Главная / Гуногун / Инкилоби Филиппин

Инкилоби Филиппин

То мохи августи соли 1896 тайёри ба шуриши мусаллах хануз ба охир нарасида буд. “Катипунан” ба микдори зарури силох хам надошт. Хамин вакт дар бораи накшаи шуриши “Катипунан” хоине ба хукуматдорони мустамликави хабар медихад. Аз хамин сабаб зарурат ба миси омад, ки шуриши ярокнок таъчилан огоз карда шавад.

23 августи соли 1896 Бонифасио аз дехкадаи дурдасти хурди Балинтавак ба халк мурочиат кард, ки ба шуриши мусаллах бархезад. Ин мурочиат дар таърихи Филиппин бо номи – “Даъвати Балинтавак” машхур аст. Кариб хамаи созмонхои махаллии “Катипунан”, аз он чумла дар Лусони Маркази ва Чануби ва хатто дар чазирахои дурдасти Минданас ва Сулу ба шуриш бархостанд.

revolution-filippin

Хукуматдорони испани бар зидди иштирокчиёни инкилоб террори вахшиёнаро огоз намуданд. Бисёр аъзоёни “Катипунан” дастгир ва ба катл расонида шуданд. 30 декабри соли 1896 Рисал хам катл карда шуд.

Дар масъалаи усули мубориза дар “Катипунан” ду чараёян пайдо мешавад. Бонифасио ва Агиналдо рохбарони ин ду чараёян ба хам мукобил буданд. Ба Агиналдо муяссар шуд, ки дар байни шуришчиён тавассути хилаю найранг обруи калон пайдо намуда, “Катипунан”-ро бархам занад. Бо фармони Агиналдо 10 майи соли 1897 Бонифасио парронда мешавад. Баьди ин рохбарии инкилоби Филиппин ба дасти Агиналдо мегузарад.

Мубориза дар байни инкилобчиён пахш кардани инкилобро осон кард. Дар баробари пахши шуриш ва террори иштирокчиёни он испанихо нагз мефахмиданд, ки ин шуришро танхо тавассутн силох шикаст додан мушкил аст. Барои гуфтушунид яке аз иштирокчиёни собики ислохотхохон Пелта Патерно дар байни Агиналдо ва генерал-губернатор Примо де Ривера миёнарав шуд. Хамин тарик, гуфтушуниди ду тараф огоз ёфт. 18 ноябри соли 1897 дар кароргохи хукумати инкилобии Биакиа-Бато конститутсияи аввали Чумхурии Филиппин эълон карда шуд. Дар ин чо дар бораи катъи муборизаи ярокнок филиппинихо низ созишнома ба имзо расид. Аз тарафи худ хукуматдорони испани ухдадор шуданд, ки зарари ба филиппинихо расидаро чуброн мекунанд. Агиналдо ва хамсафони у мамлакатро тарк намуданд. Хамин тарик, рохбарони инкилоб ба халки Филиппин хиёнат карданд. Вале хиёнати Агиналдо ва хамсафони у ба муборизаи инкилобии халки Филиппин нукта нагузошт. Аллакай мохи феврали соли 1898 муковимати мусаллахонаи зидди Испания дар якчанд нохияи мамлакат аз нав огоз ёфт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …