Главная / Илм / ЛОГОПЕДИЯ

ЛОГОПЕДИЯ

logopediyaЛОГОПЕДИЯ (аз юн. logos – калима ва paideia – тарбия намудан), сохаи педагогика, ки шаклхои гуногуни нуксони нуткро омухта, усулхои пешгири ва ислохи онро дарёфт мекунад. Л. кисми таркибии дефектология аст.
Нуксони нутк, мас., лакнати забон, хирриги, манкаги дар натичаи тарбияи нодурусти маданияти нутк ё иллати модарзоди узвхои нутк ба вучуд меоянд. Аз ин ру, логопед (омузгоре, ки нуткро ислох мекунад) ва духтур дар рафъи нуксони нутк, одатан, хамкори мекунанд. Баъзан кудакро аз сакави танхо бо ёрии машкхои логопеди начот додан мумкин аст.
Ислохи нуксони нутки кудакро аз хурдсоли сар кардан лозим аст. Зеро то ба мактаб рафтани у нутк бояд сахех гардад. Дар богчахои бачагон гуруххои тайёри ташкил шудаанд, ки бачагонро ба мактаб омода мекунанд (дар ин гуруххо ба инкишофи нутки онхо диккати чидди дода мешавад); барои кудакони нуткашон нуксдор богчаю мактабхои махсус, беморхонаю пунктхои логопеди мавчуданд. Бахри мустахкам кардани натичахои дар беморхона ба даст оварда нутки кудакро минбаъд мунтазам машк бояд дод. Аз ин сабаб дар машгулиятхои кушодаи беморхона волидайнро ба машкхои одии логопеди шинос мекунанд. Бояд дар хотир дошт, ки нутки кудакро харчи барвакт ислох кунанд, натичааш хамон кадар хуб мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …