Главная / Илм / ЛИМФА

ЛИМФА

limfaЛИМФА (аз лот. Lympha – оби тоза, нами), моеи беранги шаффоф, ки таркибаш ба плазмаи хун монанд буда, аз он бо камии сафедахо фарк мекунад. Реаксияи Л. ишкорист (Рн 7,35 – 9,0), зичиаш 1,017 – 1,026.
Л. хучайраи бофтахоро бо гизо таъмин карда, махсули мубодилаи моддахоро хорич менамояд. Пайдоиши Л. бо моеи бофтахо робитаи мустахкам дорад. Моеи бофтахо дар натичаи аз хун ба бофтахо муттасил гузаштани оксиген ва моддахои гизои хосил мегардад.Аз тарафи дигар, ба моеи бофтахо аз хучайрахо дар натичаи мубодилаи моддахо махсуле чудо мешавад, ки як кисми он ба хун бармегардад, кисми дигар якчоя бо моеъ ба мурагхои лимфави дохил шуда, Л. хосил мекунад.
Суръати чараёни Л. дар рагхо суст аст (такр. 300 мм/дак.). Дар одам ва чонварони мухрадори олиташаккул харакати Л. ба тафовути фишор дар мурагхои лимфави (аз фишори атмосфери зиёд аст) ва мачрои лимфагузар (аз фишори атмосфери паст аст), хамчунин ба кашиши мушакхои скелет (ба рагхои лимфави тазик меоранд) ва харакати девораи худи рагхо вобаста аст. Клапанхое, ки дар рагхои лимфави вучуд доранд, ба харакати баръакси он монеъ мешаванд.
Таркибу хусусияти Л. аз моеи бофтахо ва плазмаи хун (микдори ками сафеда, вазни хоси хурд, дарачаи пасти часпаки ва г.) фарк мекунад. Тахмин меравад, ки бадани одам 1 – 2 л лимфа дорад. Л. бо мурагхо, рагхо ва шохахои лимфави харакат карда, ба хуни сиёхраг (вена) хамрох мешавад.
Худи лимфа аз моеъ (плазмаи лимфави) ва унсурхо иборат аст. Дар таркиби плазмаи лимфави сафедахо, глюкоза, моддахои лимфави, равган вучуд доранд. Ба унсурхои таркиби Л. лимфоситхо, моноситхо ва баъзе навъхои дигари лейкоситхо мансубанд. Хангоми пурзур гаштани кори хар кадом узв дар он лимфа бештар пайдо мешавад. Гайр аз ин, микдору таркиби химиявии лимфа, аз чумла фоизи равгану сафедаи он, ба хусусияти мубодилаи моддахо ва фаъолияти узв вобаста аст. Мас., баъди истеъмоли таоми серравган, бинобар дар рагхои лимфавии руда афзудани равган ранги Л. сафед мешавад. Л.-е, ки аз гадудхои тарашшухи дохили чори мегардад, микдори муйяни гормонхоро дорад. Микдори зиёди лимфоситхо ба Л. аз укдахои лимфави меоянд. Л. таввасути укдахои лимфави борхо соф ва аз бактерияю заррахои халношуда, хамчунин моддахои зарароваре, ки аз бофтахо ба он мегузарад, озод мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …