Главная / Чамъият / Хукуки корманд ба бехатари ва хифзи мехнат

Хукуки корманд ба бехатари ва хифзи мехнат

Моддаи 345-и Кодекси Мехнат. Хукуки корманд ба бехатари ва хифзи мехнат

Корманд чунин хукукхоро доро мебошад:

– ба чойи кори ба талаботи бехатари ва хифзи мехнат чавобгу;

– таъмин будан бо бинои санитари-маиши, воситахои мухофизати инфироди ва коллективи, либоси махсус тибки талаботи бехатари ва хифзи мехнат, инчунин шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи;

– мурочиат ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва хифзи ичтимоии ахоли ва ё макомоти махаллии он барои гузаронидани муоинаи шароит ва хифзи мехнат дар чойи кор;

– шахсан ё ба воситаи намояндааш дар санчиш ва тафтиши масъалахое, ки ба бехтар намудани шароит ва хифзи мехнат вобаста аст, иштирок намояд;

– дар холати ба вучуд омадани вазъе, ки ба хаёт ё саломатии у тахдид мекунад аз ичрои кор даст кашида, дар ин хусус ба рохбари бевоситааш ё корфармо хабар дихад;

– ба маълумот ва тайёрии касбии ба амнияти ичрои ухдадорихои мехнати зарур мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– ба гирифтани маълумоти дакик аз корфармо дар бораи шароити мехнат, аз чумла дар бораи омилхои зарарнок ё хатарноки истехсоли, хатари беморихои касби ва дигар беморихо, дар хусуси воситахои мухофизати инфироди ва санитари – гигиени, имтиёз ва чубронхое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онхо хукук дорад;

– ба нигох доштани музди миёнаи мехнат дар вакти боздоштани кори ташкилот бинобар номутобики ба талаботи бехатари ва хифзи мехнат;

– ба овардани шикоят нисбати амал ё беамалии гайриконунии корфармо оид ба бехатари ва хифзи мехнат.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …