Главная / Гуногун / Иктисодиёти Чумхурии Халкии Хитой

Иктисодиёти Чумхурии Халкии Хитой

Чумхурии Халкии Хитой (Чин). Дар холати низоъхои тичорати бо ИМА карор доштан Чумхурии Халкии Хитой ин кишвар кушишхои худро бахри хавасмандгардонии афзоиши талаботи дохили хамчун махаки омили иктисодиёт равона намудааст.

Дар нимсолаи якуми соли чори иктисодиёти Чумхурии Халкии Хитой 6,5 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин кишвар аз мохи январ то июл 8,8 млн. чойхои нави кори таъсис дода шуд, ки такрибан 80 фоизи нишондихандаи солонаро ташкил медихад. Сатхи бекори ба 5,1 фоиз баробар гардид.

иктисодиёти Хитой

Хукуматдорони Чумхурии Халкии Хитой тасмим гирифтаанд, ки хачми карздихиро ба ширкатхои хурд зиёд намуда, сармоягузории сохаи инфрасохторро дистгири намоянд. Бояд кайд кард, ки афзоиши хачми сармоягузори ба сохтмони асоси дар моххои январ-августи соли чори суст гардида, хамаги 5,3 фоизро ташкил намуд, ки ин аз соли 1999 то ин давра нишондихандаи минимали ба хисоб меравад.

Хазинаи Байналмилалии Асъор ба устувории иктисодиёти Хитой дар давраи кутохмуддат ишора намуда, аз афзоиши хатархои беруна каблан хабардор кард.

Ба акидаи баъзе аз коршиносон дар пайомади низоъхои тичорати бо ИМА содиркунандагони Чумхурии Халкии Хитой метавонанд аз ин зарар бинанд, зеро дигар истехсолкунандагон бо максади махдуд намудани мавкеи онхо аз холати татбик гардидани бочхои ИМА истифода хоханд бурд. Аммо ин ба рушди иктисодиёт, шугли ахоли ва даромади корпоративи дар Хитой таъсири манфи нахохад расонд, агар барои чуброн намудани талафотхо дар бахши содирот ин кишвар талаботи дохилиро мавриди идоракуни карор дихад. Хукумати Хитой аллакай ба хавасмандкунии истеъмолоти дохили ва чалби сармоягузори тавассути сабук намудани сиёсати монетари ва кохиш додани андозхо шуруъ намудааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …