МАКАРЧЕНКО Александр Федерович (1903, ш. Мариуполи Украина – 1979, хамон чо), неврофизиолог ва невропатолог, профессор, узви пайвастаи АИ Украина, Арбоби шоистаи илми Украина. Донишкадаи тиббии Харковро хатм кардааст (1933). С-хои 1933 – 36 тахсил дар аспирантура. То огози ЧБВ дар дастгохи Вазорати тандурустии Украина кор кардаааст. Чанд муддат директори Донишкадаи тиббии Лвов буд. С. 1941 ба Точикистон омада, то с. 1944 дар вазифахои сардухтури Беморхонаи физиотерапевтии Хучанд, мудири Шуъбаи тандурустии вилояти, директори Донишкадаи тиббии Сталинобод, чонишини якуми Комиссариати Халкии Тандурусти фаъолият намудааст. С-хои 1944 – 71 мудири Шуъбаи тандурустии КМ ХК Украина, чонишини якуми вазири тандурустии ИЧШС, директори Ин-ти физиологияи ба номи А.А. Богомолетс буд. Чанд сол хамчун ноиби Президенти АИ Украина ифои вазифа кардааст. Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмист, ки ба масъалахои тибби амали мансуб мебошанд. Усулхои нави пешгири ва табобати беморихои силсилаи асабро пешниход намудааст. М. дар пешрафти сохаи тандурустии Точикистон сахми арзанда гузоштааст.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …