлиси вакилони халк

Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия чунин ваколат дорад:

– бучети махаллиро кабул мекунад, хангоми зарурат ба он тагйиру иловахо ворид менамояд, ичрои онро назорат намуда, хисоботи онро тасдик мекунад;

– роххои инкишофи иктисодию ичтимоии махалро муайян намуда, барномахои рушди иктисоди – ичтимоии минтакаи дахлдорро тасдик ва ичрои онхоро назорат мекунад; (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

– андоз ва пардохти махаллиро мувофики конун мукаррар мекунад;

– дар доираи конун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналии худуди маъмурию худудии дахлдорро муайян менамояд ва истифодаи самараноки онро назорат мекунад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– дар доираи ваколати худ барномахои хифзи мухити зист ва истифодаи окилонаи сарватхои табиии худуди вохиди маъмурию худудии дахлдорро тасдик ва ичрои онхоро назорат мекунад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– дар доираи ваколати худ барномахои мусоидат ба шугли ахоли ва паст кардани сатхи камбизоатиро тасдик ва ичрои онхоро назорат мекунад;

– дар доираи ваколати худ муносибатхои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватхои табииро  тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим менамояд;

– Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро, ки Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудааст, тасдик мекунад;

– ба Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия хангоми мавчуд будани асос бо овоздихии пинхони ва бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси вакилони халки дахлдор нобовари изхор намуда, ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи озод намудани у масъала мегузорад;

– хисоботи рохбарони сохтори махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия ва ташкилотхои дахлдорро оид ба масъалахое, ки ба ваколати Мачлиси  вакилони халк мансубанд, барраси менамояд ва хангоми зарурат ба макомоти дахлдор дар хусуси ба чавобгари кашидани шахсони мансабдори онхо пешниход ирсол медорад;

– дастури Мачлиси вакилони халкро кабул ва ба он тагйиру иловахо ворид менамояд;

– комиссияхои доими, муваккати ва макомоти дигари Мачлиси вакилони халки дахлдорро таъсис медихад, низомнома ва хайати онхоро тасдик мекунад,  хисоботро оид ба фаъолияти онхо мешунавад;

– ваколати вакилони Мачлиси вакилони халки дахлдорро дар холатхои мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон пеш аз мухлат катъ менамояд;

– санадхои макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлатии дахлдори поёниро дар сурати ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мувофикат накарданашон бекор мекунад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон карорхои раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро тасдик ё бекор мекунад; (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

– тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба таъмин ва хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд тадбирхои зарури меандешад; (КЧТ аз 29.12.10 с ., № 653)

– дар доираи ваколати худ тибки Кодекси  хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон коидахоеро муайян менамояд, ки барои вайрон намудани онхо чавобгарии маъмури пешбини карда мешавад; (КЧТ аз 3.12.09 с., № 576)

-масъалахои тагйир додани сархади Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, таъсис ва бархам додани вохидхои маъмурию худуди, мукаррар намудан ва ба чои дигар кучонидани маркази маъмурии онхо, мансуб донистани махалхои ахолинишин ба категорияи шахрхои тобеи чумхури ва вилоят, шахрак ва деха, номгузори ва номивазкунии вохидхои маъмурию худуди ва махалхои ахолинишинро барраси намуда, карори худро ба макомоти дахлдор пешниход менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– накшаи ташкили комплекси-худудии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, накшаи генералии шахри Душанбе, маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахр ва нохияро тасдик намуда, ба макомоти дахлдор пешниход менамояд; (КЧТ аз 19.03.13 с., № 960)

– дигар ваколатхоро, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, амали менамояд. (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

Моддаи 9.Санадхои Мачлиси вакилони халк

Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар доираи ваколати худ карор кабул мекунад.

Карорхои Мачлиси вакилони халк, ки дар худуди дахлдор дорои хусусияти умумихатми мебошанд, ба Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои бахисобгирии давлати, санчиш ва бакайдгири фиристода мешаванд.

Тартиби интишори расми ва мавриди амал  карор додани санадхои Мачлиси вакилони халкро Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Ичрои карорхои Мачлиси вакилони халк, ки дар доираи ваколатаигон кабул шудааид, дар худуди дахлдор барои макомоти давлатй, корхонахо ва ташкилотхо новобаста аз тобеияти идоравй, шакли ташкилию хукуки ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор ва шахрвандон хатмй мебошад. (КЧТ аз 29.12.10 с., №653)

Мачлиси вакилони халк метавонад карорхои худро тагйир дихад ва ё бекор кунад.

Дар сурати ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конунхои Чумхурии Точикистон мувофикат накардани санадхои Мачлиси вакилони халк онхо аз тарафи худи Мачлиси вакилони халк, макомоти болои ва ё суд бекор карда мешаванд. (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653; КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Мачлиси вакилони халк метавонад мурочиатнома ва изхорот кабул намояд.

Моддаи 10.Дастури Мачлиси вакилони халк

Тартиби гузаронидани ичлосияи Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, мачлисхои макомоти онхо, пешниход ва баррасии масъалахо, ташкил ва интихоби макомоти Мачлиси вакилони халк, шунидани хисоботи онхо, баррасии дархости вакилон, тартиби овоздихи ва дигар масъалахои ташкилиро дастури Мачлиси вакилони халки дахлдор муайян менамояд.

Моддаи 11. Шакли асосии фаъолияти Мачлиси вакилони халк

Шакли асосии фаъолияти Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ичлосия буда, дар он масъалахое барраси мешаванд, ки ба ваколати Мачлиси вакилони халк дохиланд.

Чараёни ичлосияи Мачлиси вакилони халк дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунанда имзо мегузорад.

Моддаи 12. Тартиби даъвати ичлосияи Мачлиси вакилони халк

Ичлосияи якуми Мачлиси вакилони халки аз нав интихобшудаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия на дертар аз як мохи баъди интихоботи Мачлиси вакилони халк аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия даъват карда мешавад.

Ичлосияхои Мачлиси вакилони халк аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхо дар як сол на камтар аз чор маротиба даъват карда мешаванд ва хангоми набудани онхо ичлосияхои Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахр ва нохияхо аз тарафи яке аз муовинони онхо, ки вакили ин Мачлиси вакилони халк мебошад, даъват карда мешаванд. (КЧТ аз 29.12.10 с., №653)

Ичлосияи Мачлиси вакилони халк метавонад бо ташаббуси на камтар аз се як хиссаи шумораи умумии вакилони он низ даъват карда шавад. (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

Карор дар бораи даъвати ичлосия на дертар аз 10 рузи то огози баргузоршавии ичлосия ва дар холатхои зарури фавран кабул карда шуда, ба маълумоти вакилон расонида мешавад.

Моддаи 13. Тартиби гузаронидани ичлосияи Мачлиси вакилони халк

Ичлосияи Мачлиси вакилони халкро раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия мекушояд ва ба он раиси мекунад. Хангоми набудани раис ба ичлосия яке аз муовинони у, ки вакили Мачлиси вакилони халк мебошад, раиси мекунад. Дар холати вакил набудани ичрокунандаи вазифаи раис ва муовинони у ичлосияи Мачлиси вакилони халкро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раиси Мачлиси вакилони халк ба кори он раиси мекунад. (КЧТ аз 3.12.09 с., № 576)

Дар ичлосия аз хисоби вакилон котибот интихоб карда мешавад.

Аз руи масъалахое, ки дар ичлосия барраси мешаванд, Мачлиси вакилони халк бо овоздихии ошкоро ё пинхони, бо тарафдории аз нисф зиёди шумораи умумии вакилон карор кабул мекунад. (КЧТ аз 3.12.09 с., № 576)

Ичлосияи Мачлиси вакилони халк дар сурате ваколатдор хисобида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду хиссаи шумораи мукарраршудаи вакилон иштирок дошта бошанд.

Ичлосия ба таври ошкоро гузаронида мешавад.

Дар холатхои зарури бо карори Мачлиси вакилони халк мумкин аст ичлосияи пушида низ гузаронида шавад. (КЧТ аз 3.12.09 с., № 576)

Рохбарони макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, сохторхои махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия, рохбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилотхое, ки дар худуди маъмурию худудии дахлдор чойгиранд, бо даъвати раиси Мачлиси вакилони халк ба ичлосия хозир мешаванд ва дар холати зарури оид ба масъалахое, ки ба ваколати Мачлиси вакилони халк дохиланд, ахборот медиханд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Моддаи 14. Таъсис ва фаъолияти комиссияхои доими ва муваккати

Мачлиси вакилони халк барои баррасии пешакии масъалахо ва ба ичлосия манзур намудани онхо, мусоидат ба татбики карорхои Мачлиси вакилони халк ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон комиссияхои доими ва муваккати таъсис медихад.

Мачлиси вакилони халк бо пешниходи раиси Мачлиси вакилони халк номгуй ва шумораи хайати комиссияхои доими ва муваккатиро мукаррар намуда, аз хисоби вакилон раис ва аъзои онхоро интихоб менамояд. Вакили Мачлиси вакилони халк метавонад танхо узви як комиссияи доими бошад.

Комиссияхои доими дар назди Мачлиси вакилони халк масъул буда, ба он хисобот медиханд.

Ба хайати комиссияхои доими раиси Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия интихоб шуда наметавонад.

Комиссияхои доими хукук доранд:

– ба Мачлиси вакилони халк ва раис оид ба рузномаи мачлис ва дигар масъалахое, ки дар ичлосия барраси мешаванд, пешниход ирсол намоянд;

– оид ба масъалахое, ки дар ичлосия  барраси мешаванд, хулоса диханд;

– дар ичлосия мувофики ваколаташон маъруза ва маърузаи иловаги кунанд;

– дар доираи ваколаташон ба ичлосия оид ба шунидани хисоботи рохбарони макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати пешниход манзур намоянд.

Комиссияхои доими метавонанд дигар вакилони Мачлиси вакилони халк, намояндагони макомоти давлати, ташкилотхо, иттиходияхои чамъияти, хизбхои сиёси, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва инчунин шахрвандонро ба кори худ чалб намоянд.

Шахсони мансабдори сохторхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, сохторхои махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхои вокеъ дар худуди дахлдор бо тартиби мукарраргардида ухдадоранд бо дархости комиссияхои доими, ки дар доираи ваколаташон дода мешаванд, маълумоти заруриро пешниход намоянд. (КЧТ аз 3.12.09 с., №576)

Комиссияхои доими карорхои протоколи кабул менамоянд.

Мачлисхои комиссияхои доими хангоми хозир будани аз нисф зиёди шумораи умумии аъзои он ваколатдор хисобида мешаванд.

Карори протоколии комиссияхои доими бо тарафдории аксарияти аъзои хозирбудаи комиссия кабул карда мешавад.

Протоколи мачлиси комиссияхои доими аз чониби раиси комиссия ба имзо мерасад.

Фаъолияти комиссияхои доимиро низомномае, ки Мачлиси вакилони халк тасдик кардааст, ба танзим медарорад.

Хангоми гузаронидани мачлисхои якчояи якчанд комиссияхои доими протоколи онхо аз чониби раисони комиссияхои дахлдор имзо карда мешавад.

Дар холатхои зарури дар доираи ваколати Мачлиси вакилони халк комиссияхои муваккати ташкил карда мешаванд.

Хайат, вазифахо, ваколат, мухлати фаъолият ва хукукхои комиссияхои муваккатиро Мачлиси вакилони халк хангоми таъсис додани онхо мукаррар менамояд.

Комиссияхои муваккатии Мачлиси вакилони халк оид ба масъалахои вобаста ба ваколати худ хулоса медиханд. (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

Моддаи 15. Вакили Мачлиси вакилони халк

Вакили Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия хукук дорад фикри худро озодона баён намояд, мувофики акидаи худ овоз дихад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Ваколати вакили Мачлиси вакилони халк бо карори Мачлиси вакилони халки дахлдор дар холатхои зерин пеш аз мухлат катъ мегардад:

– дар асоси аризаи у дар хусуси ба истеъфо рафтан;

– ба кувваи конуни даромадани халномаи суд дар хусуси гайри кобили амал донистани у;

– эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– катъи шахрвандии Чумхурии Точикистон, сохиб шудан ба шахрвандии давлати дигар;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– барои истикомати доими берун рафтан аз худуди маъмурию худудии дахлдор; (КЧТ аз 29.12.10 с., №653; КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– ишголи вазифае, ки тибки конун ба ваколати вакили Мачлиси вакилони халк мувофик нест;

– пеш аз мухлат пароканда шудани Мачлиси вакилони халк;

– бе сабабхои узрнок зиёда аз се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар чаласахои ичлосияи Мачлиси вакилони халк;

– хангоми вафот.

Вазъи хукукии вакили Мачлиси вакилони халкро конун муайян менамояд.

Моддаи 16. Асосхои катъи ваколати Мачлиси вакилони халк

Ваколати Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар рузи огози фаъолияти Мачлиси вакилони халки даъвати нав катъ мегардад.

Мачлиси вакилони халк пеш аз мухлат аз тарафи Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар холатхои зерин пароканда карда мешавад:

– мунтазам, яъне дар давоми як сол зиёда аз як маротиба ичро накардани талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конунхои Чумхурии Точикистон, бо пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653; КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– агар Мачлиси вакилони халки аз нав интихобшуда дар давоми як мохи баъди ифтитохи ичлосияи якумаш макомоти худро ташкил карда натавонад;

– баргузор нашудани ичлосия дар давоми ду мох, бинобар хозир нашудани шумораи зарурии вакилон;

– хангоми азнавташкилдихии (хамрохшавии, муттахидшавии, табдилдихии, таксимшавии, чудошавии) вохиди маъмурию худудии дахлдор.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Ваколати Мачлиси вакилони халк пеш аз мухлат дар сурати ихтиёран пароканда шудани он низ катъ мегардад, агар карор оид ба ин масъала бо тарафдории на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси вакилони халк кабул шуда бошад.

Моддаи 17. Таъмини фаъолияти ташкили ва моддию техникии Мачлиси вакилони халк

Хизматрасонии ташкили, моддию техники ва дигар намуди хизматрасони ба фаъолияти Мачлиси вакилони халк ва макомоти он, мусоидат ба вакилони халк дар ичрои ваколатхои худ аз чониби дастгохи раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия сурат мегирад.

Харочот барои таъмини Мачлиси вакилони халк дар бучети махаллии дахлдор дар сатри алохида нишон дода мешавад.

БОБИ 3.

ВАКОЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ

БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАХРИ ДУШАНБЕ, ШАХР ВА НОХИЯ

Моддаи 18. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва

                        нохия

 

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия хокимияти ичроияро дар махал амали менамояд, макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро дар вохидхои маъмурию худудии дахлдор сарвари мекунад. (КЧТ аз 3.12.09 с., №576; КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва ба тасдики Мачлиси вакилони халки дахлдор пешниход мекунад.

Агар Мачлиси вакилони халки дахлдор раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро тасдик накунад, Президенти Чумхурии Точикистон хукук дорад уро такроран ба Мачлиси вакилони халк барои тасдик пешниход намояд ё шахси дигарро ба ин вазифа таъин намуда, барои тасдик ба Мачлиси вакилони халк  пешниход намояд.

Агар Мачлиси вакилони халки дахлдор аз вазифа озод намудани раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро тасдик накунад, масъала такроран барои тасдик пешниход карда мешавад.

Агар шахс вакили Мачлиси вакилони халки дахлдор набошад, у ичрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия таъин карда мешавад ва баъди вакил интихоб шуданаш бо тартиби мукаррарнамудаи хамин модда ба ин вазифа таъин ва барои тасдик пешниход карда мешавад.

Моддаи 19. Санадхои раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе,

                        шахр ва нохия

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар доираи ваколати худ карор ва амр кабул мекунад.

Санадхои меъёрии хукукии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар шакли карор кабул карда мешаванд.

Карорхои хусусияти фарди ва ташкилии амрдихи дошта, инчунин амрхои раис санадхои меъёри намебошанд.

Санадхои меъёрии хукукии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия бояд ба вазорати адлияи Чумхурии Точикистон барои бахисобгирии давлати, санчиш ва бакайдгири фиристода шаванд.

Тартиби интишори расми ва мавриди амал карор додани санадхои раисро Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Ичрои санадхои дар доираи ваколати худ кабулкардаи раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар худуди маъмурию худудии дахлдор хатми мебошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Раис метавонад санадхои худро тагйир дихад ва ё бекор кунад.

Санади раис аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон, раиси болои, худи раис, Мачлиси вакилони халки дахлдор, инчунин аз тарафи суд дар сурати ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конунхои Чумхурии Точикистон мувофикат накардани он пурра ё кисман бекор карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Моддаи 20. Ваколати раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе,

                       шахр ва нохия

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия чунин ваколат дорад:

– ичлосияи Мачлиси вакилони халкро даъват менамояд ва ба он раиси мекунад;

– ба корхои тайёрии гузаронидани ичлосияи Мачлиси вакилони халк рохбари мекунад, рузномаи ичлосияро тартиб медихад;

– риояи дастури Мачлиси вакилони халкро таъмин менамояд;

– фаъолияти комиссияхои доимии Мачлиси вакилони халкро хамоханг месозад;

– ба карорхо, протоколхо ва санадхои дигари Мачлиси вакилони халк имзо мегузорад;

– лоихаи бучети Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро барои кабул ба Мачлиси вакилони халк пешниход менамояд, пас аз кабул ичрои онро таъмин менамояд, оид ба он хисобот медихад;

– барои тасдики Мачлиси вакилони халк барномахои тараккиёти ичтимоию иктисодии минтака ва барномахои максадноки минтакавиро пешниход менамояд ва оид ба ичрои онхо дар ичлосия хисобот медихад; (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

– дар доираи ваколати худ оид ба тахкими тартиботи хукуки ва пурзур намудани мубориза бар зидди чинояткори, таъмини амнияти шахрвандон, хифзи хукуку озодихои онхо чорахо меандешад, хангоми руй додани офатхои табии, эпидемия ва дигар холатхои фавкулодда тадбирхои заруриро амали мегардонад;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хифзи саломатии ахоли, таъмини кумаки тиббию санитари, бехбудии санитарию эпидемиологии ахоли тадбирхо меандешад;

– Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро дар доираи салохиятхои худ дар хорича, дар муносибат бо макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, хизбхои сиёси, ташкилотхо ва шахрвандон намояндаги мекунад;

– накшаи ташкилотхои комплекси – худудии Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, накшаи генералии сохтмони маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро тахия намуда, ба Мачлиси вакилони халки дахлдор пешниход менамояд; (КЧТ аз 19.03.13 с., № 960)

– ба баррасии рохбарони макомоти марказии хокимияти ичроия дар бораи фаъолияти сохтори махаллии онхо дар Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар сурати ичро накардани талаботи конунхо, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои Раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия пешниход манзур менамояд. Агар сохтори махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия камбудихоро бартараф накунад, хулосаи дахлдори худро ба Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

– дар бораи бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон сарфароз гардонидан бо тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход ирсол менамояд;

-мувофики сохтори намунавии тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сохтори дастгохи раисро тасдик менамояд;  (КЧТ аз 3.12.09 с., № 576)

дар доираи шумораи нихоии хизматчиёни давлатии мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чадвали вохидхои кории дастгохи раис ва сохторхои дахлдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро, ки аз бучети махалли маблаггузори карда мешаванд, тасдик менамояд; (КЧТ аз 3.12.09 с., №576)

– муовини якум ва муовинони худро дар доираи лимити шумораи умумии мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бо розигии Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– рохбари дастгохи раис ва кормандони дастгохро тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; (КЧТ аз 3.12.09 с., №576)

– рохбарони корхонахо, ташкилотхо ва муассисахоро, ки ба моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия асос ёфтаанд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро дар доираи ваколати худ идора менамояд;

– дар давоми сол на камтар аз як маротиба ба Мачлиси вакилони халк дар бораи ичрои барномахои тараккиёти ичтимоию иктисодии худуди дахлдор барномахои максадноки минтакави, холати хочагидори, истифода ва идораи объектхои моликияти коммуналии дахлдор хисобот медихад; (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

– ба Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар бораи бекор кардани санадхои Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, ки ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон мухолиф мебошанд, пешниход манзур менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– ичрои Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон, карорхои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, карорхои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, санадхои Президент ва Хукумати Чумхурии Точикистон, карорхои макомоти марказии хокимияти ичроия, Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро таъмин менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Фехристи бахисобгирии вохидхои маъмурию худуди ва махалхои ахолинишинро пеш мебарад; (КЧТ аз 19.03.13с., № 960; КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– назорати истифодаи табиат, сохтмон ва азнавсозии иншоотхои хифзи табиатро таъмин менамояд;

– ташкилотхо, муассисахо ва корхонахои давлатиеро, ки ба моликияти коммуналии дахлдор асос ёфтаанд, бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис ва бархам медихад;

– тартиби ташкил ва фаъолияти машварати назди Раисро бо риояи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  муайян менамояд; (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

– дар доираи ваколати худ барои пешбурди фаъолият, хамчунин омода намудани масъалахо барои барраси, татбики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон комиссияхоро таъсис дода, хайат ва мухлати фаъолияти онхоро тасдик ва ваколати онхоро муайян менамояд;

– кабули шахрвандонро ба рох мемонад, арзу шикоят ва таклифхои онхоро барраси менамояд;

– дигар ваколатхоеро, ки хамин Конуни конститутсиони, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар кардаанд, амали менамояд.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия оид ба масъалахои ваколати худ дар назди Президенти Чумхурии Точикистон, макомоти болои ва Мачлиси вакилони халки дахлдор хисоботдиханда ва масъул мебошад.

Моддаи 201. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани рохбарони сохторхои

                         махаллии макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати

 

Рохбарони сохторхои махаллии макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, ки аз бучети махаллии дахлдор маблаггузори мешаванд, аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия бо розигии хаттии рохбарони макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, карорхои кабулшуда барои тасдик ба Мачлиси вакилони халки дахлдор пешниход карда мешаванд.

Рохбарони сохторхои махаллии макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, ки аз бучети чумхурияви маблаггузори карда мешаванд, аз тарафи рохбарони макомоти ичроияи марказии хокимияти давлати бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, карорхои кабулшуда барои тасдик ба Мачлиси вакилони халки дахлдор пешниход карда мешаванд. Мукаррароти мазкур барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани рохбарони сохторхои махаллии макомоти хифзи хукук ва харби, инчунин судяхо, прокурорхо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани онхо тартиби дигарро муайян намудааст, татбик намегардад.

Тартиби баррасии масъалахои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани рохбарони сохторхои махаллии макомоти ичроияи марказии хокимияти давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

(КЧТ аз 22.07.13 с., № 1012)

Моддаи 21. Ваколати дигари Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят ва шахри

                      Душанбе

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят ва шахри Душанбе хамчунин ваколатхои зерин дорад:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– ба фаъолияти раисони шахрхо ва нохияи дахлдор Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе рохбари менамояд;

– санадхои раисони шахр ва нохияи дахлдорро, ки ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон мухолиф мебошанд, бекор менамояд; (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653; КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– татбики баъзе ваколатхои худро ба раисони шахрхо ва нохияхо вогузор менамояд.

Моддаи 22. Асосхои аз вазифа озод намудани раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон,

                       вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар холатхои зерин аз вазифа озод карда мешавад:

– дар асоси аризаи у оид ба истеъфо рафтан;

– ба кувваи конуни даромадани халномаи суд дар хусуси гайри кобили амал донистани у;

– эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунандаи суд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– мунтазам ичро накардани ухдадорихои хизмати;

– катъи шахрвандии Чумхурии Точикистон, сохиб шудан ба шахрвандии давлати дигар;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

-дигар асосхои мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон.

Президенти Чумхурии Точикистон метавонад дар дигар холатхо низ раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро аз вазифа озод намояд.

 

Моддаи 23. Дастгохи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе,

                       шахр ва нохия

Таъминоти иттилоотию тахлили, ташкилию хукуки ва моддию техникии фаъолияти раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия аз тарафи дастгохи раис амали карда мешавад.

Дастгохи раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия аз тарафи раис ташкил ва тагйир дода мешавад.

Низомнома ва сохтори намунавии дастгохи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд. (КЧТ аз 3.12.09 с., № 576)

Низомномаи дастгох, сохтор ва чадвали вохидхои кории онро раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия мувофики низомнома ва сохтори намунавии тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар доираи шумораи нихоии хизматчиёни давлатии мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд. (КЧТ аз 3.12.09 с., №576)

Маблаггузории дастгох аз хисоби бучети махалли сурат мегирад.

БОБИ 4.

АСОСХОИ ИКТИСОДИ ВА МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ

МАКОМОТИ МАХАЛЛИИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 24. Манбаъхои иктисодии фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлати

Манбаъхои иктисодии фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлатиро замин, сарватхои зеризамини, об, чангал, олами набототу хайвонот ва дигар боигарихои табии, ки дар вохидхои маъмурию худудии дахлдор вокеанд, хамчунин моликияти коммунали ва дигар шаклхои моликият низ, ки сарчашмаи даромади макомоти махаллии хокимияти давлати ва конеъ гардонидани талаботи ичтимоию иктисодии ахолии вохидхои маъмурию худудии дахлдор мебошанд, ташкил медиханд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Моддаи 25. Моликияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр

                        ва нохия

 

Ба моликияти Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия объектхое дохил мешаванд, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба онхо дода шудаанд. Ба моликияти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия хамчунин маблагхои бучети, объектхои инфрасохторхои махалли, муассисахои маориф, тандурусти, таъминоти ичтимои, илм ва фарханг ва объектхои дигар, ки аз хисоби маблагхои Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, аз чумла дар асоси сахмгузори сохта ва харида шудаанд, ё аз сарчашмахои дигар ройгон дода шудаанд, дохил мешаванд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Номгуи объектхои моликияти коммуналиро  Мачлиси вакилони халк тасдик менамояд, ба он тагйирот ворид намуда, хисоботи рохбарони корхонахоеро, ки ба моликияти коммунали асос ёфтаанд, оид ба истифодаи онхо мешунавад.

Моддаи 26. Идораи объектхои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон,

                        вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия

Объектхои моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро Мачлиси вакилони халк ва раиси дахлдор мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар доираи ваколати худ идора мекунанд. Объектхои мазкур бо максади хизматрасонии самаранок ба ахоли ва рушди иктисодию ичтимоии худуди дахлдор истифода мешаванд.

Тартиби хусусигардонии моликияти коммуналиро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.

Тартиби аз моликияти коммунали ба моликияти чумхурияви ва ё аз моликияти чумхурияви ба моликияти коммунали гузаронидани молу мулкро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд. (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

Аз моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ба моликияти коммуналии дахлдори дигар гузаронидан дар асоси карорхои макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлатии дахлдор амали карда мешавад.

Моддаи 27.Фаъолияти иктисодии хоричии макомоти махаллии хокимияти давлати

Фаъолияти иктисодии хоричии макомоти махаллии хокимияти давлати мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон сурат гирифта, ин макомот барои вусъат додани фаъолияти иктисодии хоричии корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва иттиходияхои онхо, ки дар вохидхои маъмурию худудии дахлдор чойгиранд, инкишофи иктидори содироти, зиёд намудани истехсоли махсулот, ичрои кор ва хизматрасонии ба ракобат тобовар мусоидат менамоянд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколати худ дар ин самт хукук доранд:

– бо шарикони хоричии худ барои хариду фуруши махсулот, ичрои кор ва хизматрасони мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон созишнома банданд;

– ба ташкили корхонахои муштарак мусоидат намоянд;

– мутобики тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон савдои наздисархади ташкил намоянд;

– дигар намудхои фаъолиятро мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти иктисодии хоричи амали намоянд.

Моддаи 28. Муносибати макомоти махаллии хокимияти давлати ба объектхои моликияти чумхурияви

Мачлиси вакилони халк ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар худуди вохидхои маъмурию худудии дахлдор ба чойгиркунии максадноки объектхои истехсоли ва ичтимои, таъсиси инфрасохторхои дахлдор, истифодаи самараноки захирахои табии ва мехнати, хифзи мухити зист ва сохахои дигар, ки моликияти чумхурияви мебошанд, тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон назорат мекунанд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

Моддаи 29. Моликияти муштараки макомоти махаллии хокимияти давлати

Макомоти махаллии хокимияти давлати тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон метавонанд дорои моликияти муштарак бошанд ва дар идоракунии он иштирок намоянд.

Моддаи 30. Манбаъхои молиявии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри

                        Душанбе, шахр ва нохия

Манбаъхои молиявии Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия аз инхо иборатанд:

– маблагхои бучети махалли;

– маблагхои гайриандоз ва фондхои максадноки давлати;

– даромад аз бучети болои дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия);

– мусоидати молияви (субвенсия) аз бучети болои;

– карзи бучети аз бучети болои;

– маблагхои хайрия;

– когазхои киматнок, бурднок ва музоядахои махалли;

– даромад аз чорабинихои оммавию варзиши ва фарханги;

– дигар манбаъхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ накардаанд.

Манбаъхои молиявии Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохияро дар асоси шартномави бо манбаъхои молиявии дигар вилоятхо, шахрхо, нохияхо, шахсони вокеи ва хукуки барои маблагчудокуни ба барномахои муштарак, аз чумла барои ичрои барномахои тараккиёти байнихудуди муттахид кардан мумкин аст.

Макомоти махаллии хокимияти давлатии наздисархади метавонанд бо макомоти махаллии хокимияти давлати, шахсони вокеи ва хукукии минтакахои наздисархадии давлатхои хаммарз тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои амали намудани барномахои муштарак, аз чумла барномахои тараккиёти байнисархади манбаъхои молиявиашонро муттахид гардонанд.

Моддаи 31. Даромадхои бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри

                       Душанбе, шахр ва нохия

Кисми даромади бучети Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия аз хисоби даромадхои андоз ва гайриандоз, инчунин аз воридоти маблаг аз хисоби андозу пардохтхои танзимкунанда иборат мебошад.

Ба даромадхо аз андоз дохил мешаванд:

– андозхои махалли, ки номгуи онхоро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд; (КЧТ аз 3.12.09 с., № 576)

– даромад аз андозу пардохтхои танзимкунанда мувофики тартибе, ки конун дар бораи Бучети давлати барои соли навбатии молияви мукаррар кардааст;

– бочи давлати, ба истиснои бочи давлатие, ки мувофики конун дар бораи Бучети давлати барои соли навбатии молияви ба бучети чумхурияви ворид карда мешавад;

– дигар манбаъхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон манъ накардаанд.

Ба даромадхои гайриандоз дохил мешаванд:

– даромад аз бучети чумхурияви дар шакли кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молияви (субвенсия), карзи бучети ё дар шакли дигар;

– даромад аз хизмати пулакие, ки макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва ташкилотхои идории бучети мерасонанд;

– воридоти маблаг аз хисоби татбики чорахои мачбуркуни барои вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи молияи давлати, аз чумла чарима, пушаймона (пения), чубронпули ва гайра;

– хайрияхои ихтиёрии шахсони вокеи ва хукуки;

– даромад аз гузаронидани хашархо;

– даромад аз когазхои киматнок, бурднок ва музоядахои махалли;

– даромад аз амволе, ки моликияти коммуналии нохия ва шахр мебошад ё дар идораи хочагии онхо карор дорад.

Мачлиси вакилони халки шахр ва нохия хукук дорад ба гуруххои алохидаи андозсупорандагон барои супоридани андоз, боч ва пардохтхои махаллие, ки ба бучети махаллии дахлдор ворид мегарданд, тибки санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон имтиёзхо мукаррар намояд.

Моддаи 32. Харочоти бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия

Аз хисоби бучети махалли танхо харочоти зерин маблаггузори мешавад:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– таъмини фаъолияти макомоти махаллии хокимияти давлати;

– ташаккули моликияти коммуналии вохиди маъмурию худудии дахлдор ва идоракунии он;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1411)

– таъсис, таъмини фаъолият ва инкишофи муассисахои маориф, тандурусти, фарханг, варзиш ва тарбияи чисмони, воситахои ахбори омма ва нашрияхо, дигар муассисахое, ки ба моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри макомоти махаллии хокимияти давлати мебошанд;

– инкишофи хочагии манзилию коммунали;

– сохтмони рох ва нигохдории роххое, ки ахамияти махалли доранд;

– ободони ва кабудизоркуни дар махал;

– ташкили истифода ва коркарди партовхои рузгор;

– таъмини хизматрасонии наклиёти ба ахоли ва муассисахое, ки ба моликияти коммунали мансубанд ё дар ихтиёри макомоти махаллии хокимияти давлати мебошанд;

– хифзи мухити зист дар махал;

-амалигардрнии бармомахои рушди иктисодию ичтимоии минтака; (КЧТ аз 29.12.10 с., № 653)

– хизматрасонии карзии макомоти махаллии хокимияти давлати ва пардохти онхо;

– кумаки молиявии беподош ба ахоли;

– гузаронидани интихоботи макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати.

Маблаггузории фаъолияти дигари макомоти махаллии хокимияти давлати ва харочоти дигар, ки ба масъалахои ахамияти махаллидошта мансубанд, аз чониби макомоти махаллии намояндагии хокимияти давлати мутобики гурухбандии бучетии Чумхурии Точикистон ичро карда мешаванд.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар давраи байни ичлосияхо ба захирахои озоди молиявии бучет, ки нисбати бучети тасдикшуда ба андозаи на зиёда аз дах фоизро ташкил медихад, ихтиёрдори намуда, карорхои худро ба Мачлиси вакилони халк барои тасдик пешниход мекунад. Агар захирахои озоди молиявии бучет зиёда аз дах фоизи бучети тасдикшударо ташкил диханд, дар он сурат ба Мачлиси вакилони халк лоихаи тагйиру иловахо ба бучети махаллиро пешниход менамояд.

Харочоти якчояи бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ва бучети чумхурияви бо тартиби мукаррарнамудаи конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи молияи давлатии Чумхурии Точикистон» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон» барои соли навбатии молияви амали карда мешавад.

 

Моддаи 33. Фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахри

                        Душанбе, шахр ва нохия

Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия метавонад дар доираи бучети тасдиккардашуда фонди захиравии раисро дар хачми 0,5 фоиз аз хачми даромади умумии бучети дахлдори махалли таъсис дихад ва ба таркиби харочоти он дохил намояд.

Раис ба фонди захирави ихтиёрдори намуда, дар бораи харочоти он ба Мачлиси вакилони халк хисобот медихад.

Истифодаи маблагхои фонди захиравии раис тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Моддаи 34. Хукукхои бучетии Мачлиси вакилони халк ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони

                        Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия

Бучети Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар шакли карори Мачлиси вакилони халки дахлдор тахия ва дар ичлосияи он кабул карда мешавад.

Тахияи лоихаи бучети Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия аз тарафи мутаносибан раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия ташкил карда мешавад. (КЧТ аз 29.12.10 с ., № 653)

Лоихаи бучет аз руи манбахои даромад ва самтхои харочот мувофики тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад.

Бучети Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия имкон дорад бо барзиёди (профитсид) тахия ва тасдик карда шавад.

Маблаггузории макомоти махаллии хокимияти давлати дар хачме, ки бучетхои махалли ва чумхурияви мукаррар намудаанд, сурат мегирад.

Харочотро барои нигохдории макомоти намояндагии махаллии хокимияти давлати Мачлиси вакилони халки дахлдор мукаррар менамояд.

Мачлиси вакилони халк ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар доираи ваколати худ хангоми ичрои бучет барои таъмини тавозуни он масъул мебошанд.

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 35. Шикоят намудан ба суд оид ба санадхои макомоти махаллии хокимияти давлати

Макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки метавонанд тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба суд оид ба санадхои макомоти махаллии хокимияти давлати шикоят намоянд.

 

Моддаи 36. Баррасии эътирози прокурор оид ба санадхои макомоти махаллии хокимияти давлати

Санадхои Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, ки аз руи онхо прокурор эътироз баён кардааст, дар ичлосияи он барраси карда мешаванд. Дар сурати конеъ нагардидани эътирози прокурор аз тарафи Мачлиси вакилони халк прокурор метавонад ба макомоти намояндагии болои ё суд мурочиат намояд.

Санадхои раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, ки аз руи онхо прокурор эътироз баён кардааст, аз чониби раиси дахлдор барраси карда мешаванд. Дар сурати конеъ нагардидани эътироз прокурор метавонад ба макомоти махаллии хокимияти давлатии болои, ё Хукумати Чумхурии Точикистон, ё Президенти Чумхурии Точикистон, ё суд мурочиат намояд.

Моддаи 37. Мухлати баррасии пешниходи Мачлиси вакилони халк ва раис нисбат ба рохбарони сохторхои махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия

Пешниходи Мачлиси вакилони халк ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия нисбат ба рохбарони сохторхои махаллии макомоти марказии хокимияти ичроия оид ба ичро накардани талаботи конунхо, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, санадхои Мачлиси вакилони халки Вилояти Мухтори Кухистони  Бадахшон, вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия дар мухлати як мох барраси мегардад.

Агар макомоти болои ё марказии хокимияти ичроия дар мухлати як мох пешниходи мазкурро барраси накунад, Мачлиси вакилони халк ё раис метавонанд ба Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон мурочиат намоянд.

Моддаи 38. Аз эътибор сокит донистани санадхои конунгузори

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи худидораи махалли ва хочагии махалли» аз 23 феврали соли 1991 (Ведомостхои Совети Олии Чумхурии Точикистон, соли 1991, № 8, мод. 144; №15, мод. 254; соли 1992, №5, мод. 71; №10, мод. 152; соли 1993, №17 – 18, мод. 373), Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи хокимияти давлати дар махалхо» аз 1 декабри соли 1994 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1994, № 23–24, мод. 448; соли 1998, №10, мод. 113) аз эътибор сокит дониста шаванд.

 

Моддаи 39. Тартиби мавриди амал карор додани конуни конститутсионии мазкур

Конуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2004, №5, мод. 339; с. 2006, №11, мод. 472; с. 2009, №12, мод. 814; с. 2010, №12, к. 1, мод. 800; с. 2013, №3, мод. 179, №7, мод. 500; Конуни ЧТ аз 30.05.2017 с., №1411)

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                             Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе, 17 майи соли 2004,

№ 28

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …