Главная / Илм / ЛОЛАИ МАХМЕЗ

ЛОЛАИ МАХМЕЗ

lolai-mahmezЛОЛАИ МАХМЕЗ, растаниест бисёрсола, баъзан ду ё яксола. Барги бонавбати ду-се карат сепарра, гули сафед, зард, бунафш ё кирмизи ва гузамеваи дарозруяи дукабата дорад. Кариб 280 намуди Л. м. дар Евросиё ва Америкаи Шимоли пахн шудааст. Дар каламрави ИДМ такр. 70 намудаш вомехурад. Дар Точикистон 14 намуди Л. м. мавчуд буда, дар байни онхо C. ledobouriana (дар нохияхои наздикухи ва баландкухии хамаи нохияхои чумхури гайр аз Помири Гарби) ва С. severtzovii (дар Точикистони Шимоли) бештар пахн шудаанд. Пиёзаки намудхои мазкур алкалоидхои протопин, сангвинарин ва аллокриптолпин дорад. Сангвинарин таъсири хуби зиддимикроби дошта, барои табобати захмхои фасоддор, осеби пуст ва луобпардахо, экзема, илтихоби фасодноки гуш, гайморити музмин, колпити трихомонади, эрозияи гарданаи бачадон ва диг. беморихо тавсия шудааст. Чушоби барги С. severtzovii дар тибби халки барои муоличаи латма ва шикасти устухон истифода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …