ЛУКМА

Руз чехраи гирифта дошт. Насими намолуди тирамох оханги гам менавохт. Сафо гарки хаёл аз булдозери рохсози чини чашм намеканд. Садои булдозер кухро меларзонд. Калби Сафо танг мешуд. Зеро дар катори одамон ба у кор нарасид. Онхо аз деха дах нафар буданд. Имтихонашон карданд. Танхо ду нафарро пазируфтанд. “Инхоро тарбия кардан мумкин”, гуфтанд. “Аз дасти шумо хеч кор намеояд”, гуфтанд ба хашт нафари дигар. Сафо хамдехааш Гурезро дид.

– Биё, чак-чак мекунем.

У хам “чабрдида” буд. Бо дилтанги садо зад:

– Аз чи чак-чак мекуни?

– Заб бегайрати-да! Аз хар чиз. Гап кам аст магар?

– Аз гап чи фоида, – норозиёна гуфт у, вале суяш омад. – Шоире чи хуб гуфта: “Даст агар кутох бошад, орзуе мекунем”.

– Салом, – гуфт Сафо.

– Салом, – посух дод Гурез.

Ришаш расида, дар чамонаш яъсу навмеди хона монда.

– Шин-е! – шухиомез амр кард Сафо. – Ана дар ин чо.

Гурез дар бараш нишаст. Ва сигор дуд дод. Ба осмон нигарист. Нигохаш ба чуфти каргас часпид. Онхо гуё бепарво парвоз мекарданд. Ба заминиён коре надоштанд. Гурез бошад андешид, ки шояд онхо аз кори рохсозон норози хастанд. Овози Сафо риштаи андешаашро гусаст:

– Гурез!

– Чи мегуи?

– Чи мегуи, чи мегуи?! Чаро гап намезани?

– Фикр мекунам.

– Фикр мекуни? Дар бораи кор?

– Не, дар бораи пул.

– Пул надори?

– Не.

– Пулро чи кор мекуни?

– Чи кор мекунам? Ачаб саволе медихи? Хамсарам бемор аст, ба бемористон бурдан лозим.

– Карз накарди?

– Дари чанд кас рафтам, надорем гуфтанд.

– Ха-а, холо хеч кас карз намедихад. Дошта бошад хам намедихад.

Гурез боз ба андеша рафт. Лахзае пас овози Сафо риштаи андешаашро гусаст:

– Гурез!

– Чи мегуи?

– Чи мегуи, чи мегуи?! Э ту як ба шохрохи Душанбе – Хучанд нигар.

– Хайр чи? – норозиёна гуфт Гурез. – Нав дидам магар? Аз кудаки мебинам.

– Хе, сода! Охир ин рох он рохи пешина нест. Чун кафи даст мешавад. Э чинихо бало! Шиори Пекин холо чунин будааст: «Як оила ва як фарзанд». Барои он ки Пекин ин масъаларо то андозае хал кунад, карзро ба шарте медихад, ки дар сохтмони иншоотхо дар хорича хатман коргарони чини бояд кор кунанд. Холо дар дунё хафт миллион чини рох месохтаанд. Мефахми? Хафт миллион! Ин ба гуфтан осон.

Ин суханон ба Гурез хуш наёмад ва дар чашмонаш табассуми талх шакл гирифт. Лахзае ба рох дида духт. Рох чашмашро рабуд. Дар магзаш андешае бедор шуд. Ва у охиста лаб ба сухан боз кард:

– Оянда хама чоро муру малах зер мекунад.

Сафо бо хайрони пурсид:

– Барои чи?

Гурез бо асабоният чавоб дод:

– О, самбакаю курбока намонд. Бачахалоко хамаашро хурданд.

Сафо рост ба чашми у нигарист ва табассум кард:

– Аз мост, ки бар мост!

– Бо ин чи гуфтани хасти? – ба хаячон омад Гурез.

– Онхо не, бачахои худамон дошта бурданд. Хар донаашро панчох дирами фурухтанд.

– Бачаи ман не, дуруг нагуй. Се-чор сагира бо сардории бачаи кури Сара бурданд.

– Аввалан ин ки чи фарк дорад, он бачахо хам бачахои моянд. Сониян медонисти, чаро нагуфти? Тарсиди?

– Не-не! Ин гапа назан! Ман духтари ура келин кардани. Чи хел мегуям? Не-не, асло! Руям месузад!

Байнашон боз хомуши уфтод. Онро Гурез бархам зад:

– Хе-е, гурез!

– Чи?

– Ху, ана! Мор!

Ва у гурехт. Сафо морро надид. Аммо фикре ба сараш зад.

– Исто!

У наистод. Сафо аз пасаш рафт.

– Исто!

– Э шухи кардам.

– Исто, гап дорам.

– Гуфтам-ку: шухи кардам.

– Гуш кун, мегуянд, ки онхо морро хам мехуранд.

– Эха-а, мор барои онхо деликатес аст.

– Деликатес? Нахо-о-од? Кимат аст?

– Намедонам, – бедимог чавоб дод Гурез. – Мегуянд, ки кимат аст.

Чашмони Сафо барк мезананд. Ба Гурез руй меорад ва бо хаячон мегуяд:

– Биё, мор мекапем. Бе ин хам коре надорем.

– Чи-и? – як кад парида, безобита мешавад. – Э, не-е, ман душмани табиат нестам.

– Э, биё, мон-е! – ранчидахотир мегуяд Сафо. – Бо як-ду мор табиат вайрон мешавад магар? Дар ин куху камар чи бисёр, мор.

Вай чидди нидо зад:

– Мешавад!

Сафо бо як оханги бепарвоёна, хатто хушнудона гуфт:

– Шавад, нашавад, ман мекапам.

Гурез охи сард аз дили пурдард кашид:

– Ин корро накун. “Морро айёми гамаш макуш, ки гам орад!” гуфтаанд.

– Ки гуфтааст?

– Халк.

– Э, халк гуфтан мегирад, – даст афшонд у.

Дар хамин асно садои гушкар баланд шуд. Сафо ба дахшат афтод:

– Худоё, чи балое буд?!

Ва дид, ки укобе ба хаво боло шуд. Дар чанголаш мор.

– Нигох кун! – хурсандона нидо зад у. – Диди?

– Дидам.

Мор алвонч мехурд ва зур мезад, ки укобро газад. Вале ин ба у муяссар намегашт. Укоб давр гашт – давр гашт ва ногох мор аз чанголаш рахо ёфт.

– Ох! – нидо дар дод Сафо. – Укобро газид!

Ва чо ба чо мехкуб гашт.

Мор фуру рафт. Рост ба харсанге омад. Бархурду начунбид. Сафо ба худ омаду суи мор кадам бардошт. Укоб пару бол гундошта, сангвор суи замин рафт.

– Вох! – гуфт Сафо ва боз мехкуб шуд.

Укоб бар сари мор нишаст ва ба чор тараф нигарист. Одамро диду бесаранчом гашт. Ва морро гирифту ба хаво хест.

– Диди, мор лукмаи укоб шуд. Ман медоштам бехтар набуд?

– Не! Ба укоб мумкин, ба ту не.

– Охо, ба укоб раво, ба ман гунох.

– Ха, ин конуни табиат.

Сафо аз фикраш нагашт, назди ронандаи булдозер рафт.

Ронандаи булдозер миёнсол буд. Чашмони танг ва руи чоркунчаи бечин дошт. Куса буд ва лабхандаш норохат мекард.

Сафо фарёд кашид:

– Мор биёрам, мехари?

Ронанда хам дод зад:

– Биёр, мехарам!

Сафо ба шавк омад:

– Чанди мехари?!

Ронанда хам бо шавк посух дод:

– Бист сомони!

– Э не-е, кам, – лабу бини инч кард Сафо. – Панчохи дихи меорам.

Вай дигар шоиста надонист, ки бо у савдо кунад. Садо зад:

– Бошад!

Эхсоси шоди болу параш дод. Ва ру ба куху камар овард. Чустучуяш самар наовард. Бо сари хам назди ронанда омад. Дар хамин лахза аз пешбели булдозери рохсози чини море баромад. Мор карахту ночунбон буд.

– Ах, ах! – шод шуд ронанда.

Сафо музтар монд. Аз алам сухт.

– Ту ландахур! – таъна зад ронанда.

– Худо дихад, намегуд, ки бачаи кисти! – худро тасалло дод Сафо.

– Ту кур будаи. Мор зери поят, надиди. Ба осмон нигох накун, ба замин нигар.

Ин суханон ба иззати нафси у сахт расид. Чехрааш аз нафрат пурчин гашт. Ронанда бо кахкаха хандид.

– Шурбо мешавад! – нидо кард ва кафи дастхояшро бо хам совида, изофа намуд: – Маишат мекунем!

– Ха-а, шурбои бомазза мешавад, – оби дахони Сафо рафт.

Ронанда морро дар кабина гузошт ва саргарми кор шуд. Кабина гарм ки буд, мор чон гирифт ва хушёр шуд. Ва банди пои ронандаро газид. Ронанда чон дод. Чун Сафо ин хабарро фахмид, як кад парида:

– Ох! – гуфт.

Хамин лахза озарахш дурахшиду тундар наъра кашид. Сафо ларзиду чиг кашид:

– Вох!

Сипас моту мабхут монд.

21 феврали соли 2009

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …