Главная / Илм / КАДУ

КАДУ

kaduКАДУ (Cucurbita maxima; C. moschata), растаниест яксола; зироати маъмул. Палакаш дароз, баргаш содаи яклухт ё панчашакл, гулаш калон, зард, норанчи, самараш калон ва шаклан гуногун. Аз К. таомхои лазиз мепазанд. Дар таркиби он канд, охар, моддахои пектини, сафеда, намакхои минерали (бахусус фосфор, охан), витаминхои С, В1, В2, РР мавчуданд. Донаи К. равган ва сафеда дорад.
Бино ба навиштаи Абуалии Сино табиати К. хунук ва тар аст. у К.-ро барои меъдаи наврасону чавонон зиёновар мехисобад. Чушоби К. давои сурфа ва дарди сина аст. Афшураи бо равгани гули садбарг омехтаи К. дарди гушро таскин мебахшад, барои беморихои гулу муфид аст. К. шахватро паст мекунад.
Мувофики маълумоти Мухаммад Хусайни Шерози (а. 18) К. чисмро сард карда ба он таквият мебахшад, бинобар ин барои одамони мизочашон гарм муфид аст. Он кабзиятро рафъ месозад, пешобро ронда рударо мулоим мекунад, зардпарвин ва табларзаи шадидро шифо мебахшад. Истеъмоли К. баъзан боиси халаи руда мегардад. Бо максади бартараф намудани таъсири номатлуби К. ба он илова намудани афшураи гураи ангур, анор, сирко, бихи, сир, занчабил, наъно, зира ва хардал муфид аст. Табибони кадим К.-ро барои одамони меъдаашон сард, яъне барои ашхоси гирифтори гастрит ва захми меъдаву рудаи дувоздахангушта зиёновар мехисобиданд.
Табибони халки магзи дар об пухтаи К.-ро барои одамони гирифтори беморихои камхуни, зардпарвин, сил, хангоми кабзият, чун воситаи пешоброн хангоми варами чигар ва гурда тавсия медиханд. Онхо бо мархами магзи хоми К. чарохату захмхои сухтаи пустро табобат мекунанд, доги кунчидак ва гармичаро меравонанд. Донаи К. давои хуби киччарон аст.
Дар тибби илми магзи К. ба сифати гизои пархези истифода мегардад. Бо донаи он кирмхоро аз организм хорич мекунанд. Магзи дар об пухтаи К., махсусан шарбати тозаи он, кори рударо бех месозад, хангоми колит ва кабзият муфид аст. К. камгизо аст, бинобар ин истеъмоли онро барои одамони фарбех тавсия медиханд. К. пешобро меронад, аз ин ру барои аз организм хорич сохтани намакхо мусоидат мекунад. Бинобар ин истеъмоли он ба ашхоси гирифтори беморихои чигар, гурда ва дилу рагхо муфид аст.
Ба акидаи табибони халки истеъмоли К. барои беморони кулинч (колит) зарар дорад, зеро худи К. пайдокунандаи кулинч аст. К.-ро куфта ё тарошида ба пеши сар гузошта банданд, бехобиро дафъ мекунад, дарди сарро таскин мебахшад. Бо оби К. гаргара кунанд дарди гулу шифо меёбад. Гушти К.-ро хушконда чун орд махин куфта, дар дег бирён карда бихуранд, дарунро мебандад, фишори хунро паст мекунад. Пусти хушки К.-ро куфта бихуранд, барои бавосир ва хунравии узвхои шикам даво аст. Магзи тухми К.-ро бихуранд, баданро фарбех мегардонад, барои дафъи дуруштии узвхои даруни сина, хунрави аз шуш, сурфаи гарм, ташнаги, захми руда даво мешавад.
Ад.: Хикмати арсхо (мураттибон Капранов В. А., Хошимов Р.), Д., 1975; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …