Главная / Маданият ва санъат / КУРЪОН – КИТОБИ МУКАДДАСИ МУСУЛМОНОН

КУРЪОН – КИТОБИ МУКАДДАСИ МУСУЛМОНОН

Хар як дин дорои коидахо ва таълимоти махсусс мебошад, ки дар китоби мукаддаси он дин дарч гардидааст. Масалан, китоби мукаддаси зардуштиён – Авасто, яхудиён-Таврот ва масехиён Инчил мебошад. Китоби мукаддаси мусулмонони тамоми чахон Курьони мачид мебошад. Ин китоб мавриди эътикоду эхтироми бепоёпи мусулмонони тамоми чахон аст. Дар хона аз руи эътикод Куръои бояд дар чои тоза ва баланд нигох дошта шавад ва пеш аз ба даст гирифтани китоби мукаддас бояд одоби махсуси он риоя гардад. Куръони карим дар нимаи аввали асри VII нозил шудааст.

Куръони карим китобест дорои калкаломи олохи. Он, мутобики ривоятхо вахйи ба Мухаммад салаллоху алайхи васаллам /а/ расидаро фаро гирифтааст. Он «вахйи аз Аллох таъоло ба воситаи Чабраил (а) ба Мухаммад /с/ расидааст.

quron

Холатхое, ки сурахо ба Мухаммад /с/ вахй мешуданд, мувофики ривоятхо гуногун мебошанд; аввалан, бевосита дар бемори дар вохури бо Чабраил, сониян, ба воситаи шунидани овозе аз гайб, солисан, дар хоб.

Муаллифони исломи ба тарзхои мухталиф вахйи Мухаммад /с/ гирифтаро шарху тафсир медиханд. Яке вахйро хоси холати рухи, дигаре онро барои анбиё дар хама маврид чоиз ва олитарин зинаи маърифат медонанд,  Доир ба ин масъала дар байни равияхои гуногуни мазхаби, фалсафи шарху  баёнхои мухталиф вучуд доранд. Аз чумла ашъария, муътазилия, мотуридия, сунни, шиа, исмоилия, мактабхои фиххи: ханафия, ханбалия, моликия, шофиия ва гайра фикрхои мухталиф баён кардаанд. Пайдоиши китоби “мукаддас”, абадияту ходисияти /офариниши/ бахсхои бештару доманадортареро ба вучуд овардааст.

Дар асрхои миёна бахс пиромуни азалият /кадим будан/ ва махлукияти /ходис будани/ Куръон хеле вусъат пайдо намуд. Он хатто аз доираи бахси гояви берун рафта, дар баъзе маврид задухурдхои сиёси, низову кашмакашхои мазхабиро дар байни чараёну фиркахои гуногун ба вучуд овард. Дар натича хар кадоме аз онхо, вакте ки кудрати сиёси ба даст меоварданд, мухолифони худро ба куфру бидъат гунахкор сохта, акидаи худро ба онхо тахмил мекарданд ва хатто чисман махв менамуданд. Масалан, дар давраи зиёд шудани нуфузи муътазила дар замони хукмронии халифа Маъмун /асри IX/ тарафдорони акидаи кадимият ба азобу шиканча гирифтор шуданд. Муътазилиён, як навъ махкамаеро бо номи «мехна» (мехнат) барои таъзиби (азоб додан, яке аз шаклхои инквизитсия) мухолифонашон ба вучуд оварда буданд ва  баръакс, баъди зиёд шудани нуфузи ашъария, муътазилихо мавриди таъкиб карор гирифтанд. Муътазилихо Куръонро ходис шумурда, онро офаридаи худо медонистанд, вале ашъария ва тамоми ахли калом кадиму азали будани Куръони каримро таъкид мекарданд.

Ба тахкики таърихи пайдоиши Куръон ва шархи илмии он дар Шарку Гарб мухаккикони зиёде даст задаанд. Хусусан ховаршиносони Гарб ба тахлили филологию таърихии манбаъ зиёд машгул гаштаанд.

Тахкики масоили исломи ва манбаи асосии он – Куръони карим аз асрхои миёна Сар карда, хеле вусъат пайдо мекунад ва хусусан дар давраи Эхё асаре, ки дар асри XVII дар Европа шухрату нуфузе дошт, асари муаррихи англис Вилям Мюр «Хилофат – пайдоиш, таназзул ва инкироз» буд. Асари дигари хамин муаллиф доир ба тарчумаи холи Мухаммад /с/ хеле нуфузи зиёде дар доирахои илми пайдо кард. Дар омузиши филологию таърихии Куръон хиссаи зиёди Август Мюллер,

Нелдеке, Кремер, Голдсиер, Генрих Ламменс, Д. Эрбело, Каэтани, Бро-келман, Массэ, Метс ва гайра гузоштанд. Адади ин мухаккикон хеле зиёд аст. Асархои онхо чихатхои гуногуни таълимоти Куръонро тахлил кардааст.

Куръон кайхо боз ба аксари забонхои кишвархои аврупои тарчума ва нашр шудааст. Аввалин тарчумаи пурраи Куръон дар Европа дар асри XII аз тарафи Венерабле ба лотини анчом гирифтааст.

Аз тарчумахои бехтарини дар асри мо анчом гирифта, тарчумахои англисии Ричард Велл /1937-1954/, Артур Арберри /1953-1955/, франсавии Рижи Блашер /1959/ ва гайраро номбар кардан мумкин аст.

Аз шаркшиноси рус, ки ба тадкику тарчумаи Куръон машгул шудаанд, Г.Саблуков, В.В.Бартолд, Ю.А.Крачковский «а гайра мебошанд. Бисёр мухаккикони рус дар мавриди тадкики ислом доир ба таърихи пайдоиши Куръон фикрхои муфид баён кардаанд. Асархои пуркимати шаркшиносони маъруфи рус П.Светков, С’.Глаголов, Кримский А.Ч. ва гайра дар омухтану тадкики Куръон кумак мекунанд.

Аз муаррихони асримиёнагии Шарки наздику Миёна Ибни Надим, Табари, Ибни Масъуд, Ибн ал-Асир, Ибн ал – Кифти, Ибни Хурдедбех, Ибни Ибни Халликон, Мискавайх ва гайра доир ба Куръон рисолахои махсус таълиф намудаанд. Адади уламо, пешвоёну идеологхои мазхабу чамоатхои дини, ки имруз дар кишвархои Шарки хоричи дар бораи Куръон тадкикот мебаранд ва асархо эчод мекунанд, хеле зиёд аст. Факат хаминро зикр карданием, ки алхол аз марказхои тадкикотию

ташкилотхои исломи, Ташкилотхои конференсияи исломи, Конгресси исломи, Чомеаи исломии Покистон, университети Ал-Азхар, хавзаи илмии Кум, Лигаи чахони ислом ба тахкики Куръон ва макоми он дар хаёти маънавии халкхои Шарки Наздику Миёна машгуланд. Ахамияти зиёдеро барои фахмидани мазмуни Куръон тафсирхо бози мекунанд. Аз мухимтарин ва барчастатарин тафсирхое, ки дар байни мусулмономи Осиёи Миёна, Афгонистон, кисман Эрон шухрат доранд, тафсирхои Табари, Хоча Абдуллохи Ансори, Тирмизи, Хусайни Воизи Кошифи, Байзови, Чалолайн хастанд. Ин тафсирхо ба ду гурух чудо мешаванд, тафсирхое, ки ба забони араби ва тафсирхое, ки ба форси таълиф шудаанд.

Илова бар ин дар байни пайравони баъзе фиркаю гуруххои мазхаби, аз чумла исмоилия ва суфия таъвили Куръон маъруф аст, ки он хам як навъи тафсир аст. Ба тахлилу тарчумаи Куръон имруз хам бисёр мухакикон, даст мезананд. Хусусан дар олами Шарк, дар ду дахсолаи охир микдори чунин тадкикотхо дучанд гаштаанд. Аксари онхо ба равшан сохтани кимати фарханги, илми ва динии, Куръон равона шудаанд.

Аз таърих маълум аст, ки пайгамбарии Мухаммад (с) дар чихилсолагии он пшапш он Хазрат шуруъ шуда буд. Ривоятхои муаррихони исломи огози чунин фаъолиятро ба илхоми илохи, ки ба Мухаммад фуруд омада буд ва вахйе, ки Чабраил /а/ ба Мухаммад /с/ дар гори Хиро ва сипас дар манзилаш расонида буд, алокаманд медонанд.

Дар ривоятхо оварда шудаанд, ки Мухаммад дар гор аз мардум дури чуставу гушанишини мекард ва боре ба тарс аз хоб бедор меша-над, ки ин тарс аз хайбати Чабраил /а/ будааст. Ин ходисаро ба занаш Хадича накл мекунад сипас чунин ходиса борхо такрор мешавад ва нихоят мулокоти Чабраил /а/ бо Мухаммад /с/ барпо мегардад. Пайвас- бо дидану шунидани Чабраил /а./ аз вахй огохи меёбад. Ин му-локотхо гох дар бедори ва дар хоб, ки онро муаллифони исломи руъёи

Мухаммад /руъёи содика/ меноманд, барпо мешаванд. Дар давраи хаёти Мухаммад /с/ Куръони карим дар шакли китобе тартиб дода нашуда буд. Хамаи масъалахоро Мухаммад /с/ аз руи макоми худ хамчун пайгамбар халлу фасл менамуд.

Баъд аз вафоти паёмбар Мухаммад (САВ) /дар соли 632/ зарурати чунин кор ба вучуд омад. Оятхои Куръонро, ки аз тарафи Мухаммад /с/ ба забон оварда шуда буданд, дар вакташ котибон сабт карда буданд. Худи Мухаммад /с/ чизеро бо дасти худ нанавиштааст.

Аз ин чо масъалаи савод доштан ва надоштани Мухаммад /с/ низ мавриди бахси баъзе аз уламо гардидааст. Дар хар сурат хазрати Мухаммад /с/ ба гуфти мухаккикони исломи ва Куръони карим умми, яъне бесавод буд.

Аввалин тартиби аз худ кардани Куръон шунидани сурахо ва оятхо аз забони хазрати Мухаммад /с/ буд. Худи у ба ёрону наздиконаш оятхоро мегуфт, онхоро шифохан таълим медод ва чандин нафар аз онхо дар ин кор, яъне азбар кардани сураю оятхои Куръон, шухрати фаровоне доштанд.

Масалан, дар Макка Мусъаб ибни Умар ва Ибн Умми Мактум. Ёрону тарафдорони хазрати Мухаммад /с/ ба гушаю канорхои кишвари Араб рафта он чиро, ки аз Мухаммад /с/ шунида, азёд карда буданд, ба дигарон таълим медоданд.

Дар давраи зиндагонии Мухаммад /с/ кушиш карда шуд, ки сураю оятхо китобат шаванд ва дар назди котибону ёрони пайгамбар нигахдори гарданд. Дар ин бора сарчашмахои таърихи маълумоти муфассал додаанд.

Аз чумла “Тафсири Табари”, «Ал чомеъу – с – сахех» – и ал – Бухори, “Ал – фатху – л – Бори” -и Ибни Ал – Хачр ва гайра. Аз руи ин сарчашмахо шахсони китобаткунандаи Куръон хафт нафар буданд ва номхои онхо низ зикр шудаанд. Инчунин ёрони пайгамбар хам як кисми Куръонро навишта бо худ нигах медоштапд, харчанд дар навиштахои онхо тартибу пайдархамии сураю оятхо риоя карда намешуд, зеро навиштахои онхо мутобики он чи буд, ки онхо азёд карда буданд ва дар вакти мусоид онро мутобики он ки дар хотир доштанд, китобат мекарданд. Чамъан 43 нафар ба тартиб додани Куръон чалб шуда буданд.

  1. Оятхо ва сурахо дар руи чиз навишта шуда буданд: чуб, санг, пуст ва гайра.

Баъди вафоти Мухаммад /с/ аз давраи Абубакри Сиддик /р/ сар карда, чамъоварии Куръон огоз меёбад.

Дар давраи Абубакр бо пешниходии Умар ба тадвини Куръон дар як китоб шуруъ карда шуд. Ичрои ин кор ба Зайб супорида шуд. У сураю оятхоро аз навиштахои гуногун чамъ карда ба як Мусхаф гирд овард.

  1. Мусхафи мазкур дар дасти Абубакр, сипас, Умар ва духтараш Хафса нигох дошта мешуд.

Усули кори Ибни Собит чунин буд, ки агар ду нафар шохид намешуданд, ки ин ва ё он оят дар хузури Мухаммад /с/ навишта гирифта шудааст, у онро намепазируфт. Аввалин нусхаи китоби Куръон то замони Усмон /р/ омада шуда буд ва пас Усмон /р/ онро аз Хафсадухтари Умар/р/ зани пайгамбар дархост карда, фармуд, ки аз он нусхабардори намоянд ва он нусхаро дубора ба Хафса баргардонд. Дар давраи Усмон /р/ худуди хилофат хеле васеъ гашт.Ба хилофат мардуми дорои маданият, забон, урфу одатхои мухталиф хамрох шуданд, ки аз асли Куръони карим бехабар буданд.

Зарурати вучуди Мусхафи ягона ва равиши ягона ба миён омада буд. Бинобар он бо супориши Усмон /р/ гурухе ташкил ёфт ва Мусхафи каблан омада кардаи Зайд ибни Собит дар ихтиёри онхо гузошта шуд, то аз он рунависи кунанд.

Саъд ибни Убайд,ки овозу кироаташ ба Мухаммад /с/ монанд буд, оётеро мехонд ва Зайд ибни Собит менавишт. Хамин тавр, матни нусхаи охирини Куръон омода карда шуд, ки онро Куръони «Усмони» гуфтанд.

Вакте ки бори аввал сурахо ва оятхо дар давраи Абубакр /р/ ба як чилд чамъовари шуд, аввалин Мусхаф ба маънии сахифахои як мукова ба вучуд омад. Мутобики маълумоти сарчашмахои дини, хусусан тафсирхо зиёда аз 90 номи Куръон вучуд дорад, ки дар асл аксари онхо аз руи сифати ин китоб гузошта шудаанд. Калимаи «Куръон» каблан ба маънии хондан ва хам китоб дар арабхои чохил вучуд дошт ва дар худи Куръон, аз ин калима 58 бор ёд шудааст. Аз чумла ба маънии пайрави кардан, дунбола кардан, хондан, хаммонанд ва гайр. Аз руи ривоятхо Куръон дар мохи рамазон ба Мухаммад /с/ нозил шудааст.

Баъди ба вучуд омадани нусхаи усмони бо фармони Усмон /р/ сахифахо, пустхо, нусхахои дигари ояту сурахо сузонда шудаанд, то ки дар байни мусулмонон дар ин мавзуъ ихтилофоте ба вучуд наоянд. Аз руи нусхаи нави омодашуда, нусхахои дигари китобат гардиданд ва ба гушаю канорхои мамлакати исломи фиристода шуданд. Куръон ба хати маъмули арабхо, бо усули усмони навишта шуда буд, яъне услуби усмони дар он зохир мегардид, ки калимахои на хамеша тавре навишта шудаанд, ки талаффуз мешуданд, Кироати Куръон низ ба тарзи махсус Буда, танвинхо хамеша талаффуз намешуданд. Усмон /р/ худ намунаи тиловати Куръонро нишон додааст ва хангоми яке аз ин тиловатхо кушта шуда, хунаш руи Мусхаф рехтааст. Он нусха аз мукаддастарин ва боэтибортарин нусхахо мебошад.

Кироати Куръон хамеша аз масъалахои мухими таълими ислом буд, зеро ба ислом халкдо ва мардумоне ру оварданд, ки аз забони араби бехабар буданд ва хондани китоби мукаддас ба забони ба онхо ноошно душворихои зиёде пеш меовард.

Илова бар он Куръони карим дар аввал ба хате навишта шуда буд, ки на нукта дошт, на харакатхо (фатха, касра, замма ва танвин) ва ин душвориро дар мавриди хондани матн бештар месохт. Бинобар он эъроб /яъне харакат ва нуктахо/ бори аввал дар давраи халифаи дуввум хазрати Умар гузошта шуд ва сипас пайваста ин кор то асри IХ-Х рушду такмил ёфт.

Дар айни замон дар тамоми раванди такмили эъробгузори ва осон сохтани кироати Куръон мухолифони он низ бисёр буданд ва нусхахое дар асрхои Х-ХII дучор меоянд, ки нуктагузори ва харакатгузори нашудаанд.

Гузоштани унвон ва таксими Куръони карим ба чузъхо баъдтар, дар асрхои VШ-IХ, анчом гирифтааст. Холо Куръони каримро ба cи чузъ таксим мекунанд ва вакте ки “чузъи Куръон” мегуянд, як сиюми онро дар назар доранд. Дар байни мусулмонони Осиёи Миёна, Афгонистон, Хиндустон ва дигар минтакахо хафтяки Куръон дар шакли китоби алохида таълим дода мешавад. Куръон аз 114 сура ва 6236 оят иборат аст. Аз руи ривоятхои мактабхои васра, Макка, Мадина дар сарчашмахо адади оятхоро гуногун нишон додаанд: 6204, 6226, 6232 ва дар чопхои хозираи Куръон, ки хама дар асоси чопи нави Миср анчом ёфтааст, 6236 оят хаст.

  1. Сурахоро аз руи макон ва замони нузулашон ба ду гурухи асоси таксим мекунанд: сурахои дар ш. Макка нозилшуда ва сурахои дар ш. Мадина нозилшуда. Сурахо аслан бобхои ин китоб мебошанд ва аз чихати мазмуну шакл бо хам робитаи кави надоранд. Номи сурахо низ ба мазмуни онхо чандон иртибот надорад.

Маънои лугавии калимаи “сура” макоми баланд, шараф, чох, манзалат аст. Хар як сура дар Куръон номи худро дошта бошад хам, дар китобхои дигари дини, тафсирхо ба онхо мутобики мавкеашон номхои мухталифи дигар хам гузоштаанд. Масалан, сураи “Фотеха”, ки бо он Куръони карим огоз мешавад, инчунин бо номхои “Умму – л -Куръон”, “Умму – л – китоб”, “Хамд”, “Сабъу – л – масони”, “Асос”, “Тахарруз”, “Хамди аввал”, “Салот”, “Ибодат”, “Тафвиз”, “Муночот”, “Вофия”, “Хидоят” ва гайра зикр гаштааст. Хамин тавр дигар сурахо хам дар тафсирхо номхои гуногун доранд.

Аз руи микдори оятхо низ сурахо хеле аз хам фарк доранд. Кутохтарин сура, сураи “Кавсар” се оят ва калонтарин сура “Бакар” 286 оят дорад. Аз руи хачму мавкеъашон сурахо ба чор гурух таксимбанди шудаанд: ас – сабъу – т- тивол /хафт сураи дароз/, ал – миъун /сурахои сад оят дошта/, ал – масони /ду даста ё гурух шуда, яъне пас аз он ду гурух карор мегиранд/, ояту – р – рахмат ва ояту – л – азоб/, ал – муфас-сал фасл туда, чудо /сурахои кутохе, ки дар охири Куръонанд/. Илова бар ин сурахо аз руи калимахою иборахои аввалинашон низ гурухоро ташкил додаанд. Масалан, сурахое, ки бо “кул” / “бигу/ огоз меёбанд.

Оятхое, ки дар як сура хастанд, мазмунан бо хам метавонанд иртибот надошта бошанд. “Оят” дар лугат маънихои зиёде дорад. Аз чумлаи маънихои он инхо мебошанд: муъчиза, нишони ва аломат, ибрат, шигифт, далел, достону кисса ва гайра. 1. Оятхо метавонанд аз як калима иборат бошанд ва метавонанд, ки чумла ва бештар аз он бошанд. Аввалин оят садри сураи “ал – Алак” /”Хуни баста”/ – ро гуфтанаад, харчанд ки дар хусуси аввалин оят низ фикрхои гуногун вучуд доранд. Дар бораи охирин оят хам бахсхо аст.

Оятхо аз руи сабабхои нузул нишон медиханд, ки Мухаммад ба тадрич хукмхоро дар ин ва ё он масъала гирифтааст, масалан дар бораи харом будани май. Маълум аст, ки ояти 219 сураи «Бакара» холо майро тамоман харом нагуфтааст. 1. туро аз май ва кимор мепурсанд, бигуй дар ин ду гунохи бузург аст ва мардумонро дар он манфиатхо. Аммо гунох аз манфиати онхо бузургтар /бештар/ аст. 2. Дар оятхои баъдина масъала ба тарзи дигар матрах мегардад ва ба шахси майхурда намоз хонданро харом шумурда, омадани каси майнушидаро ба мавкеи намоз манъ мекунад.

3. нихоят дар ояти дигар машгул шудан ба кимор ва май нушиданро катъиян манъ мекунад: «Эй, муъминон, чуз ин нест, ки май ва кимор ва нишонахои маъбуди ботил фол ва тирхои палид аз корхои шайтон аст, аз он пархез кунед, то растагор шавед (Сураи «Моида», ояти 90).

4. Дар куръони карим чандин оятхои ба хамдигар вобаста хастанд, ки онхоро носих ва мансухмегуянд, яъне бо нузули ояти дигар хукми ояти собик бекор шудааст.

Талабот ба тафсир хангоми мутолиаи Куръон хамеша вучуд дощт. Хамин талабот аз бисёр чихат тафсирхои бешумори Куръонро ба вучуд овардааст, хам тафсирхои мухтасар ва хам тафсирхои муфассал.

Чигунагии тафсири Куръон, мазмуни он ба мазхабу равияхои ислом алокамандаст. Намояндаи хар равияву мазхаб ба тарики худ, мувофики акидаи динии чараёну мазхаби худ Куръонро тафсир кардааст. Хатто дар доираи як чараён хам тафсирхо вобаста ба тахаввулоте, ки дар ин ва ё он давру замон ба миён омадаанд, фарк доранд. Масалан, тафсирхои хозираи чараёни сунни ё шиа аз тафсирхои кадимаи ин чараёнхо фарки хеле зиёд доранд, ки сабаби ин фаркият, албатта, тагйиротхои азими ичтимои, инкишофи илму техника мебошанд.

Аз байни тафсирхои зиёди кадимаиу хозира, танхо ду тафсир, ки холо дар байни диндорони Чумхури шухрати зиёд доранд, яке аз онхо “Тафсири Чалолайн”, ки ба забони араби аст ва дигаре “‘Тафсири Хусайни”, ки ба форси – точики аст. Барои намуна, мухтасари чанде аз сурахо пешниход мешавад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …