Главная / Биология / Хелхои реша – Типи системаи реша ва хок

Хелхои реша – Типи системаи реша ва хок

Ахамияти он барои хаёти растанихо. Мухофизати хок: Решаи дарахтон сабзида, ба кабатхои чукури хок шоха ронда, гафс мешавад ва танаи хеле вазнину бохашамати шохахои сербаргро мустахкам нигох медорад.

Албатта, на хамаи растанихо монанди дарахтони азимчусса решаи устувору шохаронда доранд. Решаи растанихои алафии яксола нисбатан хурд буда, ба замин чукур намедарояд. Тамоми решахои растани дар якчояги мачмуъ ё шабакаи решаро ба вучуд меоваранд, ки бо туфайли он растани аз хок об ва моддахои маъданиро чаббида мегирад.

navi-resha

Решаи растании якпалла-гандум ва дупалла — кокуро аз замин кофта гирифта, ба хамдигар мукоиса мекунем.

Решаи асосии коку, ки аз решачаи чанини тухм сабзидааст, нагз инкишофёфта буда, гафс мебошад. Шакли решаи асоси тирмонанд буда, аз он решачахои хурди пахдуи месабзанд. Ин гуна решаро тирреша меноманд.

Шабакаи решаи гандум бошад, аз бисёр решахои кабза-кабза руидаи дарозию гафсиашон такрибан якхела иборат аст. Онхо аз кисми поя месабзанд ва решахои иловаги ном доранд. Решаи асосии гандум, ки аз чанини тухм инкишоф меёбад, ба зуди аз сабзиш бозмонда дар байни решахои иловагии сершумор ноаён мегардад. Ин навъ решахоро патакреша меноманд.

Аксари растанихои дупалла одатан тирреша доранд. Шулха, лубиё, офтобпараст, сабзи, хамаи дарахтон, буттахо ва бисёр дигар растанихо тиррешаи нагз инкишофёфта доранд. Одатан тиррешаи растанихои наврас, ки аз тухми растанихои бисёрсола руидаанд, хуб аён мегарданд. Тиррешаи баъзе растанихои бисёрсола (чинорак, шахтути замини, зулф) бармахал аз сабзиш бозмемонад ва аз поя решахои иловаги сабзида, шакли патакрешаро мегиранд.

Растанихои якпалла аксаран патакреша доранд. Хамаи растанихои галладонаги, пиёз, сир, лола ва бисёр растанихои дигар патакреша доранд.

Хамин тавр, решаи растанихо вобаста ба мавкеи чойгири ва тарзи пайдоишашон се хел мешаванд решаи асоси, иловаги ва пахлуи. Агар реша аз решачаи чанин инкишоф ёбад, онро решаи асоси меноманд. Решахои аз кисми зеризаминии поя сабзандаро решаи иловаги меноманд. Дар охир решахои хам аз решаи асоси ва хам аз решаи иловаги руидаро решаи пахлуи меноманд. Решаи иловаги метавонад дар кисми руизаминии поя, инчунин дар барг саб- зад ё пайдо шавад.

Агар шохча ё навдаи сафедор, бед ё растании хонагии колеусро ба зарфи обдор гу- зорем, инкишофи решахои иловагиро мушохида кардан мумкин аст. Агар кисми ба хок наздики пояи карам, помидор, картош- ка ва чуворимаккаро хокпуш кунем, решахои иловаги пайдо шуда, нагз месабзанд. Растанихо ба чуз моддахои органики, ки хангоми фотосинтез дар баргхояшон хосил мешавад, инчунин ба гизои маъдании таркиби хок эхтиёчи калон доранд. Аз ин ру, саволе пайдо мешавад: хок чист ва он барои хаёти растанихо чи ахамият дорад?

Хок кабати болои ва бар замми он хосилхези замин аст. Кабати болоии хок бештар сиёхтоб аст, чунки бокимондаи набототу хайвонот бо таъсири микроорганизмхои хок мепусад ва моддахое хосил мешаванд, ки порухок (гумус) аз онхо иборат аст. Сиёхтоб будани кабати болоии хок ба порухок вобаста аст.

Агар дар замин 50-60 см чукури кофта, яке аз тарафхои онро ба поён росту суфта кунем, мо бурриши кабатхои хокро аник мушо- хида карда метавонем.

Мебинем, ки ранги кабатхои поёнтари хок бо сабаби дар он кам будани порухок нисбатан кушод (ё равшантар) мебошад. Инчунин кабати рег, гил ва санг низ дида мешавад. Дар хоки хокистарранг бошад, порухок кам аст. Мавчудияти гил ва регро дар таркиби хок бо тачриба муайян кардан мумкин аст.

Ба зарфи тунукагин андак хок андохта, дар болои оташ метафсонем. Порухоки таркиби хок месузад ва ранги хок равшантоб мешавад. Як кисми хоки тафсондашударо ба зарфи шишагин андохта, ба он об рехта, омехта мекунем. Оби зарф тира мешавад, зеро заррахои гил як муддати муайян муаллак меистанд, аммо рег ба зудй тахшин мешавад. Агар оби зарфро рехта, обшуии тахшинро якчанд

маротиба давом дихем, дар зарф реги тоза боки мемонад. Хамин тавр, дар хок порухок, рег ва гил мавчуд аст.

Агар оби тираро аз когази полоиши гузаронида, аз оби софи он якчанд катра ба болои шишапора чакконда, дар болои оташ бухор кунем, дар руи шишапора доги сафедтоб боки мемонад. Ин моддахои маъдании дар об нагз халшавандаи хок аст 30 . Дар таркиби хок инчунин об ва хаво хам хаст. Намии хокро, хатто даст расонда, ба осони пай бурдан мумкин аст. Агар кулухмайдаро ба об дохил кунем, хаво доштани хокро ба зуди дарк мекунем. Дар ин холат аз кулухмайда хубобчахои хаво чудо мешаванд.

Хамин тавр, нашъунамои боавч ва хосили дилхох додани растанихои кишоварзи ба хосилхезии хок вобастаги дорад. Бинобар ин, мухофизат ва коркарди дурусти окилонаи замин, бехтар кардани таркибу сохтори хок барои парваришу руёндани хосили баланди растанихо дорои ахамияти аввалиндарача аст.

Тирамох пас аз чамъоварии хосил заминро шудгор мекунанд. Ин имконият медихад, ки нами дар хок бештар нигох дошта шуда, бокимондахои растанихои зери хок афтода дар натичаи пусиш ба порухок табдил ёбанд.

  1. Реша дар хаёти растанихо чи ахамият дорад?
  2. Решаи гандум ва коку чи гуна сохт доранд?
  3. Тирреша аз патакреша бо чи фарк мекунад?
  4. Кадом решахоро асоси, иловаги ва пахлуи мегуянд?
  5. Хок чист?
  6. Порухок чи тавр хосил мешавад?
  7. Хок ба чуз порухок боз чихо дорад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …