Главная / Чамъият / Хукукхои андозсупоранда

Хукукхои андозсупоранда

Моддаи 18-и Кодекси Андоз. Хукукхои андозсупоранда (агенти андоз)
1. Андозсупоранда (агенти андоз) хукук дорад:
-аз макомоти андоз доир ба андозхои амалкунанда ва тагйирот дар конунгузории андози Чумхурии Точикистон маълумот, инчунин оид ба тартиби хисоб кардан ва пардохтани андозхо ва пур кардани шаклхои хисоботи андоз шарху эзох гирад;
– манфиатхои худро оид ба масъалахои муносибатхои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ мухофизат намояд;
-дар холатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур натичахои назорати андозро гирад;
-оид ба санчиши хуччатии дарпешистода огохинома гирад, хангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намояд;
-агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре мукаррар нашуда бошад, аз макомоти андоз намунахои (бланкахои) аризахои андоз ва шаклхои хисоботро гирад, тибки тартиби мукарраршуда хисоботи андозро дар шакли электрони пешниход намояд;
– ба макомоти андоз оид ба хисоб кардан ва пардохт намудани андозхо аз руи натичахои назорати андоз шарху эзох дихад;
– на дертар аз 5 рузи кори аз лахзаи аз чониби макомоти андоз гирифтани аризаи хатти оид ба хисоббаробаркуни бо бучет доир ба ичрои ухдадорихои андоз аз варакахои хисоббаробаркунии шахсиаш иктибос гирад;
– дар давоми 5 рузи кори дар асоси аризаи хатти маълумоти зеринро гирад, аз чумла дар бораи мавчуд будан ё набудани карзи андоз, дар бораи маблагхои даромаде, ки гайрирезидент аз манбаъхо дар Чумхурии Точикистон гирифтааст ва дар бораи андозхои боздошташуда (пардохтшуда);
– маълумоте, ки барои пур намудани хуччати пардохт бо максади ичрои ухдадорихои андоз оид ба пардохти андозхо зарур аст, инчунин маълумотро оид ба усули пардохти андозхо дар давоми 1 рузи кори аз лахзаи мурочиат ба макомоти андоз гирад;
– мувофики тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон нисбат ба санадхои санчиши андоз, огохиномахо оид ба санадхои санчиши андоз, амали (беамалии) шахсони мансабдори макомоти андоз шикоят намояд;
– ба риояи сирри андоз;
-иттилоот ва хуччатхоеро, ки ба андозбанди дахл надоранд, пешниход нанамояд;
– мухлати пардохти андозхоро тибки тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур тамдид намояд (ба таъхир гузорад);
– ба бахисобгири ё баргардонидани саривактии маблагхои андозхои барзиёд супоридааш ё аз у ситонидашуда (андозхои ба бучет барзиёд дохилшуда);
– аз шахсони мансабдори макомоти андоз хангоми амали намудани харакатхояшон нисбат ба андозсупорандагон риояи конунгузории андозро талаб намояд;
– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори аз макомоти андоз товони зарари дар натичаи кабули карор ва амалхои (беамалии) гайриконунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад.
2. Андозсупоранда (агенти андоз) дорои дигар хукукхои пешбининамудаи Кодекси мазкур мебошад.
3. Ба андозсупорандагон хифзи судии хукук ва манфиатхои конуниашон кафолат дода мешавад. Тартиби хифзи хукук ва манфиатхои конунии андозсупорандагонро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
4. Хукукхои андозсупорандагон тавассути ухдадорихои дахлдори шахсони мансабдори макомоти андоз таъмин карда мешаванд.
5. Ичро накардан ё ичрои номатлуби ухдадорихо оид ба таъмини хукукхои андозсупорандагон боиси чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …