Главная / Илм / ЛЕЙКОСИТХО

ЛЕЙКОСИТХО

leykosithoЛЕЙКОСИТХО, чисмчахои сафеди хун; хучайрахои беранг буда, ядро ва ситоплазма доранд.Дар таркиби 1 мм3 хуни одами солим 5000 – 8000 (яъне нисбат ба эритроситхо 600 – 800 маротиба камтар) Л. мавчуд аст. Л. дар магзи устухон, гирехи лимфа ва сипурз хосил мешаванд. Онхо донадор (гранулоситхо) ва бедона (агранулоситхо) мебошанд.
Эозинофилхо (мас., эозин), базофилхо (мас., синкаи метилен) ва нейтрофилхо мансуби Л.-и донадоранд. Микдори нейтрофилхо аз таъсири сироят, беморихои шадиди шуш ва узвхои дигари дохили (мас., эндокардит, аппендисит ва г.) ва микдори эозинофилхо, одатан, бинобар хассосияти баланди организм, бештар дар мавриди касалихои аллерги (экзема, зики нафас), кичча, инчунин аз барзиёд истеъмол кардани антибиотикхо меафзояд. Агранулоситхо ба лимфоситхо ва моноситхо чудо мешаванд. Баъзе намудхои Л. аз руи фоиз таносуби муайян доранд, ки формулаи Л. меноманд. Дуруст муайян намудани формула барои ташхиси бемори мухим аст. Микдори Л. метавонад дар давоми руз тагйир ёбад. Хангоми кори чисмони ва баъзе беморихо Л.-и хун зиёд мешаванд (ниг. Лейкоситоз). Камшавии Л.-ро лейкопения меноманд. Л. мавчудоти ба организм дохилшударо нест мекунанд.

Намуди лейкоситхо Микдор
Базофилхо
Эозинофилхо
Нейтрофилхои чавон
Нейтрофилхои каламчаядро
Нейтрофилхои сегментядро
Лимфоситхо
Моноситхо 0,5 – 1
2 – 4
0 – 1

3 – 5

51 – 67
21 – 35
4 – 8

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …