Карзгиранда метавонад, бо хохиши худ, доир ба карори кабул намудаи Ташкилот перомуни дархости карзиаш, ба таври хатти маълумот гирад.
Ба гайр аз ин, бояд эксперти карзи фавран ва ба таври шифохи, пас аз чаласаи Кумитаи карзи, карзгирандаро хабардор намояд. Дар ин холат, эксперти карзи бояд бовари хосил намояд, ки карзгиранда дарк намуда истодааст ва хамаи шартхои пешниход намудани карзро, ки дар Пайнавишти Кумитаи карзи инъикос шудаанд, кабул мекунад. Дар рафти ин гуфтушунидхо бо карзгиранда, бояд эксперти карзи ба шиддатнок гузаштани онхо рох надихад ва обрую эътибори баланди Бонк, кормандони он ва макомотеро, ки доир ба дархости карзии мазкур карор кабул менамояд, дастгири кунад.
Дар баробари ин, ба эксперти карзи катъиян манъ аст, ки доир ба мушаххасоти чараёни мухокима, оиди карори кабул намудаи Кумитаи карзи доир ба дархости карзи, ба карзгиранда дилхох маълумотро дихад, инчунин додани маълумот перомуни хайат ва аъзоёни Кумитаи карзи манъ карда мешавад.
Мувофики карори Кумитаи карзи, ба эксперти карзи зарур аст, ки чунин тадбирхои зеринро андешад:
а) Дар холати аз чониби Кумитаи карзи кабул шудани карор доир ба дода шудани карз ва аз чониби карзгиранда кабул гардидани шартхои дода шудани карз, ба эксперти карзи зарур аст, ки барои барасмият даровардани карз, омода сохтани хуччатхои карзи, ба кайд гирифтани таъминоти карз бо гарав ва тайёр намудани хуччатгузорихои дахлдор барои додани карз, хамаи тадбирхои заруриро андешад.
б) Дар холати чавоби рад гирифтан, бояд эксперти карзи ба карзгиранда хамаи хуччатхои аслиеро, ки аз у дар рафти тахлили хуччатхо гирифтааст (хуччатхое, ки ба карзгиранда тааллук доранд), баргардонад. Агар мактуби расмии огохикунанда доир ба рад шудани пешниходи карз дода шавад, пас бояд хуччатхои аслии карзгиранда ба ин мактуб замима карда шаванд.
в) Ба карзгиранда додани шаклхои дархости карзи, тахлили тичорат ва хочагии манзилии карзгиранда ва дигар хуччатгузории дохилии Бонк ва ё нусхаи онхо, катъиян манъ аст.
г) Дар холати аз чониби Кумитаи карзи ба вакти дигар гузаронида шудани кабули карор, бояд эксперти карзи ба Кумитаи карзи маълумоти дархостшавандаро то чаласаи навбати, вале на дертар аз 5 рузи кори, пешниход намояд. Барои ба даст овардани ахборот ва маълумотхои зарури, ба эксперти карзи зарур аст, ки ташрифории лозими ва дахлдорро ба назди карзгиранда ва дар холати лозими ба тичорати у ва хочагии манзилиаш, ташкил намояд.
Коркард ва ворид кардани маълумотхо доир ба карз
Эксперти карзи бояд базаи маълумотхои карзгирандаро нав кунад ва хамаи маълумоти заруриро ба НАБ (низоми автоматикунонидашудаи бонки), мувофик ба карори Кумитаи карзи ворид намояд. Ин амал бояд дар тули як рузи кори, баъд аз чаласаи Кумитаи карзи сурат гирад.
Хамчунин эксперти карзи, бояд парвандаи карзии карзгирандаро нав намуда, ба он хуччатхои зеринро ворид намояд:
а) Хуччатгузории пурра аз руи карз;
б) Мачмуи пурраи хамаи шаклхо ва варакахо;
в) Пайнавишти Кумитаи карзи;
г) Нусхаи мактуб – огохиномаи ба карзгиранда додашуда, агар он дода шуда бошад;
д) Хама гуна эзоххои имконпазир, ки ба карз дахл доранд.