Главная / Маданият ва санъат / Истифодабарии асбобхои ошхона дар дастурхон

Истифодабарии асбобхои ошхона дар дастурхон

Тартиби ороиши дастурхонро барои нахори, пешин, шом, иду айём донанд. Барои ин албатта коидахою вазифаи истифодабари ва муносибат бо асбобхои ошхона ва лавозимоти ошхонаги ё баъзан асбобхои ёрирасони мегуянд, (кошукча, корд, чангак ва гайра) донистан лозим.

Баъзан фикр мекунанд, ки ичрои коидахои таомхури, истифода бурдани кошук, чангак, корд, донистани коидахои истифодабарии онхоро зарур намешуморанд, баракс онхоро проссеси изофаги ва нолозими дар таомхури мешуморанд. Аммо ин одоби кабулшуда дар таомхури асрхо инчониб чун коидае мебошад, ки он дар амалия санчида шудааст. Асбобхои ошхонаги маданияти таомхуриро нишон медиханд.

dasturx

Коидахои дуруст истифодабарии онхо на факат барои ба завк овардани атрофиён, балки маданиятнокии шахсро нишон медиханд. Агар чангакро бо ангуштони даст нагирифта, бо дигар холат гирем, оринч бардошта мешавад, ки ин ба хамрохи нишастаамон халал мерасонад. холати чойгиршавии асбобхои ошхона (кошук, корд, чангакро) бо маданият таомхуриро нишон медихад. Барои ин корд, кошук, чангакро бо табаки истифодашаванда мувози мегузоранд.

Табакчаро дар ин холат аз худ намегечонанд, агар таомхуриро тамом накарда, каме дам гирифтани бошед, он гох корд ва чангакро бо нугаш ба канори табакча, ё ки хар дуи онро барои тоза нигохдории дастархон дар шакли зарб ба дохили табакча мегузоранд. Ин коидахоро риоя кардан душвор нест. Факат дар вакти истифодабари каме зираки ва хушзехни риояи ин коидахоро осон мекунад. Дар вакти зиёд будани табакча, кошук, корд ва чангак дар мизи идона табакчахоро дар масофаи 3-5 см аз канори миз мегузоранд.

Асбобхои хурокхури (корд, кошук, чангак)-ро ба канори табакчахо мегузоранд, баъд паи хам мувофики вазифаашон гузошта мешаванд. Дар тарафи рости табакча кордро мегузоранд, ки тегаш ба табакча нигаронида шуда бошад. Ба канори табакча наздик кошуки таомхуриро бо тарафи барчаста (вогнутой) ба поён ва чангак бо тарафи дандонхояш ба боло аз тарафи чап ба канори табакча мемонанд гузошта мешавад. Ба он наздик барои таоми дуюм ва баъд барои хуришхо асбобхои бокимонда таомхуриро барои десерт бо болои табакча гузошта мешавад.

Хамчун ороиши мизи идона дастархони сафеди тоза дарзмолкардаро меандозанд. Дастурхони дигар хел рангро бо гулдузи ва бо хар гуна ороишот хам истифода мебаранд. Таомхоро дар вакти омадани мехмон ё дар вактхои муайян оварда медиханд. Агар таомхо ба табакча гузошта шуда бошад, онхоро аз тарафи рости мехмон дароз мекунанд.

Агар ба табаки умуми додан лозим бошад ва хар кас худ мегирифта бошад он аз тарафи дасти чап дода мешавад. Умуман ороиши дастархони рузи мавлуд дар як миз тартиби якхела вазифа ва истифодабарии асбобхои ошхона: кошукхо, кордхо, чангакхоро, ороиш бошад (якхела) асбобхо, дастархон ва сачокча (салфетка) гузошта шуда бошад. Хонандагон бояд донанд, ки баъзан барои осон фарк кардани асбобхои ошхона аз дигар асбобхои ёрирасони таомхури, яъне кадом таомро чи хел ва бо чи мехуранд бояд донанд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …