Главная / Гуногун / Хиёнат чист?

Хиёнат чист?

Судя, марди миёнсоли кордида хуччатхоро ба руи миз гузошт. Айнакашро аз гилоф бароварда, бо даструймоли охари бо диккати том пок кард. Сипас ба зану шавхар нигохе карду бо таассуф сар чубонд. Пасон хуччатхои онхоро аз наздаш дуртар тела дода, бо овози баланду бурро гуфт:

– Даъвогар!

Даъвогар – шавхар, чавони хушкаду комат, саросема нашуда аз чояш бархост. Як ба судя нигаристу дида ба замин духт.

– Гушам ба шумо, – гуфт судя.

Чавон охиста сар бардошт. Ва ба судя саволомез дида духт. Судя хам саросема нашуда, ба у руй оварда гуфт:

– Гушам ба шумо.

Чавонмард чизе нагуфта, китф дархам кашид. Дакикае хомуши хукм ронд. Судя аз чавонмард чашм намеканд. Интизори чавоб буд. Вале аз девор садо буду аз чавонмард не. Токати судя ток гашт.

– Охир, чи даъво доред?

– Даъво? Ха, балотона гирам, акди никохи моро тезтар бекор созед, – илтимос намуд чавонмард ва боз мухри хомуши ба лаб зад.

Лахзае дар толор хомуши хукмфармо гашт. Судя нигарон буд, ки чавонмард сабаби аз занаш чудо шуданашро мегуяд. Вале у дигар чизе нагуфт. Гуё аз забон монда буд.

– Ба шумо менигараму хайрон мемонам, – нихоят хомуширо бархам зада, гуфт судя. – Чунин чуфти муносиб…

– Не, илтимос, акди никохи моро тезтар бекор созед, – бо шитоб сухани судяро бурида, бо илтичо гуфт чавонмард.

Ва боз лаб фуру баст. Дигар чизе нагуфт. Ба судя нигариста истод. Судя ба хуччатхо ишора намуда, гуфт:

– Дар аризаатон хам хамин гап навишта шудааст. Лекин барои суд ин кифоя нест…

Чавонмард боз бо шитоб сухани судяро бурида, беибо нидо намуд:

– Барои ман кифоя!

Судя аз ин густохии чавонмард каме ранчида, бо овози баланд нидо намуд:

– Барои мо не!

Чавонмард чизе нагуфт, гуё аз забон монда буд. Судя бо овози баланд:

– Сабаб? – гуфта пусид.

Чавонмард чавобе надод, гуё ки суоли судяро нашунида бошад, дар чояш ночунбида меистод. Судя руяшро турш карда, хашмолуд ба у нигох намуд ва ин дафъа бо овози як андоза дагалтар пурсид:

– Сабаб?

– Сабаб? – пурсид чавонмард гуё хайрон шуда. – Сабаб мепурсед?

– Бале! – нидо намуд судя.

Чавонмард посух надод. Гуш ба кари зад.

– Ё ситораатон тугри наомад? – пурсид судя.

Чавонмард ба инкор сар чунбонд. Паси сарашро хорид.

– Пас чи? Гап занед, – бо исрор гуфт судя.

Бари рую пешонаи чавонмардро арак зер карда буд. У аз киса руймолчаашро бароварда, онро пок кард. Вале чавоб надод. Гуё ба дахон об гирифта буд.

– Хуш, гуед сабабашро, – боисрор талаб кард судя.

– Э, бе сабаб чудо кардан гиред, – бедимог гуфт чавонмард. – Сабаб, сабаб.

– О, не! – гуфт судя. – То сабабашро нашунавем, чудо намекунем. Хуш, гушам ба шумо!

Чавонмард дар чавоб харфе назад.

– Хайр, ин тавр, ки бошад, ба шумо шаш мох мухлат медихем, – бо катъият ба забон овард судя.

– Чи? Шаш мох? – шитобзада пурсид чавонмард. – Не, не, лозим не. Ха, ба мо мухлат-пухлат лозим не! Ха, як руз хам лозим не!

– Набошад сабабашро гуед, – талаб намуд судя.

Чавонмард бо танафур ва як катъияту чиддият посух дод, ки:

– Хиёнат кард!

– Ки? – дархол пурсид судя.

– Чи хел ки? – оромиро аз даст дода, асабиёна пурсид чавонмард.

– О, ки хиёнат кард? – дар лабони судя табассуми тамасхуромез пайдо шуд. – Хохиш мекунам, ба саволхо бурро ва фахмо чавоб дихед.

Чавонмард вазнашро аз пои рост ба пои чап партофт. Сипас:

– Занам, боз ки мешуд! – гуён, чавоб доду боз сар хам кард.

Гуё шарм кард, замин накафид, ки дарояд. Дастонашро ба кисааш андохту боз гашта баровард. Рую гарданаш лаблабу барин суп-сурх шуд.

Дар толори суд миш-миш сар шуд.

– Ба хомуши риоя кунед! – танбехомез нидо намуд суд ва сипас ба чавонмард руй оварда, бо шиддат пурсид:

– Капидед?

– Киро? – чавонмард сар бардошта, ба руи судя тег кашида нигох кард.

– Киро, киро?! – оташин шуд судя. – Мардро.

– Кадом мардро? – бо тааччуби бепоён пурсид чавонмард.

Судя бештар оташин шуда, бо оханги тунд гуфт:

– Охир, зан худаш танхо хиёнат карда наметавонад-ку?! Онеро ки бо занат хиёнат кард!

Чавонмард охиста боз сар ба зер афканду таги бини базур гурунгид:

– Не, мард-пардро накапидаам.

– Шояд дидед? – боз бо шиддат суол дод судя.

– Не, – сар набардошта кутох посух дод чавонмард.

– Шунидед? – дархол суоли навбати дод судя.

– Не, – боз кутох чавоб дод чавонмард, ки акнун сахт-сахт нафас мегирифт.

Судя дар хайрату тааччуб шуда, бо газаб пурсид:

– Пас аз кучо медонед, ки занатон ба шумо хиёнат кард?

Чавонмард сар бардошту норозиёнаю асабиёна гуфт:

– Аз писарам.

Судя ки асаби шуда буд, инони ихтиёр аз даст дода, бо тунди пурсид:

– Охир, чи хел?! Кани гуед?!

Чавонмард судяро як песонду сипас шитобзадаву хаячономез чавоб дод:

– Якумаш, ки муйхояш заб-зард. Дуюмаш, чашмонаш каб-кабуд. Сеюмаш, хама уро Петка гуфта чег мезананд. Чорумаш ба чои «оча» «махан», ба чои «ота» «пахан» мегуяд…

 12 ноябри соли 2000

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …