Главная / Гуногун / ХОДИСАХОИ БАРКЙ

ХОДИСАХОИ БАРКЙ

Агар муйхои тоза ва хушкро тавассути шонахои пласмассавй шона кунем ва онро ба порахои хурди когаз расонем, мебинем, ки ин пораи когазхо ба шона майл мекунанд. Чунин ходисаро бори нахуст бофандахои Юнони кадим мушохида кардаанд. Баъзе аз кисматхои дастгоххои кории онхо аз кахрабо сохта шуда буданд.

Кахрабо ин ин мулухи сахтшудаи дарахтхои кадимаи сузанбаргхо буда, дар руи Замин наздик ба сад хазор сол бад-ин тараф меруянд. Хангоми бофтаи пораи матоъро ба кахрабо мечаспониданд. Янтар номи юнонии кахрабо буда, маънии «элек­трон»- ро дорад.

tandurАз ин ру, чунин хосияти ачоиби кахраборо «барк» меномиданд. Ашёеро, ки аз резина, сулфур, эбонит, пластмасса, капрон сохта шуда, дорой чунин хосиятко мебо­шанд, баркишуда ва заряди баркгирифта меноманд.

Пас, маълум мегардад, ки барои ашёро барки намоем, зарур аст ба он заряди барки равона карда шавад. Заряди баркй чист? Вай баёнгари таъсири мутакобилаи баркии байни ашё мебошад. Ду навъи заряди барки: мусбат ва манфй мавчуд мебошад.

Агар чубаки шишагинро ба абрешим бимолем, пас шиша заряди мусбат мегирад. Онро бо аломати «плюс» (+) ифода мекунанд. Агар чубаки эбонитиро ба пашм би­молем, пас вай заряди манфй мегирад. Вай бо аломати «минус» (-) ифода мешавад. Азбаски заряди барки хосияти чисмро ифода мекунад, пас заряд бидуни чисм буда наметавонад. Агар чисм мавчуд набошад, пас чисмхои барконидашуда низ вучуд дошта наметавонанд.

Аз ин ру, заряди электрикиро наметавон аз дигар ашё ва ё хиссачахо чудогона барраси намуд.

Хамон тавре дар расмхои 39 ва40 нишон дода шудааст, чисмхои якхела зарядшуда аз якдигар дури мечуянд. Вале чисмхое, ки зарядхои гуногун доранд, ба якдигар майл мекунанд.

Акнун дар бораи он ки заряди барки аз кучо пайдо мешавад ва хангоми баркикунонии чисмхо чи ходиса pyx медихад, сухан хохем ронд. Ин маълумот ба одамон каме дертар, пас аз он ки олимон сохтори атомро омухтанд, дастрасу маълум гардид. Дар маркази атом ядрое бо заряди мусбат карор дорад. Дар гирди он хиссачае бо заряди манфи харакат мекунад. Ин хиссача электрон номида мешавад. Дар расми 41 атоми моддахое кашида шудааст, ки дар хаёти растанихо, хайвонот ва одамон накши асосиро мебозанд. Дар он:

Хамон тавре дар расми 41 дида мешавад, чй кадар дар ядро хиссачахои дорой зарядашон мусбат мавчуд бошад, ба хамон андоза хиссачауои дорой зарядашон манфй гирди он харакат мекунанд.

Таври мисол, дар атоми водород як электрон, дар кислород хашт электрон мавчуд бошанд, пас дар атоми уран 92 электрон вучуд доранд. Бад-ин тартиб, шумораи электронхо дар атом гуногун буда, вале барои хар як намуди атом доимй мебошад.

Ядро дар атом хамеша як адад мебошад. Вай хазор маротиба аз электрон вазнинтар мебошад.

Хангоми ба хамдигар бархурдани ду ашё чи ходиса pyx медихад? Маълум мегардад, ки дар ин маврид аз атоми як чисм электронхо берун шуда, ба чисми дигар мегузаранд.

А Атомухе, ки электронуоро аз даст додаанд, тав­ри мусбат заряд мегиранд ва атомуое, ки электронуоро кабул кардаанд, заряди манфй мегиранд.

I Маводхо барон хониши иловагй

Хангоми баркикунонй тавассути ба хамдигар бархуронидани чубакхои шишаги ва эбонови ба дигар ашё, онхо хеле суст заряд мегиранд. Заряди кавиро тавассути мошини электрофорй гирифтан мумкин аст (расми 42). Мошин аз ду диски шишагин иборат аст. Дар сатхи онхо, дар масофахои баробар раххои борики металликй часпонида шудаанд. Чуткаи аз симчахои борики мисин сохташуда ба раххои металлй дар тамос мешаванд. Дискхо ба самтхои мукобил давр зада, раххои металликй ба чутка бархурда, бад-ин тартиб барк хосил менамоянд. Зарядхои барки дар силиндрхои махсус чамъ мешаванд. Дар яке аз он зардяди мусбат ва дар дигараш заряди манфй чамъ мешавад. Ба силиндрхо найчахои металликй, ки дар нугашон саккочахо доранд, пайваст шудаанд.

Бо мошини электрофорй тачриба мегузаронем. Диски мошинро тавассути даста бо суръати тез давр мезанонем, найчахои саккодорро яке ба дигар наздик мекунем. Дар байни онхо шарора бармехезад. Оташаки сунъй пайдо мешавад. Дар натичаи ин зарядхои баркии саккохо бекор мешаванд.

Вале бояд бо мошини электрофорй эхтиёткорона муносибат кард.

Оташаке, ки тавассути мошини электрофорихосил мешавад, аз он оташаке, ки хангоми раъду барк пайдо мешавад, хеч фарке надорад. Раъду барк, бо оташакаш ва тундараш яке аз ходисахои дахшатноки табиат ба шумор меравад. Аз ин ру, бисёре аз олимон чони худро дар хатар гузошта табиати онро омухтаанд. Аз байни онхо метавон номи олими рус Р.Рихманро ба забон овард, ки тавассути тундар кушта шуда буд. Р Рихман вакти гузаронидани тачриба оид ба омузиши табиат ва хосияти тундархо кушта шуд. Тачрибахои олими амрикой Франклин дар мавриди омузиши тундар бештар пурсамартар буданд.

Дар яке аз рузхои тобистон, хангоми наздик шудани раъду барк, Франклин ба осмони пур аз раъду барк мори когазинро cap дод. Вай мешохида кард, ки нахи ресмон «сих барин хеста» ва шах шуданд. Ин маънои онро дошт, ки ресмон ва мори гогазин заряд гирифтанд.

Вакте Франклин бо як дасташ ба ресмони тар ва бо дасти дигараш ба калиди оханин дар тамос шуд, байни онхо шарора барафрухт ва карсу курси маъмулй садо дод. Хушбахтона, олим зинда монд. Дар асоси ин тачриба Франклин исбот кард, ки ходисаи баркй дар атмосфера аз ходисаи баркии дар лаборатория хосилшуда хеч фарке надорад.

Дар асоси дастовардхои илмй, метавон бидуни захмат пайдоиши раъду барк ва тундарро шарх дод. Хангоми тагйири чой намудани чараёни хаво хиссачахои об таквият ёфта, абрхо барконида мешаванд.

Агар абрхои зарядашон гуногун бо хам бархуранд, онхо безаряд шуда, байни онхо тундар пайдо мешавад (расми 43).

Дарозии тундар баъзан даххо километрро фаро мегирад. Харорат ончунон гарм аст, ки вай металхоро об намуда, сухтор ба вучуд меоварад. Ин вакте cap мезанад, ки тундар байни абрхо ва Замин медурахшад . Вай метавонад одамон ва хайвонотро сироят намояд.

Хамон тавре тачрибаи зиндаги нишон медихад, хангоми раъду барк набояд дар наздикии бинохои баланд, ашёхои вазнини металлй ва дарахтони намкашида карор гирифт.

Бо максади химояи бинохо аз ин офатхо воситахои махсуси дифои аз тундархо- зиддитандархо истифода мешаванд. Ин як каламчаи металлй буда, дорой як нуги тез ва чорубхои сиххояшон борики металлй мебошад. Ин нуги он бояд хангоми насб карданаш дар боми хона баланд барафрошта шавад.

Симе, ки ба стержен( каламча) пайваст шудааст, бо девор поин фароварда шуда, бо пораи металлй, ки дар замин кофта чойгир пгудааст, пайваст мегардад. Агар тун­дар ба асбоби зиддитундар занад, пас бо рохи наздиктарин ба замин меравад ва хеч зараре ба бинохо ва ахолй намерасонад.

АСОСИТАРИН НУКТАХОИ МАВЗУЪ

Ду навъи заряди электриии: мусбат ва манфй мавчуд мебошад. Зарядхои электрики аз байн намераванд ва худ аз худ пайдо намешаванд. Онхо аз як чинс ба чинси дигар гузашта ва ё дар дохили як чисм тагйир меёбанд. Чисм бе заряд мавчуд буда метавонад, вале заряд бе чинс вучуд дошта наметавонад.

Пурсишхо

  1. Заряди барки чист? Кадом навъхои заряди барки вучуд дорад?
  2. Хангоми ба хам бархурдани як чиз ба чизи дигар кадом ходиса pyx медихад?
  3. Кадом чисм мусбат зарядшуда ва ё манфй зарядшуда номида мешавад?
  4. Тундар чист?
  5. Вай боиси кадом офатхо шуда метавонад?
  6. Тавассути мошиии электрофорй кадом тачрибаро гузаронидан мумкин аст?
  7. Барой чй дар бинохо антенахои баланд насб мекунанд?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …