Главная / Биология / МАФХУМХОИ АСОСИИ ГЕНЕТИКИ

МАФХУМХОИ АСОСИИ ГЕНЕТИКИ

Генетика ду хусусияти асосии организмхои зинда – ирсият ва тагйирпазириро меомузад. Ирсият хамчун хусусияти аз насл ба насл гузаронидани аломатхо, хосиятхои ирси ва асоси инкишофро дар бар мегирад. Бо шарофати ирсият дар табиат хар як намуди растани ва хайвон хусусиятхои хоси худро дар муддати муайяни таърихи нигох медорад. Чихати дигари ирсият нигох доштани инкишофи муайяни хар фард ва намуд, махсусияти мубодилаи моддахо ва такрорёбии фарди мебошад.

genetika-min

Баркароршави ба воситаи хучайра гузашта, он дар натичаи махсусгардони ба хучайрахои чинси ва гайричинси (бадан) чудо мешаванд. Дар ин хучайрахо нафакат аломатхо, балки хиссачахои махсус, ки онхоро ген меноманд, ба мерос мегузаранд. Ген хиссачаи ирси буда (як кисми молекула КДН ё хромосома), инкишофи аломатхо ё синтези молекулахои сафедахоро идора мекунад.

Генхо метавонанд аломатро зохир намоянд ва ё баракс, пайдо накунанд. Зохиршавии аломат хам ба ген, хам ба мухити зист ва хам ба таъсири дигар генхо вобаста аст. Генхо дар хромосомахо чой дошта, хар як ген дар хромосомахои гомологи чойхои ба хам монандро сохибанд. Дар дастаи хромосомахои гаплоиди (ток)-и прокариотхо ё хучайрахои чинсии эукариотхо аз хар як ген танхо яктои чойгир аст. Дар дастаи хромосомахои диплоиди (чуфт)-и хучайрахои бадани эукариоти чуфти хромосомахои гомологи ва ду аллели генидида мешавад, ки ин ё он аломатро назорат мекунанд.

Генхое, ки дар чойхои ба хам монанди хромосомахои гомологи чойгиранд, генхои аллели (аз калимаи юнони allе1а ба хам монанд) ном доранд. Генхоро бо харфхо ишора мекунанд, Генхои аллели, ки пайдархамии нуклеотидхояшон якхелаанд, чунин навишта мсшаванд – АА.

Дар натичаи мутатсия ивазшавии нуклеотидхои молекулаи КДН ба амал меояд, ки боиси иваз шудани аломатхо мегардад. Генхо метавонанд чанд маротиба ба мутатсия дучор гарданд ва дар натича силсилаи аллелхои генро ба вучуд оваранд.

Ин ходисаро сераллели ё силсилаи сераллелизм меноманд. Мачмуи генхои як фард генотип ном дорад. Зохиршавии генотип ба мухити зисти фардхо ва бо хам алокамандии генхо вобастаги дорад. Генхо ба хамдигар таъсир расонда, мухити генотипро хосил мекунанд. Ба ибораи генетики машхур М.Е.Лобашев, генотип ин системаи бо хам таъсир расонии генхост. Дар доираи як намуд фардхои гуногун ба хам монанд нестанд, ки ин натичаи тагйирпазирист. Чунин тагйирпазирии фардро дар мисоли одам ва намудхои растани ва хайвонот дидан мумкин аст.

Хамин тарик, тагйирпазири хилофи ирсият буда, пешрафти биологиро ташкил мекунад. Тагйирпазири – тагйир ёфтани хиссачахои ирси, яъне генхо буда, дар натичаи ин аломатхо ва хусусиятхои организмхо дигаргун мешаванд. Шакл ва сабабхои тагйирпазири гуногун аст ва барои тахаввулот (эволютсия) ахамияти махсус дорад, ки инро фанни генетика меомузад. Дар рафти омузиши конуниятхои меросгузории аломатхои ирсии организмхо тадкикотчиён, асосан, бо натичаи махсули табдилёбии генхо, яъне аломатхо, сару кор доранд.

Мачмуи аломатхои организмро фенотип меноманд. Албатта, фенотип нафакат аломатхои ба чашм намоён (ранги чашм, муй, шакли гуш, бини ё ранги гулхо ва гайра), балки аломатхои нонамоён (шакли молекулахо, сохтори сафеда ё ферментхо, консентратсияи глюкоза ва ё дурдаи пешоб дар хун, шакл ва андозаи хучайрахо, сохти бофтахо ва узвхо, сохти бадан ва бо хам алокамандии чойгиршавии узвхо)-ро дар бар мегирад. Ба ибораи дигар, мафхуми аломат ба гайр аз пайдархамии нуклеотидхои КДН хусусиятхои сохти организмро дар зинаи инкишоф ташкил менамояд. Ибораи хосият бошад, хусусиятхои функсионалии организм буда, асоси онро сохти аломатхо ё гурухи аломатхои одди ташкил мекунанд.

Аксари аломатхои оддии ба чашм намоён хамчун фахмиши шартии фарккунанда хоси организмхо буда, дар асл бо равандхои серзинаи мураккаби биохимияви (сафеда-фер-мент-аломат) вобастаанд.

Хуллас, генетика илм дар бораи конуниятхои ирсият ва тагйирпазири буда, гуё хилофи якдигаранд. Аммо дар асл онхо ба хамдигар алокаи зич доранд. Ин хусусиятхо барои хамаи махлукхои зиндаи руи Замин хосанд.

Саволхо барои санчиш:

  1. Чиро ирсият меноманд? Ген чист?
  2. Генхои аллели дар натичаи кадом ходиса ба амал меоянд?
  3. Сераллелизм чист?
  4. Коидаи мафхуми тагйирпазириро шарх дихед.
  5. Коидаи мафхуми генотип ва фенотипро шарх дихед.

 Истилохот:

  1. Тагйирпазири – кобилияти аломатхо ва хосиятхои нав пайдо намудани организмхои зинда.
  2. Аломат – хосияти сохтори организмхо дар дарачаи молекулави, ситологи, гистологи ва анатоми.
  3. Генотип – чамъи таъсири тарафайни генхои организм.
  4. Фенотип – мачмуи хамаи аломатхо ва хосиятхои организм.
  5. Хосият – хар як хосияти функсионали, ки асоси онро як ё чанд аломат ташкил мекунад.
  6. Ген – порчаи молекулаи КДН ё хромосома, ки инкишофи аломатхои муайянро ба вучуд меорад.
  7. Ирсият – хосияти организмхои зинда, ки аломатхо ва хусусиятхои инкишофи худро ба наслхо мегузаронад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …