Главная / Илм / КУРМУШ дар Канзи Шифо (Китоб)

КУРМУШ дар Канзи Шифо (Китоб)

kurmush-660x330Курмуш чонвари бадбу, бечашм, дум ва похои он аз ин узвхои муш кучактар, хокистариранг, вале ба кавле чашми он дар зери пусташ чой гирифтааст. Дар заминхои намнок мешавад, пайваста заминро сурох мекунад ва решахои гиёх ва дарахтонро мехурад, хусусан кисми замини — пиёзи гандано ва пиёзро дуст медорад, ки бихурад. Агар гандано ва пиёзро ба дахани сурохаш бигузоранд, ба буйи он берун меояд.

Мизочи курмуш багоят гарм ва хушк, аз чинси захрхои каттол аст. Хислатхои шифобахши он: хуни тарафи дунболаи онро бимоланд, гули чашмро дафъ мекунад ва пусти баданро аз догхои гуногун пок менамояд, хатто холро хам бармедорад, ханозерро (хукгарданро) тахлил медихад.

Магзи сари онро бо равгани гули сурх даромехта бимоланд, хуни бини ва хунравиро аз хар мавзеъ, ки бошад, катъ мекунад, варамхо ва ханозерро тахлил медихад; барои нест кардани догхои пес, доги сафед, шукуфаи пуст, доги кунчидак ва хар чи аз бадан барояд, давои бехамто мебошад. Хунаш хамчунин таъсир дорад.

Сари онро сухта, бо зоки сафед ос карда, чун дар гуш ё дар бини гузоранд — хардуро, ки бадбу бошад, буйи бадашро дафъ менамояд; агар ба гардани бемори таби дуруздармиён банданд, аз иллат шифо меёбад. Инро бимоланд, барои дарди сар даво мебошад.

Сари курмушро сузонида, худро ба дудаш бидоранд, душвории шошиданро ба ибро меоварад.Захраи онро бо оби решаи юнучка даромехта, дар бини резанд, кач шуданн руйро сихат мебахшад. Лаби болои онро ба худ овезанд, таби дуруздармиён ва саръро шифо мебахшад, дандони тифлон ба осони мебарояд.

Дандони онро ба миёни мардуми пурозор партоянд, зуд хамаи онхо пароканда мегарданд, инчунин равгани онро дар оташ андозанд, хамин тавр ходиса руй медихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …