Главная / Чамъият / ХИФЗИ МУХИТИ ЗИСТ

ХИФЗИ МУХИТИ ЗИСТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ ХИФЗИ МУХИТИ ЗИСТ

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449) 

(Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 614; с. 2014, №11, мод. 669; Конуни ЧТ аз 18.07.2017 с., №1449)

Конуни мазкур асосхои хукукии сиёсати давлатиро дар сохаи хифзи мухити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори ичтимоию иктисоди, кафолатхои хукуки инсон ба мухити зисти солим ва мусоид, тахкими тартиботи хукуки, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият ба мухити зист, ташкили истифодаи окилонаи захирахои табиат ва таъмини амнияти экологи равона шудааст. 

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси  

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода шудаанд:

мухити зист мухити зисти инсон, мачмуи чузъиёти мухити табии, объектхои табии ва табиии антропогени, инчунин объектхои антропогени;

объекти антропогени – объекте, ки инсон барои таъмини эхтиёчоти ичтимоии худ сохтааст ва он дорои хусусиятхои объектхои табии намебошад;

гуногунии биологи – шаклхои гуногуни организмхои зиндаи мансуб ба хама манбаъхо, аз чумла, экосистемахои замини ва оби ва комплексхои экологи, ки организмхои зинда чузъи онхо мебошанд; мафхуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудхо ва гуногунии экосистемахо дар бар мегирад;

мухити зисти мусоид мухити зисте, ки сифати он фаъолияти устувори системахои экологии табии, объектхои табии ва табиии антропогениро таъмин менамояд;

– зарар ба мухити зист – тагйирёбии номатлуби холати мухити зист дар натичаи ифлосшавии он, ки ба таназзули системахои экологи ва кохишёбии захирахои табии сабаб мегардад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

парки  дендрологии давлати – гурухи растанихое, ки арзиши илми, фарханги ва таърихи доранд, намудхои табиии набототи богу гулгаштхо (паркхо);

моддаи ифлоскунанда – модда ё омехтаи моддахое, ки микдор ва (ё) таркиби онхо аз меъёри барои моддахои кимиёви, аз чумла радиоактиви, дигар моддахо ва микроорганизмхо мукарраргардида зиёд мебошад ва ба мухити зист таъсири манфи мерасонанд;

ифлосшавии мухити зист – воридшавии моддахои эхтимолан хатарноки кимиёви ва биологи, моддахои радиоактиви, партовхои истехсоли ва истеъмоли ба мухити зист, инчунин таъсири садо, ларзиш, майдонхои магнити ва дигар таъсири манфии физики ба мухити зист;

минтакаи мухофизати (буфери) – худуди замин ва кисми фазо, ки бо максади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи худудхои табиии махсус мухофизатшаванда ташкил карда мешавад;

минтакахои санитарии мухофизати – худудхои табиие, ки барои таъмини меъёрхои гигиении зарурии гилзати моддахои ифлоскунанда дар кабати руизаминии атмосфера, хифзи манбаъхои об, кам кардани таъсири манфии хатхои интиколи барк ба ахолии махал таъин гардидаанд;

сифати мухити зист – холати мухити зист, ки бо нишондихандахои физики, кимиёви, биологи, нишондихандахои дигар ва (ё) мачмуи онхо ифода мегардад;

чузъхои мухити табии – замин, каъри он, хок, обхои руизамини ва зеризамини, хавои атмосфера, олами набототу хайвонот ва дигар организмхо, инчунин кабати озони атмосфера ва фазои кайхонии атрофи Замин, ки дар мачмуъ шароити мусоидро барои мавчудияти хаёт дар руи Замин таъмин мекунанд;

назорат дар сохаи хифзи мухити зист (назорати экологи) – мачмуи чорабинихое, ки ба пешгири, ошкор ва рафъ кардани холатхои вайронкунии конунгузори  дар сохаи хифзи мухити зист, таъмини риояи талабот, аз чумла меъёрхо ва хуччатхои меъёрии сохаи хифзи мухити зист аз чониби субъектхои фаъолияти хочагидори ва гайра равона шудаанд;

Китоби Сурх мачмуи маълумотхо оид ба намудхои нодир, нобудшаванда ё тахти тахдиди нобудшави карордоштаи растанихо ва хайвонот, ки бо максади чори намудани низоми хифозати махсус ва азнавбаркароркунии минбаъдаи онхо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад;

лимити истифодаи захирахои табии – микдори нихоии гирифтан ва истеъмол кардани захирахои табии, ихрочи моддахои зараровар ифлоскунанда ба мухити зист, ки бо максади хифзи захирахои табии, истифодаи окилонаи онхо, пешгири ва рафъи таъсири номатлуби онхо мукаррар карда мешавад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

меъёрхои ихрочи партови моддахо ва микроорганизмхои ифлоскунанда (минбаъд – меъёрхои ихроч ва партов) – махдудияти ихроч ва партови моддахо ва микроорганизмхои ифлоскунанда ба мухити зист, ки барои давраи гузаронидани чорабинихои хифзи мухити зист, аз чумла чори намудани технологияхои бехтарини мавчуда, бо максади ноил гардидан ба меъёрхои хифзи мухити зист мукаррар карда мешаванд;

мониторинги мухити зист (мониторинги экологи) – системаи комплексии мушохида, арзёби ва ешгуии тагйироти холати мухити зист тахти таъсири омилхои табии ва антропогени;

меъёрхои сохаи хифзи мухити зист (минбаъд – меъёрхои хифзи табиат) – меъёрхои мукарраргардидаи сифати мухити зист ва меъёрхои таъсири имконпазир ба он ки дар сурати риояи онхо мухити мусоиди зист барои хаёти инсон, фаъолияти устувори системахои табиии экологи таъмин гардида, гуногунии биологи хифз карда мешавад;

меъёрхои имконпазири фишори антропогени ба мухити зист – меъёрхое, ки мутобики андозаи таъсири мачмуии имконпазири хама манбаъхо ба мухити зист ва (ё) чузъиёти алохидаи мухити табиат дар доираи минтакахои мушаххас мукаррар карда шудаанд ва дар сурати риояи онхо фаъолияти устувори системахои экологии табии таъмин ва гуногунии биологи хифз карда мешавад;

худудхои табиии махсус мухофизатшаванда – китъахои замин, об ва фазои он ки дар онхо комплексхо ва объектхои табиии дорои ахамияти махсуси хифзи олами набототу хайвонот ва мухити зист, илми, фарханги, маърифати, истирохати ва солимгардони чойгиранд ва бо тартиби мукаррарнамудаи конун пурра ва ё кисман аз истифодаи хочагидори гирифта шудаанд ва барои онхо низоми хифозати махсус муайян гардидааст;

хифзи мухити зист – системаи чорабинихои давлати ва чамъиятии дорои хусусияти хукуки, иктисоди, ичтимои, технологи, маърифати ва байналмилали, ки ба таъмини хамохангии муносибати мутакобилаи чамъият ва табиат дар асоси хифз ва баркарорсозии мухити табии, истифодаи окилонаи захирахои табии, бехтар намудани сифати мухити зисти инсон, пешгири ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият ба мухити зист ва бартараф намудани окибатхои он равона гардидаанд;

арзёбии таъсир ба мухити зист – намуди фаъолият оид ба ошкор намудан, тахлил кардан ва ба хисоб гирифтани окибатхои таъсири мустаким ва гайримустакими фаъолияти ба накша гирифташудаи хочагидори ва фаъолияти дигар ба мухити зист бо максади кабули карорхо оид ба имконпазир ё имконнопазир будани анчомдихии он;

объекти табиии антропогени – объекти табии, ки дар натичаи фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият тагйир ёфтааст ва (ё) объекте, ки аз тарафи инсон сохта шуда, дорои хусусияти объекти табии мебошад ва ахамияти рекреатсиони ва мухофизати дорад;

объекти табии – системаи экологии табии, ландшафти табии ва чузъхои таркибии онхо, ки хусусиятхои табиии худро нигох доштаанд;

комплекси табии – мачмуи объектхои табиии аз чихати функсионали ва табии ба хам алокаманде, ки бо нишонахои географи ва нишонахои дигари марбута муттахид мебошанд;

– ландшафти табии – мавзее, ки дар натичаи фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият тагйир наёфтааст ва ба навъхои муайяни релефи махал, хок, растании дар шароити ягонаи иклими ташаккулёфта мувофик мебошад;

захирахои табии – чузъиёти табиии мухити зист, объектхои табии ва табиии антропогение, ки инсон истифода мебарад (энергияи офтоб, гармии дохилизамини, хавои атмосфера, захирахои замин, об, чангал ва маъдан, маводи радиоактиви, олами набототу хайвонот ва махсули онхо, дигар неъматхои табии);

истифодаи захирахои табиат – фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият (аз чумла низоми) бо истифодаи намудхои алохидаи захирахои табии, инчунин таъсири ин фаъолият ба мухити зист;

истифодабарандаи табиат шахси вокеи ё хукукие, ки хамчун ташаббускор ё фармоишгари фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият амал намуда, бо мухити зист ва захирахои табии созгор аст;

системаи хифзи мухити зист – мачмуи барнома ва чорабинихои давлати, регламентхои техники, макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист, вохидхои зерсохтори он, шабакахои дар сохаи мухити зист, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки ва моликият, амалкунандаи муассисаю ташкилотхо, ки ба татбики сиёсати давлати дар сохаи мухити зист нигаронида шуда, барои ичрои максаду вазифахои ягона, афзун гардонидани сахми ин соха дар рушди ичтимоию иктисодии кишвар, таъмини амнияти экологи ва мухити зисти барои инсон мусоид муттахид карда шудаанд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

меъёри технологи – меъёри имконпазири ихроч ва партови модда ва микроорганизмхо, ки барои манбаъхои статсионари (доими), сайёр ва дигар манбаъхо, равандхои технологи ва тачхизот мукаррар карда мешаванд ва андозаи имконпазири хачми ихроч ва партови моддахо ва микроорганизмхоро ба мухити зист ба хисоби вохиди махсулоти истехсолшаванда инъикос менамояд;

кабати озон – кабати атмосфери дар сатхи сайёра дар баландии 7-8 км дар кутбхо ва 17-18 км дар Экватор бо тамаркузи зиёди молекулахои озон, ки нурхои ултрабунафши барои организмхои зинда халокатоварро аз кайхон намегузаронад;

системаи экологи – мачмуи ягона, устувор, мустакилона инкишофёбанда ва танзимшавандаи чузъиёти зинда ва гайризиндаи мухити зист дар худуди китъаи муайяни биосфери, ки тавассути мубодилаи моддахо, энергия ва иттилоот байни хам алокаманд мебошанд;

иттилооти экологи – хама гуна иттилоот дар шакли хатти, визуали, акустики, электрони ё хама гуна шакли дигари модди дар бораи холати мухити зист ва чузъиёти он, инчунин робитаи мутакобилаи байни ин чузъиёт, омилхо, ба монанди моддахо, энергия, садо, радиатсия, амалхо, аз чумла чорабинихои маъмури, созишномахои экологи, конунгузори, накшахо ва барномахои марбут ба мухити зист, харочоту даромадхо ва дигар тадкикоти иктисоди ва дурнамохое, ки дар кабули карорхо оид ба мухити зист истифода мегарданд;

амнияти экологи холати мухофизавии манфиатхои мухими хаётии шахс, чомеа, мухити зист аз тахдидхое, ки дар натичаи таъсиррасонии антропогени ва табии ба мухити зист, аз чумла ба офату фалокатхои табии алокаманданд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

хатари экологи – эхтимолияти фарорасии холате, ки барои мухити зист окибати номусоид дошта, дар натичаи таъсири манфии фаъолияти хочагидори ва фаъолияти дигари манфи, холатхои табии ва техногени ба вучуд меояд;

экспертизаи экологи – мукаррар намудани мутобикати ё номутобикатии хуччати лоихави ва дигар хуччатхо фавкулоддаи дорои хусусияти ба талаботи конунгузори оид ба хифзи мухити зист ва истифодабарии окилонаи захирахои табии, аз он чумла санадхои меъёрии техники(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

аудити экологи – тахлили мутобикати фаъолият ва хисоботи субъекти хочагидори ба конунгузории амалкунанда, хуччатхои меъёрию методи, дастури ва танзимкунандаи сохаи хифзи мухити зист ва истифодаи захирахои табии.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи мухити зист

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи мухити зист ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

 

  1. Конуни мазкур муносибатхои марбут ба алокамандии мутакобилаи чамъият ва мухити зистро дар раванди фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияте, ки ба мухити зисти худуди Чумхурии Точикистон таъсир мерасонанд, танзим менамояд.
  2. Масъалахои хифз ва истифодаи замин, каъри замин, об, хавои атмосфера, олами набототу хайвонот, аз чумла гуногунии биологи, чангалхо, инчунин объектхои мухити атрофи дорои арзиши махсуси экологи, илми, таърихи ва фарханги, мавзеъхои табиии махсус хифзшавандаро дар кисмате, ки дар Конуни мазкур танзим намегарданд, конунхои дахлдор ва конунхои дигари дар асоси он амалкунанда ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба танзим медароранд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  3. Муносибатхои сохаи хифзи мухити зист дар кисмати барои таъмини бехатарии санитари-эпидемиологии ахоли зарурро конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии санитари-эпидемиологии ахоли ва хифзи саломатии ахоли, инчунин дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, ки ба таъмини мухити зисти барои инсон мусоид нигаронида шудаанд, ба танзим медароранд.

 

Моддаи 4. Сиёсати давлати дар сохаи хифзи мухити зист

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

  1. Сиёсати давлати дар сохаи хифзи мухити зист мачмуи тадбирхои хукуки, иктисоди, ташкили, маърифати, фарханги, иттилооти, ичтимоиву инфрасохтори ва дигар тадбирхои таъсиррасонии давлати мебошанд, ки ба таъмини хифз ва истифодаи окилонаю самараноки захирахои об ва замин, сарватхои зеризамини, фазои хавои, олами набототу хайвонот ва дигар захирахои табии барои манфиати халк равона карда шудаанд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Барои татбики сиёсати давлати дар сохаи хифзи мухити зист системаи хифзи мухити зисти Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад, ки он ба таъмини хукуки шахрвандон барои мухити зисти солим ва мусоид нигаронида шудааст. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  3. Асоси ташкили сиёсати давлати дар сохаи хифзи мухити зист аз санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, аз чумла консепсия, барнома, стратегия, дурнамо ва накшахои амал оид ба хифзи мухити зист иборат мебошанд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 5. Принсипхои асосии хифзи мухити зист

 

Фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони вокеи ва хукукие, ки ба мухити зист таъсир мерасонанд, дар асоси принсипхои зерин анчом дода мешавад:  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– таъмини волоияти Конститутсия ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи  хифзи мухити зист;   (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– афзалияти хифзи хаёт ва саломатии инсон, риояи хукуки он ба мухити мусоиди зист;

– баркарор сохтан ва нигох доштан, истифодаи устувор ва окилонаи мухити зист бо максади баланд бардоштани сатхи зиндаги, таъмини мухити мусоиди  зист барои кору истирохати ахоли;

– пайвасти илман асосноки манфиатхои хукуки, экологи, иктисодию ичтимоии инсон, чамъият ва давлат, андешидани чорахои самаранок бо максади ноил шудан ба рушди устувор;

– музднок будани истифодабарии захирахои табии ва чуброни зарари ба мухити зист расонидашуда;

– мустакилияти назорат дар сохаи хифзи мухити зист;

– эхтимолияти хатари экологии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти ба накша гирифташаванда;

– арзёбии таъсир ба мухити зист хангоми кабули карорхо оид ба фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият;

– афзалияти нигохдории системахои экологи, ландшафт ва комплексхои табии;

– имконпазирии таъсири фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият ба мухити табии, аз чумла гуногунии биологи, бо назардошти талабот дар сохаи хифзи мухити зист;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– хатми будани иштироки макомоти хокимияти давлати, иттиходияхои чамъияти ва дигар муассисахои гайритичорати, шахсони вокеи ва хукуки дар фаъолият оид ба хифзи мухити зист;

– риояи хукуки хар як шахс барои дарёфти маълумоти дакик оид ба холати мухити зист, инчунин иштироки шахрвандон дар кабули карорхои марбут ба хукуки онхо ба мухити зисти мусоид тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– хавасманд ва дастгири кардани хамкории ташкилотхои чамъияти ва шахрвандон бо макомоти хокимияти давлати дар масъалахои хифзи мухити зист ва истифодаи окилонаи захирахои табии;

– ногузир будани чавобгари барои риоя накардани конунгузори дар сохаи хифзи мухити зист;

– ташкил ва рушди системаи маърифати экологи, тарбия ва ташаккули фарханги экологи;

– хамкории байналмилали.

 

Моддаи 6. Объектхои хифзи мухити зист

 

  1. Аз ифлосшави, вайроншави, осеб дидан, камшави, харобшави ва дигар таъсири номатлуби фаъолияти хочагидори ва фаъолияти дигари шахсони вокеи ва хукуки инхо хифз карда мешаванд:

– замин, каъри он, хок;

– обхои руизамини ва зеризамини;

– хавои атмосфера, кабати озонии Замин;

– олами набототу хайвонот, аз чумла гуногунии биологи, тамоми намудхои чангал, инчунин фонди генетикии онхо.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

  1. Мамнуъгоххои табиии давлати, аз чумла биосфери, минтакахои мухофизати (буфери), парваришгоххои табиии давлати, ёдгорихои табии, паркхои табии, милли ва дендрологи, богхои ботаники, дигар комплексхо ва объектхои табии, ки мохияти махсуси хифзи табиат, илми, таърихию фарханги, эстетики, истирохати ва тандурусти доранд, инчунин объектхои олами набототу хайвоноти нодир ё зери хатари нобудшави карордошта, дигар организмхо ва макони зисту сабзиши онхо тахти мухофизати махсус карор дода мешаванд.
  2. Ба объектхои мухофизати махсус хамчунин минтакахои ташаккулёбии обхои зеризамини (водии дарёхо, даханаи селроха, шелфи доманакуххо), бозёфтхои нодири геологи ва ташкилахои минералоги, объектхои палеонтологи ва дигар китъахои каъри замин, ки арзиши махсуси илми, фарханги ва гайра доранд, замини назди сохил ва минтакахои хифзи объектхои об, хавзхои хочагихои мохипарвари, китъахои мухофизатии чангалхо ва дигар минтакахое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд, мансубанд.

 

Моддаи 7. Барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва накшахои амал дар сохаи хифзи мухити зист

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

  1. Барои ташкили фаъолияти максаднок ва пурсамар чихати таъмини сифати мусоиди мухити зист, идоракунии устувор, таъмини амнияти экологи, татбики мукаррароти конвенсия ва созишномахои байналмилалии экологи, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия, дурнамо инчунин дар асоси онхо накшахои амал, ки тадбирхои хифзи мухити зист, истифодаи устувору окилона ва баркарорсозии захирахои табии, солимгардонии мухити зистро барои ояндаи дарозмухлат пешбини менамоянд, тахия карда мешаванд.

Бо максади аз байн бурдани такрори айнан як фаъолият ва бехтар истифода бурдани имкониятхо нисбати ду ва зиёда конвенсия ва созишномахои байналмилалии экологи, ки Точикистон эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва накшахои амали ягона тахия карда мешаванд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

  1. Барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва накшахои амали давлати аз чониби макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист бо иштироки вазорату идорахои манфиатдор, инчунин ахли чомеа тахия ва аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегарданд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Накшахои амал оид ба хифзи мухити зист бо назардошти дурнамохои давлатии рушди иктисодию ичтимои ва дар асоси тадкикотхои илмие, ки ба халли масъалахои сохаи хифзи мухити зист равона гардидаанд, тахия карда мешаванд.
  3. Шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродие, ки фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти ба мухити зист таъсири манфи расонандаро анчом медиханд, вазифадоранд чорабинихои хифзи мухити зистро бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба накша гиранд ва амали гардонанд.

 

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ХИФЗИ МУХИТИ ЗИСТ

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 8. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист

 

Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист инхоянд:

– пешбурди сиёсати давлати дар сохаи хифзи мухити зист;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– мукаррар намудани тартиби тахия ва тасдики хуччатхои меъёри ва талабот дар сохаи хифзи мухити зист нисбати фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият;

– хавасмандгардонии кашфиёт ва тадкикоти илми, илмии техники дар сохаи хифзи мухити зист, таъмини бехатарии экологи ва идоракунии устувори истифодаи табиат, аз байн бурдан ва пешгири кардани кохиши мухити зист;

– мукаррар намудани андоза ва тартиби ситонидани пардохти маблагхо барои истифодабарии захирахои табии;   (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

(Сархати 5 хорич карда шуд бо КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– муайян намудани тартиб ва шартхои сугуртаи хатмии экологии шахсони вокеи ва хукуки;

– муайян намудани тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологи ва расмиёти арзёбии таъсири фаъолияти ба накша гирифташаванда ба мухити зист;

– кабули карорхо дар хусуси истифодаи захирахои табии, бастани шартномахо ва карордодхо, аз чумла консессияхо;

– тасдики барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва накшахои амал оид ба хифзи мухити зист, хисобот ва гузоришхои милли оид ба холати мухити зист, инчунин накшахои комплексии истифода, баркарорсози ва хифзи захирахои табии, тартиби пешбурди кадастрхои давлатии захирахои  табии;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– маблаггузори ва таъминоти моддию техникии чорабинихои хифзи мухити зист дар доира ва хачми мукаррарнамудаи бучети давлати;

– мукаррар намудани сохтор, мухтаво ва тартиби мониторинги давлатии мухити зист ва захирахои табии, ташаккули системаи давлатии мушохидаи вазъи мухити зист ва таъмини фаъолияти ин система;

– тасдики номгуи гуруххои махсулот, ичрои корхо ва хизматрасони дар сохаи хифзи мухити зист, ки бояд хатман стандартизатсия ва сертификатсия шаванд;

– тасдики номгуи объектхои мухити зисти дорои ахамияти махсуси экологи, илми, таърихи ва фарханги, ташкили мамнуъгоххои давлати, паркхои милли, дендрологи ва табиии давлати, инчунин дигар минтакахои махсус мухофизатшавандаи табии;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– муайян намудани тартиб ва шартхои чамъовари, тахлил, чамъбаст, пешниходи иттилоот ва пешбурди омори давлати дар сохаи хифзи мухити зист;

– мукаррар намудани тартиби назорати давлати дар сохаи хифзи мухити зист;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист ва тасдики низомномаи он;   (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– анчом додани дигар салохиятхо мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 9. Ваколати макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

  1. Ба ваколати макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист мансубанд:

– татбики сиёсати давлатии экологи ва идоракунии комплекси дар сохаи хифзи мухити зист ва истифодаи самараноки захирахои табии, хамохангсозии фаъолияти вазорату идорахо, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони вокеи ва хукуки;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– амали сохтани назорати давлатии фаъолияти объектхои хочагидори ва дигар фаъолият, новобаста ба шаклхои моликият ва мансубияти идорави дар сохаи хифзи мухити зист ва истифодаи окилонаи ахирахои табии;

– тахияи лоихаи конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист, инчунин назорати ичрои онхо;

– тахия ва тасдики меъёрхо, регламентхои техники ва дигар хуччатхои меъёри дар сохаи хифзи мухити зист ва истифодаи окилонаи захирахои  табии;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– тахияи лоихахои барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва накшахои амал оид ба хифзи мухити зист, хисобот ва гузоришхои милли оид ба холати мухити зист, инчунин накшахои комплексии истифода, баркарорсози ва хифзи захирахои табии, иштирок дар татбики онхо;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– ширкат дар тахия ва татбики барномахои экологии байнидавлати ва минтакави;

– ширкат дар амалисозии чорабинихои хифзи табиат ва дигар чорабинихое, ки барои бехбуди вазъи мухити зист андешида мешаванд, аз чумла дар минтакахои офати экологи;

– ташкил ва гузаронидани экспертизахои давлатии экологии фаъолияти ба накша гирифташаванда;

– анчом додани амалхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар мавриди ба чавобгарии маъмури ва дигар чавобгари кашидани шахсони гунахкор;

– ба суд пешниход намудани даъво дар хусуси ситонидани чарима, чуброни товони зараре, ки дар натичаи риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист расонида шудааст, хамчунин пардохти хатмии маблагхо барои ифлос кардани мухити зист  ва дигар намудхои таъсири зарарнок ба он;

– тахияи пешниходхо оид ба таъсиси мавзеъхои махсус мухофизатшавандаи табии, идора кардани чунин мавзеъхо, назорати хифз ва истифодаи онхо;

– иштирок дар ташкил, татбик ва рушди маърифати экологи ва ташаккули фарханги экологи дар худуди Чумхурии Точикистон;

– бо тартиби мукаррарнамуда махдуд кардан, боздоштан ва катъ гардонидани фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияте, ки бо риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мухити зист анчом дода мешавад;

– ташкил ва пешбурди мониторинги давлатии мухити зист, таъмини фаъолияти хадамоти давлатии азорати мухити зист;

– бо тартиби мукарраргардида таъмин кардани ахоли бо иттилоот оид ба вазъи мухити зист дар худуди Чумхурии Точикистон;   (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– ройгон дастрас намудани иттилооти экологи аз вазоратхо, идорахо, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, корхонахо ва муассисаю ташкилотхо;   (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– тахия ва  пешбурди Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон, тасдики Низомнома ва хайати Комиссияи доимоамалкунандаи он;

– додани ичозатномахо ба баъзе намудхои фаъолият ё хуччатхои ичозатдихи барои пешбурди фаъолият ё амали муайян дар сохаи хифзи мухити зист ва истифодаи захирахои табии бо тартиби мукаррарнамудаи конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» ва «Дар бораи низоми ичозатдихи;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– барои субъектхои Чумхурии Точикистон мукаррар намудани лимит ва квотахои истифодаи захирахои табии, аз чумла объектхои олами набототу хайвонот, махсулоти чангал, партовхо ба хавои атмосфера, манбаъхои об, руи замин ва кабати он, чойгиронии партовхо;

– додани ичозат барои хукуки чамъовари кардан, аз сархад гузаронидан ва гуронидани  партови истехсоли ва истеъмоли, ихроч ва чойгиронии моддахои  ифлоскунандаи мухити зист, парма кардани чоххои об  ва истифодабарии максадноки захирахои табии;

– ташкил кардан ва гузаронидани сертификатсияи экологии объектхои мухити зист, захирахои табии, махсулот, мавод ва ашёи хом, партовхои истехсоли ва истеъмоли, равандхои технологи ва хизматрасони, ки барои пешгири ва бартараф кардани зарар ба мухити зист ва таъмини амнияти экологи   равона карда шудаанд;

– мукаррар ва тасдик намудани андозаи пардохти маблагхо барои истифодаи захирахои табии, ифлос кардани мухити зист ва чойгиронии  партовхо;

– хамохангсозии фаъолияти дигар макомоти ваколатдори давлати оид ба  хифзи мухити зист ва истифодаи захирахои табии;

– таъсис ва пешбурди кадастри давлатии захирахои табии, бахисобгири ва арзёбии захирахои табии;

– анчом додани хамкорихои байналмилали дар сохаи хифзи мухити зист, бехатарии экологи, омузиш, чамъбаст ва интишори тачрибаи байналмилали, таъмини ичрои ухдадорихои Чумхурии Точикистон тибки санадхои хукукии байналмилалие, ки онхоро Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист эътироф намудааст;

– чамъовари ва баррасии иттилооти экологи, тахия ва нашри хисоботу гузоришхои милли оид ба вазъи мухити зист;

– анчом додани дигар вазифахои таъмини хифзи самараноки мухити зист ва истифодаи захирахои табии дар доираи салохияти худ.

  1. Ичрои карорхои макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист оид ба масъалахои тахти салохияти  он кароргирифта  барои шахсони вокеи ва хукуки хатми буда, аз руи онхо бо тартиби мукаррарнамудаи конун шикоят кардан мумкин аст. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти  давлати дар сохаи хифзи мухити зист

 

  1. Макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколатхои худ:

– дар минтакахои дахлдор самтхои асосии хифзи мухити зисти табии ва истифодаи захирахои табииро муайян месозанд ва барномахои экологиро тасдик менамоянд;

– харочоти хифз ва солимгардонии мухити зистро дар бучети махалли тасдик мекунанд;

– хисоботи рохбарон ва дигар шахсони мансабдори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, сохторхои макомоти марказии ичроияи хокимияти давлати, корхона, муассиса ва ташкилотхоро оид ба вазъи хифзи мухити зист ва истифодаи захирахои табиат мешунаванд;

– дар доираи ваколати худ доир ба масъалахои солимгардонии мухити зист, хифз, баркарорсози ва окилона истифода бурдани захирахои табии, хифзи объектхои мухити зисти дорои арзиши махсуси экологи, илмию фарханги коидахои ичрояшон хатми  кабул мекунанд.

  1. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколатхои худ корхои зеринро анчом медиханд:

– назорати давлати дар сохаи хифзи мухити зист ва танзими истифодаи захирахои табиат;

– тахия ва татбики барномахо ва накшахои амал оид ба  хифзи мухити зист ва истифодаи табиат дар минтакахои марбута, сохтмон ва азнавсозии объектхои хифзи мухити зист;

– пешниходи таклиф ба макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мухити зист дар хусуси хифзи объектхои мухити зист, ки дорои арзиши махсуси экологи, таърихи, илми ва фарханги мебошанд, инчунин оид ба таъсиси мавзеъхои махсус мухофизатшаванда; (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– таблиги хифзи мухити зист, анчом додани корхои тарбия ва ташаккули маърифати экологии ахоли;

– амали сохтани дигар ваколатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 11. Ваколатхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи хифзи мухити зист

 

Макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар доираи ваколатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичрои конунхо ва санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва  карорхои макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист, инчунин иштироки ахолиро дар халли масъалахои  бехбуди мухофизати мухити зист таъмин менамоянд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

БОБИ 3.

ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ШАХРВАНДОН, ИТТИХОДИЯХОИ ЧАМЪИЯТИ

ВА ТАШКИЛОТХОИ ДИГАРИ ГАЙРИТИЧОРАТИ ДАР СОХАИ ХИФЗИ МУХИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 12. Хукук ва ухдадорихои шахрвандон дар сохаи   хифзи мухити зист

 

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон ба зиндаги дар шароити барои саломати ва хаёт мусоид ва истифода аз неъматхои он, ба хифзи мухити зист аз таъсири номатлуби фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият, холатхои фавкулоддаи хусусияти табии ва техногенидошта хукук доранд.
  2. Шахрвандон дар сохаи хифзи мухити зист хукук доранд:

– иттиходияхо ва дигар ташкилотхои гайритичоратии фаъолияташон вобаста ба хифзи мухити зистро таъсис диханд;

– ба макоми хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот,, дигар ташкилот ва шахсони мансабдор барои гирифтани иттилооти саривакти, пурра ва дакики вобаста ба вазъи мухити зисти махалли истикомати худ, чорахои вобаста ба хифзи он мурочиат намоянд ва чунин иттилоотро дастрас кунанд. Агар ошкор кардани иттилооти экологи ба хифзи сирри давлати ё хукук ва манфиатхои конунии тибки санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон хифзшаванда таъсири манфи расонад, дархост метавонад рад карда шавад;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– дар чамъомаду гирдихамоихо, намоишу рохпаймоихо дар масъалахои хифзи мухити зист ва дар дигар  чорабинихо, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон намебошанд, ширкат варзанд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– дар раванди баррасии лоихахои накшахо, барномахо ва санадхои меъёрии хукукии марбут ба мухити зист, арзёбии таъсир ба мухити зист ва дигар масъалахои мухими экологи ширкат варзанд, натичахои тахкикот, таклиф ва фикру акидахои худро нисбат ба лоихахои мазкур пешниход намоянд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– экспертизаи чамъиятии экологиро талаб кунанд ва дар гузаронидани он тибки тартиби мукарраргардида ширкат варзанд;

– оид ба масъалахои марбут ба хифзи мухити зист, таъсири манфи ба он бо шикоят, ариза ва пешниходхо ба макоми хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, инчунин ба дигар ташкилотхо мурочиат кунанд, чавобхои бахангом ва асоснок гиранд;

– оид ба чуброни зараре, ки  ба мухити зист, моликияти шахси ва саломатии онхо расидааст, ба суд даъво оваранд;

– хаёт, саломати ва молу мулки худро аз таъсири манфии мухити зист, ки дар натичаи фаъолияти хочагидори ё дигар фаъолият ба вучуд меояд, сугурта кунанд;

– шахрвандони Чумхурии Точикистон инчунин дигар хукукхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали менамоянд.

  1. Шахрвандон ухдадоранд:

– мухити зист ва захирахои табииро хифз ва эхтиёт кунанд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

(Сархати 2 хорич карда шуд бо КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– ба макоми  ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист, макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар халли масъалахои хифзи мухити зист мусоидат кунанд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– дигар талаботро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, риоя кунанд.

  1. Истифодаи захирахои табии аз чониби шахрвандон бар зарари мухити зист, хукук ва манфиатхои дигар шахрвандон, корхонаю муассисахо ва ташкилотхо ичозат дода намешавад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 13. Хукук ва ухдадорихои иттиходияхои чамъияти  ва дигар ташкилотхои

                       гайритичорати дар сохаи хифзи мухити зист

 

  1. Иттиходияхои чамъияти ва дигар ташкилотхои гайритичорати хукук доранд, ки:

– мувофики тартиби мукарраргардида дар  тахия, таблиг ва татбики барномахои сохаи хифзи мухити зист иштирок намоянд, хукук ва манфиатхои конунии шахрвандонро дар сохаи хифзи мухити зист химоя кунанд, дар асоси ихтиёри шахрвандонро ба фаъолияти сохаи хифзи мухити зист чалб намоянд;

– аз хисоби маблаги худ ва маблаги чалбгардида фаъолияти вобаста ба сохаи хифзи мухити зист, баркарорсозии захирахои табии, таъмини амнияти экологиро ичро ва таблиг кунанд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– ба макомоти махалли ва марказии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, корхона, муассиса, ташкилотхо ва шахсони мансабдор барои дастрас кардани иттилооти бахангом, пурра ва дакик оид ба вазъи мухити зист, чорахои хифзи он, холат ва далелхои фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияте, ки ба мухити зист, хаёт, саломати ва моликияти шахрвандон тахдид мекунанд, мурочиат намоянд. Дархост оид ба иттилооти экологи дар холате, ки ошкор кардани он ба хифзи сирри давлати ё хукук ва манфиатхои конунии бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хифзшаванда таъсири манфи расонад, метавонад рад карда шавад;

– мутобики тартиби мукарраргардида дар мухокима ва кабули карорхои хочаги ва дигар карорхое, ки татбики онхо метавонад ба мухити зист, хаёт, саломати ва моликияти шахрвандон таъсири манфи расонад, ширкат варзанд;

– ба макомоти маркази ва махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва дигар ташкилоту идорахои Чумхурии Точикистон бо арзу шикоят ва пешниходхо оид ба масъалахои бехтар намудани хифзи мухити зист, таъсири манфи ба мухити зист мурочиат кунанд, чавоби бахангом ва асоснок гиранд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– экспертизаи чамъиятии экологиро мутобики тартиби мукарраргардида ташкил кунанд ва гузаронанд, намояндагони худро барои ширкат дар экспертизаи давлатии экологи тавсия намоянд;

– дар хусуси бекор кардани карор оид ба лоихакаши, чойгирони, сохтмон, навсози, ба истифода додани объектхо, хамчунин оид ба махдудсози, боздоштан ва катъ кардани фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият, ки ба мухити зист таъсири манфи мерасонад, ба макомоти ваколатдори давлати ва суд мурочиат кунанд;

– бо максади хифзи манфиатхои шахрвандон оид ба чуброни товони зарари ба мухити зист расонидашуда ба суд даъво пешниход кунанд.

  1. Иттиходияхои чамъияти ва дигар ташкилотхои гайритичорати ухдадоранд:

– талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро дар сохаи хифзи мухити зист риоя кунанд;

– ба макоми хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар халли масъалахои хифзи мухити зист мусоидат намоянд;

  1. Иттиходияхои чамъияти ва дигар ташкилотхои гайритичорати хукук ва ухдадорихои дигарро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, доранд.
  2. Аз тарафи иттиходияхои чамъияти ва дигар ташкилотхои гайритичорати истифода кардани мухити зист ба зарари он, хукук ва манфиатхои конунии дигар шахсони вокеи ва хукуки манъ аст.

 

Моддаи 14. Кафолатхои хукуки шахрвандон ва иттиходияхои чамъияти дар сохаи хифзи

                       мухити зист 

 

  1. Давлат тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба шахрвандон ва иттиходияхои чамъияти татбики хукукхои дар сохаи хифзи мухити зист ба онхо додашударо кафолат медихад.
  2. Шахсоне, ки ба хукуку ухдадорихои дар Конуни мазкур нишон додашударо ичро кардани иттиходияхои чамъияти ва шахрвандон монеъ мегарданд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 15. Системаи чорабинихои давлати оид ба таъмини хукук ба мухити зисти мусоид

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

  1. Системаи чорабинихои давлати оид ба таъмини хукук ба мухити зисти мусоид мачмуи чорахои ташкили, ичтимои, иктисоди, техники ва технологиро дар бар мегирад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Бо максади таъмини хукук ба мухити зисти мусоид аз тарафи давлат чорахои зерин амали карда мешаванд: (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– таъмини амнияти экологи ва бехсозии сифати мухити зист;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– муътадилгардонии холати мухити зист, хифз ва нигохдории гуногунии биологи, истифодаи окилона ва баркарорсозии захирахои табии;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– пешгири ва бартарафкунии зарар ба мухити зист ва хаёти инсон;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– таъмини идоракунии бехатари фаъолият оид ба чамъовари, истифода, безараргардони, интикол ва чойгиркунонии партовхои хатарнок;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– такмили усул ва технологияхои хифзи мухити зист ва истифодабарии захирахои табии;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– рушди системаи иттилооти ва усулхои назорати хифзи мухити зист;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– таргиби донишхои экологи ва баланд бардоштани маърифати экологии ахоли.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

  1. Макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони мансабдор барои таъмини хукукхои шахрвандон ба мухити  зисти мусоид масъул мебошанд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Чойгиронии объектхое, ки фаъолияти онхо метавонад ба мухити зист зарар расонад, бо назардошти фикру акидаи ахолии минтакаи дахлдор амали карда мешавад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

БОБИ 4.

ТАНЗИМИ ИКТИСОДИ ДАР СОХАИ  ХИФЗИ МУХИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 16. Усулхои танзими иктисоди дар сохаи хифзи мухити зист 

 

  1. Вазифахои механизми иктисодии хифзи мухити зист рушди хавасмандгардонии моддиву маънавии аъолияти вазорату идорахо, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, корхонахо, ташкилоту муассисахо, сарфи назар аз шаклхои моликият ва тобеият, кормандони онхо ва шахрвандон ба тахия, банакшагири ва амали сохтани чорабинихои амнияти экологи, истифодаи самаранок, нигохдори ва баркарорсозии захирахои табии мебошад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Ба усулхои танзими иктисодии сохаи хифзи мухити зист инхо мансубанд:

– тахияи дурнамои давлатии рушди иктисодию ичтимои дар асоси дурнамои экологи;

– тахияи барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва накшахои амал дар сохаи хифзи мухити зист;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– тахия ва гузаронидани чорабинихои хифзи мухити зист бо максади пешгири ва рафъи зарар ба мухити зист;

– мукаррар намудани пардохти маблагхо барои таъсири манфи ба мухити зист;

– мукаррар намудани лимитхо, квотахо ва тартиби ситонидани пардохти маблагхо барои истифодаи захирахои табии, аз чумла объектхои олами набототу хайвонот, махсулоти чангал, партовхо ба хавои атмосфера, манбаъхои оби, руи замин ва кабати он, чойгиронии партовхо ва дигар намудхои таъсироти манфи ба мухит зист;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– арзёбии иктисодии объектхои табии ва табиии антропогени, хамчунин таъсири фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият ба мухити зист;

– дастгирии давлатии фаъолияти сохибкори, инноватсиони ва дигар фаъолият (аз чумла сугуртаи экологи), ки ба чори кардани технология ва истехсолоти бехтарину пешкадам, навъхои гайрианъанавии энергия, истифодаи захирахои мустаъмал ва коркарди партовхо, инчунин дигар тадбирхои самараноки хифзи мухити зист нигаронидашуда;

– бо тартиби мукарраргардида чуброн намудани зараре, ки ба мухити зист расонида шудааст;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– усулхои дигари танзими иктисодии такмил ва хифзи самараноки мухити зист.

  1. Танзими иктисодии фаъолият оид ба хифзи мухити зист тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 17. Бахисобгири  ва арзёбии ичтимоию иктисодии  захирахои табии

 

  1. Макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист якчоя бо макомоти давлатии омор ва истифодабарандагони табиат хисоботи микдор ва сифати захирахои табии, ашёи мустаъмал, инчунин махсулоти гайриасосии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолиятро тахия мекунанд, арзёбии ичтимоию иктисодии онхоро анчом медиханд.
  2. Пешбурди кадастрхои давлатии захирахои табии, минтакахо ва объектхои махсус мухофизатшаванда ба зиммаи макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист гузошта мешавад.

 

Моддаи 18. Маблаггузории чорабинихои хифзи мухити зист

 

Чорабинихои хифзи мухити зист аз хисоби манбаъхои зерин маблаггузори карда мешаванд:

– бучети давлати;

– хакгузорихои ихтиёрии шахсони вокеи ва хукуки;

– дигар манбаъхои молиявие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 19. Лимиту квотахои истифодабарии захирахои табии

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

  1. Лимиту квотахои истифодабарии захирахои табии барои истифодабарандагони табиат бо максади муайян кардани андозахои нихоии истифодабарии захирахои табии, ихрочи моддахои ифлоскунанда ва чойгиронии партовхо дар худуд ва мухлати муайян мукаррар карда мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Лимиту квотахои истифодаи захирахои табии барои истифодабарандагони табиат аз чониби макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист бо максади тадричан расидан ба андозахои меъёрии истифодаи захирахои табии, хадди имконпазири ихрочи моддахои ифлоскунанда ба мухити зист ва чойгиронии партовхо бо назардошти вазъи экологии худуд мукаррар карда мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 20. Пардохти маблагхо барои истифодаи захирахои табии ва расонидани таъсири

                       манфи ба мухити зист

 

  1. Пардохти маблагхо барои истифодаи захирахои табии (замин, об, сарватхои зеризамини, чангал, олами набототу хайвонот, захирахои рекреатсиони ва дигар захирахо) дар мавридхои зерин ситонида мешавад:

– барои хукуки истифодаи захирахои табии;

– барои истифодаи захирахои табии дар доираи лимиту квотахои мукарраршуда;

– барои аз лимиту квотахои мукарраршуда зиёд истифода бурдани захирахои табии;

  1. Пардохти маблагхо барои расонидани таъсири манфи ба мухити зист дар мавридхои зерин ситонида мешавад:

– барои партофтан, ихрочи моддахои ифлоскунанда, чойгиркунии партовхо ва расонидани дигар намудхои таъсир ба мухити зист дар доираи лимиту  квотахои мукарраршуда;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– барои аз лимит ва квотахои мукарраршуда зиёд партофтани маводи ифлоскунанда, чойгиркунии партовхо ва расонидани дигар намудхои таъсир ба мухити зист.

  1. Тартиби хисоб ва татбик кардани меъёри пардохти маблагхо барои истифодаи захирахои табии ва таъсири манфи ба мухити зистро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  2. Пардохти маблагхои истифодаи захирахои табии ва расонидани таъсир ба мухити зист истифодабарандагони табиатро аз ичрои чорабинихои хифзи мухити зист, чуброни товони зарархои ба мухити зист расонидашуда озод намекунад.

 

Моддаи 21. Фондхои хифзи мухити зист

 

  1. Барои харочоти пешбининашудаи вобаста ба хифз ва солимгардонии мухити зист, баркарор кардани талафоти мухити зист ва чуброни товони зарари ба он расонидашуда, фондхои махалли ва чумхуриявии хифзи мухити зист таъсис дода мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Фондхои мазкур аз хисоби маблагхои барои истифодаи захирахои табии, ихрочи (партофтан, чойгирони) моддахои ифлоскунанда ба мухити зист, пардохташуда, хайрияхои ихтиёрии шахсони вокеи ва хукуки ва дигар манъбахо ташаккул меёбанд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  3. Тартиби ташкилу истифодаи фондхои хифзи мухити зист аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон  муайян карда мешавад.

 

Моддаи 22. Фондхои сугуртаи хифзи мухити зист

 

  1. Фондхои сугуртаи хифзи мухити зист барои пушонидани харочот оид ба баркарорсози  талафоти мухити зист, чуброни товони зарари ба саломатию молу мулки шахрвандон дар натичаи офатхои табии, садамаю фалокат ва дигар хатархои экологи расида  таъсис дода мешаванд.
  2. Фондхои мазкур аз хисоби маблагчудокунии давлат, корхонахо. ташкилоту муассисахо, сарфи назар аз тобеъият ва шаклхои моликияташон, инчунин аз маблаги хайрияи ихтиёрии шахрвандон таъсис дода мешаванд.
  3. Шартхои сугуртакуни, тартиби ворид намудани пардохти маблагхои сугуртави мувофики онунгузории Чумхурии Точикистон  муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 5.

БАМЕЪЁРДАРОРИИ МУХИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 23. Бамеъёрдарории сифати мухити зист

 

  1. Бамеъёрдарории сифати мухити зист бо максади муайян кардани хадди имконпазири меъёри аз чихати илми асоснокшудаи таъсир ба мухити зист, ки бехатарии экологи ва хифзи саломатии ахоли, хифзи хавои атмосфера, об, замин, олами набототу хайвонот, истифодаи окилона ва баркарорсозии захирахои табииро кафолат медихад, анчом дода мешавад.
  2. Бамеъёрдарории сифати мухити зист системаи меъёрхои сифати мухити зист мебошад, ки бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тахия мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 24. Тахияи меъёрхои сохаи хифзи мухити зист

 

Тахияи меъёрхои сохаи хифзи мухити зист инхоро дар бар мегирад:

– ичрои корхои тадкикоти-илми чихати асосноккунии меъёрхои сохаи хифзи мухити зист;

– бо тартиби мукарраргардида гузаронидани экспертиза, тасдик ва нашри меъёрхои сохаи хифзи мухити зист;

– муайян кардани асосхои тахия ё аз нав дида баромадани меъёрхои сохаи хифзи мухити зист;

– ташаккул ва пешбурди махзани ягонаи иттилоотии меъёрхои сохаи хифзи мухити зист;

– арзёби ва пешгуи кардани натичахои экологи, ичтимоию иктисодии меъёрхои сохаи хифзи мухити зист.

 

Моддаи 25. Меъёрхои сифати мухити зист

 

  1. Меъёрхои сифати мухити зист барои арзёбии вазъи мухити зист ба манфиати саломатии инсон, нигохдории системахои экологии табии ва фонди генетикии олами набототу хайвонот мукаррар карда мешаванд.
  2. Ба меъёрхои сифати мухити зист инхо мансубанд:

– меъёрхое, ки мутобики нишондихандахои кимиёвии вазъи мухити зист  мукаррар карда шудаанд, аз чумла меъёрхои хадди имконпазири гилзати моддахои кимиёви, инчунин моддахои радиоактиви;
– меъёрхое, ки мутобики нишондихандахои  физикии вазъи мухити зист мукаррар карда шудаанд, аз чумла мутобики нишондихандахои дарачаи радиоактиви ва харорат;

– меъёрхое, ки мутобики нишондихандахои биологии вазъи мухити зист мукаррар карда шудаанд, аз чумла навъ ва гуруххои растани, хайвонот ва дигар организмхое, ки  хамчун индикаторхои сифати мухити зист истифода бурда мешаванд, инчунин меъёрхои хадди имконпазири гилзати микроорганизмхо;

– дигар меъёрхои сифати мухити зист.

  1. Барои минтакахои алохида (мамнуъгоххо, парваришгоххо, паркхои миллии табии, минтакахои осоишию курорти ва  истирохати) бо назардошти хусусиятхои табиию иклими, хамчунин арзиши махсуси онхо меъёрхои нисбатан катъии сифати мухити зист муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Меъёрхои хадди имконпазири ихроч ва партофтани моддахои ифлоскунанда

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

  1. Меъёрхои хадди имконпазири ихроч ва партофтани моддахои ифлоскунанда, аз чумла микроорганизмхои патогени ва дигар моддахои биологии хаво ва обу заминро ифлоскунанда бо назардошти воридоти умумии партовхо аз хамаи объектхои истехсоли, маълумотхои инвентаризатсияи ихроч ва партофтани моддахои ифлоскунанда аз хар як манбаи ифлоскунанда, меъёрхои хадди имконпазири гилзати моддахои ифлоскунанда дар мухити зист ва ифлосии мавчудаи он муайян карда мешавад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Ихроч ва партофтани моддахои ифлоскунанда, дигар модда ва микроорганизмхо ба мухити зист дар доираи лимитхои мукарраргардидаи имконпазири ихроч ва партофтани моддахо ва микроорганизмхо дар асоси ичозати макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист мумкин аст. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 27. Меъёрхои хадди имконпазири дарачаи садо, ларзиш, майдонхои магнити ва

                       дигар таъсири номатлуби физики

 

  1. Меъёрхои хадди имконпазири дарачаи садо, ларзиш, майдонхои магнити ва дигар таъсири номатлуби физики ба андозаи таъминкунандаи хифзи саломати ва кобилияти мехнатии одамон, хифзи олами набототу хайвонот ва мухити зисти барои зиндаги мусоид муайян карда мешавад.
  2. Меъёрхои мазкур ва усулхои муайян кардани онхо аз чониби макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи якчоя бо макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист тахия ва аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон  тасдик карда мешаванд.

 

Моддаи 28. Меъёрхои хадди имконпазири дарачаи таъсири радиатсиони

 

  1. Меъёрхои хадди имконпазири дарачаи таркиби бехавфи моддахои радиоактиви дар мухити зист ва озука, хадди имконпазири дарачаи шуоъафкании радиатсиони ба андозае муайян карда мешаванд, ки саломатии инсон ва насли ояндаи одамон, нигахдории олами набототу хайвонот ва холати мусоиди зист кафолат дода шаванд.
  2. Меъёрхои мазкур ва усулхои муайян кардани онхо аз чониби макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи якчоя бо макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист тахия ва аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Меъёрхои истифодабарии нури ва захрдорухои кимиёви ва дигар

                       моддахои кимиёви

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Меъёрхои истифодаи нурихои минерали ва органики, дигар моддахои кимиёви ва воситахои нумуи растанихо дар сохахои кишоварзи, чангалпарвари ва дигар сохахои иктисодиёт ба андозае мукаррар карда мешаванд, ки талаботи хадди имконпазири бакияи моддахои кимиёви дар таркиби озука ва организми одам, инчунин хифзи саломатии инсон, фонди генетикии он ва олами набототу хайвонот таъмин карда шаванд.

 

Моддаи 30. Меъёрхои хадди имконпазири бакияи моддахои кимиёви ва микроорганизмхои

                      зарарноки биологи дар озука

 

  1. Меъёрхои хадди имконпазири бакияи моддахои зарарноки кимиёви, захрдорухои кимиёви ва микроорганизмхои зарарноки биологи дар озука бо рохи муайян кардани меъёри камтарини имконпазири барои саломатии инсон безарар, барои хар як намуди моддаи кимиёви, захрдорухои кимиёви ва микроорганизмхои зарарноки биологи ва хар як намуди озука муайян карда мешаванд.
  2. Меъёрхои мазкур аз чониби макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон бо назардошти стандартхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тахия ва аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

 

Моддаи 31. Стандартхои экологи

 

  1. Дар стандартхо барои техника, технология ва маводу ашъёи нав, дигар махсулоте, ки метавонанд ба табиат, саломати ва фонди генетикии инсон таъсири зарарнок расонанд, талаботи экологие мукаррар карда мешаванд, ки риояи меъёрхои хадди имконпазири таъсиррасони ба мухити зистро дар чараёни истехсолот, баркарорсози, нигохдори, хамлу накл, истифода (истеъмол) ва нобудсозии  маводу махсулоти мазкур бояд таъмин намоянд.
  2. Стандартхои мазкур, усулхои муайян кардани онхо ва намудхои техника, технология, масолех, моддахо ва дигар махсулоте, ки барои онхо тахия мешаванд, аз чониби макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист дар мувофика бо макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи тасдик карда мешаванд.

 

Моддаи 32. Меъёрхои имконпазири шиддати антропогени ба мухити зист

 

  1. Меъёрхои имконпазири шиддати антропогени ба мухити зист барои субъектхои фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият бо максади арзёби ва танзими таъсири хама манбаъхои статсионари, сайёр ва дигар манбаъхои ба мухити зист таъсиррасон, ки дар худуди минтакаи мушаххас  чойгиранд, мукаррар карда мешаванд.
  2. Меъёрхои имконпазири шиддати антропогени ба мухити зист барои хар як намуди таъсири фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият ба мухити зист ва таъсири муштараки хамаи манбаъхои дар худуди ин минтака чойгирбуда  мукаррар карда мешаванд.
  3. Хангоми мукаррар намудани меъёрхои имконпазири шиддати антропогени ба мухити зист хусусиятхои мухити зисти минтакахои мушаххас, аз чумла гуногунии биологи ба инобат гирифта мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 33. Меъёрхои минтакахои санитари ва мухофизати

 

  1. Меъёрхои минтакахои санитари, мухофизати, санитарию мухофизати барои хифзи обанбор ва дигар манбаъхои обтаъминкуни, минтакахои курорти, муоличавию солимгардони, махалхои ахолинишин ва дигар худудхо аз ифлосшави ва дигар таъсири номатлуб мукаррар карда мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Меъёрхои мазкур аз чониби макомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва хифзи мухити зист якчоя бо дигар макоми ваколатдори давлати тахия карда, мавриди амал карор дода мешаванд.

 

Моддаи 34.Сертификатсияи экологи

 

  1. Сертификатсияи экологи бо максади таъмини фаъолияти аз чониби хочагидори ва дигар фаъолияти аз чихати экологи бехатари шахсони вокеи ва хукуки гузаронида мешавад.
  2. Сертификатсияи экологи метавонад хатми ё ихтиёри бошад.
  3. Сертификатсияи экологии хатми мувофики тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

 

БОБИ 6.

АРЗЁБИИ ТАЪСИР БА МУХИТИ ЗИСТ ВА ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГИ

 

Моддаи 35. Арзёбии таъсир ба мухити зист

 

  1. Фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти ба накша гирифташавандаи шахсони вокеи ва хукуки, ки ба мухити зист, аз чумла ба саломатии ахоли мустакиман ё гайримустаким таъсир мерасонад, арзёби карда мешавад.
  2. Арзёбии таъсир ба мухити зист расмиёти хатми буда, хангоми тахияи хама гуна вариантхои алтернативии хуччатхои пешазлоихави, аз чумла пеш аз сармоягузори, ки фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияти ба накша гирифташавандаро асоснок мекунад, бо иштироки чомеъа гузаронида мешавад.
  3. Номгуи навъхои фаъолият ва талабот нисбати маводи арзёбии таъсир ба мухити зист дар низомнома, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 36. Экспертизаи экологи

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

  1. Экспертизаи экологи барои санчиши асосноки ва мутобикати фаъолияти хочагидори ва фаъолияти дигари ба накша гирифташуда ба талаботи меъёрхои сифати мухити зисти табии, конунгузории хифзи мухити зист ва амнияти экологии чомеа гузаронида мешавад.
  2. Сохтмон, мавриди истифода карор додан, инчунин амали сохтани фаъолияти дигари хочагидори бе хулосаи мусбии экспертизаи экологи манъ аст.
  3. Вазифахо ва тартиби гузаронидани экспертизаи экологиро Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи экпертизаи экологи” мукаррар мекунад.

 

БОБИ 7.

ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГИ ХАНГОМИ ЧОЙГИРОНИ, ЛОИХАКАШИ, СОХТМОН, АЗНАВСОЗИ, МАВРИДИ ИСТИФОДА КАРОР ДОДАНИ КОРХОНА, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТХО

 

Моддаи 37. Талаботи умумии экологи хангоми чойгирони, лоихакаши, сохтмон, азнавсози,

                       мавриди истифода карор додани корхона, иншоот ва дигар объектхо

 

  1. Хангоми чойгирони, лоихакаши, сохтмон, тачдид, мавриди истифода карор додан, муваккатан боздоштан (консерватсия кардан) ва бархамдихии корхона, иншооту дастгоххо, хангоми гузаронидани хатхои интиколи барк ва алока, кубурхо, каналхо, роххои наклиёти ва дигар объектхое, ки ба мухити зист мустакиман ва гайримустаким таъсир расонида метавонанд, бояд талабот оид ба хифзи мухити зист, аз чумла хифзи саломатии инсон риоя гардида, барои хифз ва солимгардонии мухити зист, истифодаи окилона ва баркарорсозии захирахои табии тадбирхо андешида шаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Вайрон кардани талабот оид ба хифзи мухити зист боиси  тибки амри макомоти давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист муваккатан боздоштан, махдуд кардан ё пурра катъ гардонидани фаъолияти чойгирони, лоихакаши, сохтмон, азнавсози, мавриди истифода карор додан, муваккатан боздоштан ва бархам додани объектхои аз чихати экологи зарарнок, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъият, мегардад.

 

Моддаи 38. Талабот дар сохаи хифзи мухити зист хангоми чойгиронии  корхонахо, иншоот

                       ва дигар объектхо

 

  1. Хангоми чойгиронии корхонахо, иншооту объектхои дигар, сарфи назар аз шаклхои моликият ва тобеъият, ичрои талабот оид ба хифзи мухити зист, истифодаи окилона ва баркарорсозии захирахои табии, амнияти экологи, ба назар гирифтани окибатхои наздиктарин ва дури экологи, генетики, иктисоди, демографи, маънави ва дигари фаъолияти объектхои мазкур бояд таъмин карда шавад.
  2. Чойхои сохтмони корхона, иншооту дигар объектхо, сарфи назар аз шаклхои моликият ва тобеият, тибки конунгузории амалкунанда, дар сурати мавчуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи муайян карда мешаванд.
  3. Хангоми чойгиронии бинохо, иншоот ва дигар объектхо тамоми чорахои имконпазир  оид ба халалдор нагаштани манфиатхои конунии шахрвандон андешида мешаванд.

 

Моддаи 39. Талаботи экологи  нисбати сохтмону азнавсозии корхона, иншоотхо ва дигар

                       объектхо

 

  1. Ичрои  корхои омодасози дар махал, сохтмон, таъмиру тачдиди объектхо, сарфи назар аз шакли моликияту тобеияташон, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи манъ аст. Тагйир додани лоиха ё арзиши корхои тасдикшуда бар зарари мухити зист ичозат дода намешавад.
  2. Корхои дар кисми экологии лоиха пешбинишуда дар навбати аввал ичро карда мешаванд.
  3. Хангоми ичрои корхои сохтмони чихати хифзу истифодаи окилонаи захирахои табии, рекултиватсияи заминхо ва баркарорсозии захирахои дигари табии, ободонии атроф ва солимгардонии  мухити зист бояд тадбирхо андешида шаванд.
  4. Риоя накардани талаботи моддаи мазкур боиси дар асоси амрияи макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологи, назорати бехатарии корхо дар саноат ва назорати кухкори манъ кардани корхои сохтмони то бартараф кардани норасоихои кайдшуда мегардад.

 

Моддаи 40. Риоя намудани талаботи экологи хангоми хусусигардонии молу мулки давлати

 

  1. Корхона ва дигар объектхо бо назардошти натичахои санчиши вазъи экологии онхо хусуси гардонида мешаванд. Санчиши вазъи экологии корхона ё объекти дигари хусусигардонидашаванда тибки накшаи хусусигардони пешбини карда мешавад ва аз чониби макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист анчом дода мешавад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Чорабинихо оид ба тоза ва безараргардонии корхона ва дигар объекти хусусигардони аз хисоби давлат ва (ё) бо розигии молики нав аз манбаъхои зерин маблаггузори карда мешаванд:

– маблаги барои сохтмон, тачдид ва азнавчихозонии объектхои хифзи мухити зист бозсармоягузори  намудаи молики нави корхона;

– аз хисоби маблаге, ки ба корхона ва дигар объекти хусусигардонидашуда дар шакли  карзхои максаднок, карзхои бефоиз ва маблаггузории максадноки эхтиёчоти вобаста ба хифзи мухити зист ворид мешаванд;

– аз хисоби маблаге, ки корхона тавассути системаи сугуртаи экологи мегирад;

– аз хисоби дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 41. Риоя намудани талабот ва ухдадорихои экологи хангоми муфлисшави

 

  1. Хангоми огоз намудани парванда оид ба муфлисшави нисбати шахси хукуки – истифодабарандаи табиат санчиши вазъи экологии он гузаронида мешавад.
  2. Ухдадории гузаронидани санчиши вазъи экологии корхона ва дигар объекти муфлисшуда ба зиммаи макомоти анчомдихандаи санатсия ё идоракунандаи беруни  вогузор карда мешавад.
  3. Объекти санчиш натичахои фаъолияти хочагидории корхона, ки боиси муфлисшави гаштааст, инчунин риояи талаботи экологи аз чониби он мебошад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  4. Хангоми баррасии  парванда оид ба муфлисшавии шахси хукуки – истифодабарандаи табиат манфиати кредиторон нисбати ухдадорихои экологи ба инобат гирифта  мешавад.

 

Моддаи 42. Риоя намудани талабот ва ухдадорихои экологи хангоми бархамдихи ва

                       азнавташкилдихии шахси хукуки

 

  1. Шахси хукуки – истифодабарандаи табиат бо назардошти талаботи экологи дар асоси маълумоти санчиши холати корхона, бо инъикоси хатмии натичахои онхо дар баланси бархамдихи, ки хангоми азнавташкилдихии шахси хукуки мураттаб мегардад, бархам дода ва аз нав ташкил карда мешавад.

2 Холати экологии шахси хукукии бархамдодашаванда ё аз нав ташкилдодашаванда аз чониби макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист мавриди санчиш карор мегирад.

  1. Хангоми азнавташкилдихии шахси хукуки ворисони хукукии молики нав нисбати ухдадорихои экологи мутобики тавозуни таксимоти таъмин карда мешаванд.
  2. Шахси хукуки бо назардошти манфиатхои карздихандагон нисбати ухдадорихои экологи бархам дода мешавад.

 

Моддаи 43.Талаботи экологи хангоми мавриди истифода карор додани корхона, иншоот ва

                      дигар объектхо

 

  1. Корхона, иншоот ва дигар объектхо бо шарти дар хачми пурра ичро кардани талаботи экологии дар лоиха пешбинишуда, тибки санадхои комиссияхои кабул, ки бо иштироки намояндагони макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист таъсис меёбанд, мавриди истифода карор дода мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Мавриди истифода карор додани корхона, иншоот ва дигар объектхо, ки бо воситахои назорати ифлосшавии мухити зист, иншооту тачхизоти зарурии тоза ва безараргардони ва нобуд кардани партовхои зарарнок, ихроч ва партофтани моддахои ифлоскунанда то хадди меъёрхои чоиз таъмин нестанд, бе анчом додани корхои лоихавии рекултиватсияи замин, баркарорсозии захирахои дигари табии ва солимгардонии мухити зист манъ аст.

 

БОБИ 8.

ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГИ ХАНГОМИ ИСТИФОДАИ КОРХОНАХО, ИНШООТ,

 ОБЪЕКТХОИ ДИГАР ВА ИЧРОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИГАР

 

Моддаи 44. Талаботи экологи хангоми истифодаи корхонахо, иншоот ва дигар объектхо

 

  1. Корхона, ташкилоту муассисахо ва шахрвандон вазифадоранд, ки оид ба риояи низоми технологи ва ичрои талаботи хифзи мухити зист, истифодаи окилона ва баркарорсозии захирахои табии ва солимгардонии мухити зист тадбирхои самаранок андешанд.
  2. Корхонахо ва ташкилоту муассисахо дар асоси кори самараноки иншоотхои партовтозакуни, тачхизот ва воситахои назорат, безараргардони ва истифодаи партови мустаъмал, гузаштан ба технология ва истехсолоти аз чихати экологи бехавф меъёрхои мукарраршудаи сифати мухити зистро риоя мекунанд, оид ба хифз ва баркароркунии махсулнокии системахои экологии табии, хифзи замин, хок, сарватхои каъри замин, об, хавои атмосфера, олами набототу хайвонот ва баркарорсозии захирахои табии тадбирхо меандешанд.
  3. Риоя накардани талаботи экологи хангоми истифодаи корхона, иншоот ва объектхои дигар, боиси боз доштан, махдуд сохтан ва катъ кардани фаъолияти корхонахо, ташкилоту муассисахо ё сех, шуъба, филиалхо ва тачхизоти онхо бо карори макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист мегардад.
  4. Самти фаъолияти объектхо, кисматхои алохидаи он ё коргоххо, истифода бурдани технология ва техникаи нави аз чихати экологи зарарнок дар мувофика бо макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист дигар карда мешавад.

 

Моддаи 45. Талаботи экологи дар сохаи кишоварзи ва хочагии чангал

 

  1. Шахсони вокеи ва хукукии дар сохаи кишоварзи ва хочагии чангал фаъолияткунанда вазифадоранд нисбати хифзи хок, обанборхо, олами наботот ва хайвонот аз таъсири зараровари офатхои табии, окибати номатлуби истифодаи техника, моддахои кимиёви ва омилхои дигаре, ки холати мухити зистро бад мекунанд ва ба саломатии инсон зарар мерасонанд, тадбирхо андешанд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  2. Фермаву комплексхои чорводори, корхонахои коркарди махсулоти кишоварзи ва хочагии чангал бояд талаботи санадхои меъёрии санитарию мухофизати, минтакахои хифзи об ва иншоотхои партовтозакуние, ки ифлос ва касифшавии замин, обхои руизаминиву зеризамини, нобуд ва харобшавии чангалу чарогоххо, инчунин ба чузъиёти дигари мухити зист расонидани зарарро истисно менамоянд, риоя кунанд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  3. Ичро накардани талаботи мазкур ва расонидани зарар ба мухити зист, аз чумла ба саломатии инсон, боиси дар асоси амрияхои макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист ва назорати давлатии санитарию эпидемиологи боздоштан, махдуд ё катъ кардани фаъолияти аз чихати экологи зарарноки объектхои сохаи кишоварзи, хочагии чангал ва дигар объектхо мегардад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 46. Талаботи экологи хангоми банакшагири, лоихакаши ва ичрои корхои

                       мелиоративи

 

  1. Шахсони вокеи ва хукуки хангоми банакшагири, лоихакаши, ичрои корхои мелиоративи ва истифодаи системахои мелиоративи оид ба  риояи мувозинати об, истифодаи окилона ва хифзи замин, наботот, аз чумла чангалзор, истифодаи сарфакоронаи об, пешгири аз зериобмони, ботлохшави, шуршави, эрозияи замин, рох надодан ба нобудшавии чойхои тухммони, парваришёби, зимистонгузарони ва кучидани мохиён ва таъсири дигари зараровар ба мухити зист бояд тамоми тадбирхоро андешанд.
  2. Риоя накардани талаботи мазкур боиси дар асоси амрияхои макоми ваколатдори давлатии  Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист боздоштани ичрои корхои лоихакаши, сохтмон ё истифодабарии ин системахо то бартараф намудани норасоихо ё катъ гардонидани чунин корхо ва хамзамон катъ кардани маблаггузории чунин корхо аз чониби муассисахои бонки мегардад.

 

Моддаи 47.Талаботи экологи нисбати объектхои энергетики

 

  1. Чойгирони, лоихакаши, сохтмон ва мавриди истифода карор додани корхона, дастгох ва дигар объектхои энергетики, инчунин даргот, сарбанд ва обанборхо, мувофики талаботи моддахои 38-45 Конуни мазкур сурат мегирад.
  2. Тахияи консепсияхо ва барномахои рушди энергетика бо назардошти зарурати кам кардани таъсири манфии окибатхои экологи ва таъсири объектхои энергетики ба мухити зист, аз чумла ба саломатии ахоли анчом дода мешавад.
  3. Хангоми чойгирони, лоихакаши, сохтмони неругоххои барки оби ва дигар объектхои энергетики зарурати иктисоди, релефи махалли чойгиронии объект, тадбирхои бештар эхтиёт кардани замин, чангал, конхо, махалхои ахолинишин, ёдгорихои табии, таърихи ва фарханги, хифзи самараноки захирахои мохи, кабати хосилхези замин ва рох надодан ба тагйироти манфи дар мухити зист хангоми тоза намудан ва бо об пур кардани обанбор бояд ба назар гирифта шаванд.
  4. Риоя накардани талаботи мазкур боиси дар асоси амрияхои макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист боздоштани корхои лоихакаши, сохтмон ё ин ки катъ гардонидани истифодабарии объектхои энергетики то бартараф намудани норасоихо мегардад. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 48. Талаботи экологи хангоми лоихакаши, сохтмон, азнавсозии шахрхо ва дигар

                       махалхои ахолинишин

 

  1. Лоихакаши, сохтмон, азнавсозии шахрхо ва дигар махалхои ахолинишин бояд ба талаботи моддахои 38-45 Конуни мазкур мувофикат кунад ва шароити мусоиди экологиро барои зиндаги ва кору  истирохати ахоли таъмин намояд.
  2. Сохтмони объектхои нав ва зиёд кардани  иктидорхои объектхои амалкунандаи хочагидори, сарфи назар аз шаклхои

моликият ва тобеъият, дар минтакахое, ки олудагии мухити зист аз меъёрхои мукарраршуда зиёд аст, манъ мебошад.

  1. Хангоми лоихакаши, сохтмон, азнавсозии шахрхо ва дигар махалхои ахолинишин таъмини об, кабудизоркуни, канализатсия, бунёди фарши кучахо, безараргардони, анборкуни, аз назари экологи ва санитари бехавф кашонидан, нобуд сохтан ва гур кардани партовхо, равона сохтан ва тоза кардани селобахо бояд ба назар гирифта шавад.
  2. Бо максади хифзи мухити зист дар атрофи шахрхои азим, марказхои саноати ва объектхои азими аз чихати экологи хавфнок богу чангалзор, минтакахои мухофизати, иншоотхои селгардон ва мустахкамкунандаи сохилхо бунёд карда мешаванд.

 

Моддаи 49. Талаботи экологи нисбати истифодаи маводи радиоактиви

 

  1. Корхонахо, ташкилоту муассисахо ва шахрвандон ухдадоранд, ки коидахои истехсол, нигохдори, кашонидан, истифодабари, нобуд сохтан ва гуронидани маводи радиоактиви (манбаъхои иондори нурафкан ва маводи ядрои)-ро риоя кунанд, ба баланд гаштани меъёрхои хадди чоизи  радиатсия рох надиханд, дар сурати баланд шудани он фавран ба макомоти дахлдор, ки бехатарии радиатсиониро таъмин мекунанд, дар хусуси сатхи баланди радиатсия, ки барои саломатии инсон ва ухити зист хавфнок аст, хабар диханд, барои рафъи манбаъхои захролудшави тадбирхо андешанд.
  2. Корхонаю муассисахо, ташкилот ва шахрвандоне, ки коидахои муносибат бо маводи радиоактивиро риоя намекунанд, мувофики карори макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист, назорати давлатии санитарию эпидемиологи аз хукуки истифодаи ин мавод махрум ё фаъолияташон оид ба истифодаи ин мавод то бартараф кардани норасоихо катъ карда мешавад.
  3. Ворид намудани партовхо ва маводи радиоактиви, инчунин хамлу накли (транзити) онхо тавассути худуди Чумхурии Точикистон манъ аст. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 50. Талаботи экологи хангоми истифодаи маводи кимиёви ва маводи дигар дар

                       фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият

 

  1. Корхонаю муассиса, ташкилотхо, шахсони мансабдори онхо ва шахрвандон вазифадоранд, ки коидахои истехсол, нигохдори, кашонидан ва ба кор бурдани маводи кимиёви, воситахои химояи растани ва нумуяи он, нурихои минерали, ки дар фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият истифода мешаванд, риоя кунанд, меъёрхои мукарраршудаи истифодаи онхоро риоя карда, барои пешгирии окибати зарарноки онхо ба мухити зист, аз чумла ба саломатии инсон  чорахо андешанд.
  2. Макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист дар мувофика бо макоми назорати давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон хар сол руйхати мавод ва дорухои кимиёвиеро, ки ба овардан ва истифода бурдани онхо ба худуди Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст, тасдик менамояд. Ба воридот, истехсол ва истифодаи маводи эхтимолан хатарноки кимиёви, инчунин маводи бори аввал ба худуди Чумхурии Точикистон ворид ва истифодашаванда, баъд аз тадкики зарурии экологи ва токсики-гигиени, танзими гигиении муносибат бо онхо, мукаррар намудани меъёрхои токсики-гигиени ва экологи, бакайдгирии давлатии ин моддахо бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.
  3. Истифодаи маводи захрноки кимиёвии тачзиянашаванда, ки ба мухити зист ва саломатии инсон таъсири манфи мерасонад, манъ аст.
  4. Коидахои хифзи мухити зист ба манфиати хифзи саломатии инсон аз таъсири маводи зарарноки кимиёвие, ки дар фаъолияти хочагидори ва фаъолияти дигар ба кор бурда мешаванд, аз чониби макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист дар мувофика бо макоми назорати давлатии санитарию эпидемиологии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

 

Моддаи 51. Хифзи мухити зист аз таъсири зарарноки биологи

 

  1. Хангоми чойгирони, лоихакаши, сохтмон, ба истифода додан ва истифодабарии корхонахо, иншооту объектхои дигар, сарфи назар аз шаклхои моликияту тобеият, ки ба мухити зист таъсири биологи мерасонанд, бояд меъёрхои хадди чоизи  гилзати микробхо дар мухит, беморихои замбуруги, вирусхо ва дигар микроорганизмхо ва маводи биологии ба таври сунъи хосилкардашуда, ки онхоро макоми назорати давлатии санитари-эпидемиологи тасдик менамояд, риоя карда шаванд.
  2. Истехсол, парвариш ва дар мухити зист чойгир кардани объектхои биологии ба табиати махал бегона, аз чумла бо усули сунъи хосилшуда, инчунин истифодаи онхо хангоми мавчуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи ичозат дода мешавад.
  3. Шахсони вокеи ва хукукие, ки ба мухити зист таъсири биологи мерасонанд ва ё имконияти чунин таъсиррасониро доранд, вазифадоранд истехсол, офаридан, нигохдори, хамлу накл, истифода ва нобуд кардани микроорганизмхо ва маводи биологии аз чихати экологи безарарро таъмин намуда, чихати рафъи садамаву фалокатхо, пешгири ва бархам додани окибати таъсири зарарноки биологи ба мухити зист ва саломатии инсон ва фонди генетикии он чорахо андешанд.
  4. Мушохида, ба хисоб гирифтани манбаъхо ва назорати дарачаи таъсири биологи ба мухити зист аз чониби макомоти назорати давлатии санитари-эпидемиологи сурат мегирад.

 

Моддаи 52. Хифзи мухити зист аз таъсири садо, ларзиш, майдонхои магнити ва дигар таъсироти зарарноки физики

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

  1. Шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд, ки барои пешгири ва рафъи садою ларзишхои зарарноки истехсоли, таъсири манфии майдонхои магнити ва дигар таъсироти зарарноки физики дар бинохои истехсоли, чамъияти, истикомати, дар кучахо, хавлихо, майдонхои шахр ва дигар махалхои ахолинишин, минтакахои истирохати ахоли, чойхои чамъшавии зиёди хайвонот ва паррандахои вахши тадбирхои зарури андешанд.
  2. Барзиёдии аз меъёрхои хадди чоизи дарачаи таъсири садою ларзишхои истехсоли ва наклиёти, ларзиш, майдонхои магнити ва таъсири дигари зарарноки физики ба саломатии инсон ва мухити зист манъ аст. Тадбирхое, ки риояи меъёрхои мазкурро кафолат медиханд, хангоми тархкаши ва сохтмони шахрхо ва дигар махалхои ахолинишин, лоихакаши, сохтмон ва тачдиди корхонахо, коргоххо, хатхои технологи, бунёду азхудкунии техникаи нав, хангоми лоихакаши ва истифодабарии воситахои наклиёти руизамини, зеризамини, оби ва хавои пешбини карда мешаванд.

 

Моддаи 53. Хифзи мухити зист хангоми муоимилот бо партовхои истехсоли ва истеъмоли

 

  1. Шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд барои чамъовари, кашонидан, безараргардони, коркард, истифода, анборкуни, гуронидан, инчунин кам кардани пайдоиши партовхои  истехсоли ва истеъмоли чорахои самарабахш андешида, меъёру коидахои амалкунандаи экологи, санитари-гигиени ва зиддиэпидемиявиро риоя намоянд.

2.Партофтани партовхои саноати ва обхои тозанашудаи канализатсия ба обанборхои истифодаи умум, мачрохои селрав ва каналхои обёри, кабатхои обрави зеризамини, дар худуди махалхои истикомати, чангалзорхо ва киштзорхо манъ аст. Чойхои анборкуни ва гуронидани партовхо аз тарафи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар мувофика бо макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист, макоми назорати давлатии санитари-эпидемиологи ва геология муайян карда мешаванд.

  1. Гуронидани партовхои хатарнок, аз чумла партовхои радиоактиви дар худуди махалхои ахолинишин, шафати шахр ва дигар махалхои ахолинишин, минтакахои зичии ахолиаш зиёд, дарёхо, кулхо, минтакахои осоишгох, табобатию солимгардони ва рекреатсиони, дигар чойхое, ки ба саломатии инсон ва холати мухити зист метавонад хавф тахдид намояд, манъ аст. Хама гуна намудхои муомилот бо партовхои хатарнок бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  2. Риоя накардани коидахои мазкур боиси махдуд кардан ё боз доштани фаъолияти корхона ва дигар объектхо то бартараф кардани вайронкори мегардад.

 

Моддаи 54. Хифзи кабати озони атмосфера

 

Хифзи кабати озони атмосфера аз тагйироти аз чихати экологи хавфнок тавассути танзими истехсол ва истифодабарии маводи вайронкунандаи кабати озони атмосфера тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин карда мешавад.

 

БОБИ 9.

ВАЗЪИЯТИ ФАВКУЛОДДАИ ЭКОЛОГИ ВА МИНТАКАХОИ ОФАТИ ТАБИИ

 

Моддаи 55. Вазъияти фавкулоддаи экологи

 

  1. Дар минтакахое, ки дар натичаи фаъолияти хочагидори ва фаъолияти дигари инсон ё таъсири харобиовари кувваи табиат вазъи номусоиди экологи ба вучуд омада, дар онхо тагйирёбии чидди ва устувори манфии мухити зист барои хаёт ва саломатии одамон, нигохдории олами наботот ва хайвонот мушохида шудааст, вазъияти фавкулоддаи экологи эълон карда мешавад.
  2. Хангоми вазъияти фавкулоддаи экологи хама гуна фаъолияте, ки ба мухити зист таъсири манфи мерасонанд, боздошта мешавад ё кори корхона, муассиса, ташкилот, коргох, агрегатхо ва тачхизоте, ки ба саломатии инсон ва фонди генетикии он таъсири манфи мерасонад, махдуд карда мешавад, намудхои алохидаи истифодаи табиат махдуд гашта, чихати баркарорсози ва тачдиди захирахои табии чорабинихои фаври андешида мешаванд.

 

Моддаи 56. Минтакахои офати экологи

 

  1. Минтакахои офати экологи махалхои вазъи экологияшон фавкулоддае эълон карда мешаванд, ки дар онхо дар натичаи вазъи номусоиди экологи ба мухити зист, аз он чумла ба саломатии ахоли зиёни зиёд расонида шудааст ва (ё) системахои табиии экологи ва мухити зист хароб гаштаанд.
  2. Дар минтакахои офати экологи фаъолияти объектхои хочагидори, ба истиснои объектхое, ки ба хизматрасонии ахолии маскуни ин минтака машгуланд, катъ гашта, сохтмон ва азнавсозии объектхои хочагидори манъ карда мешавад, хама гуна намудхои истифодаи табиат катъиян махдуд гашта, барои баркарорсози ва тачдиди захирахои табии ва солимгардонии мухити зист чорахои фаври андешида мешаванд.
  3. Тадбирхои солимгардонии минтакахои офати экологи дар навбати аввал аз хисоби корхона, муассиса, ташкилотхое, ки бо айби онхо садама ё фалокат рух додааст, инчунин аз хисоби маблаги максадноки бучети давлати ва фондхои хифзи табиат маблаггузори карда мешаванд.

 

Моддаи 57. Пешгирии садама ва бартараф кардани окибати зарарноки экологии он

 

  1. Хангоми лоихакаши ва истифодаи объектхои хочагии алокаманд ба таъсири зарарнок ба мухити зист, новобаста ба шаклхои моликият ва тобеият, тадбирхои огохони, пешгири ва бархам додани окибати ба мухити зист зараровари садама андешида мешаванд.
  2. Бо максади эътинои самарабахш ба холатхои фавкулоддаи экологи, ки барои мухити зист окибати зараровар доранд, накшахои махалли, минтакави ва чумхурияви, ки дар онхо чорахои сафарбаркунии кувваю воситахои вазоратхо, идорахо, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва ахли чомеа якчоя бо макомоти холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани пешбини мегарданд, тахия карда мешаванд.
  3. Барои халли масъалахои вазъияти фавкулоддаи экологи бо тартиби мукарраргардида комиссияхои махсус таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 58. Тартиби эълон намудани вазъияти фавкулоддаи экологи ва минтакахои офати

                       экологи

 

  1. Вазъияти фавкулоддаи экологи дар саросари чумхури ва махалхои алохидаи он аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон эълон карда мешавад.
  2. Минтакахои офати экологи ва сархадхои онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист ва макоми назорати давлатии санитарию эпидемиологи дар мувофика бо макомоти махаллии хокимияти давлати муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 59. Ухдадорихои корхонахо оид ба омода будан барои рафъи окибати экологии

                      садама

 

Шахсони хукуки, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, ки дар холатхои фавкулоддаи экологи ба мухити зист ва саломатии одамон метавонанд зиён расонанд, ухдадоранд, ки:

– дар вазъияти фавкулоддаи экологи накшаи амал дошта бошанд;

– хадамоти махсуси  дорои восита ва захирахои моддии бархам додани окибати ногувори вазъияти фавкулоддаи экологи таъсис дода, онхоро дар холати омодабоши доими нигох доранд.

 

БОБИ 10.

ИТТИЛООТ ВА ОМОРИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ХИФЗИ МУХИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 60. Иттилоот дар сохаи хифзи мухити зист

 

  1. Иттилоот оид ба вазъи мухити зист кушодаю ошкоро буда, аз тарики воситахои ахбори омма нашр карда мешавад.
  2. Пинхон доштан, сари вакт пешниход накардан ё аз тарафи шахсони мансабдор пешниход кардани маълумоти нодурусти сохаи хифзи мухити зист манъ аст.
  3. Хусусиятхо ва тартиби ташаккули иттилооти экологи, дастраси ва тартиби пешниходи он тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи иттилооти экологи» мукаррар карда мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 61. Омори давлати дар сохаи хифзи мухити зист

 

  1. Омори давлати дар сохаи хифзи мухити зист аз чониби макомоти ваколатдори омори давлати гузаронида мешавад.
  2. Маълумоти омори ба макомоти омори давлати аз чониби шахсони вокеи ва хукуки дар хачми муайян ва мухлати мукарраршуда дар шакли хисоботи омори давлати пешниход карда мешавад.
  3. Таркиби минималии нишондихандахои хисоботи омори давлати ва тартиби омордории давлати дар сохаи хифзи мухити зист тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 11.

МИНТАКАХОИ ТАБИИ ВА ОБЪЕКТХОЕ, КИ МАХСУС МУХОФИЗАТ КАРДА МЕШАВАНД

 

Моддаи 62. Фонди мамнуъгоххои табиии Чумхурии Точикистон 

 

  1. Мамнуъгоххои табиии давлати, аз чумла мамнуъгоххои биосфери, парваришгоххои табии, паркхои табиии милли, ёдгорихои табии, хайвоноту растанихои нодире, ки хавфи аз байн рафтан дошта, ба Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон дохил карда шудаанд, Фонди мамнуъгоххои табиии Чумхурии Точикистонро ташкил дода, аз тарафи давлат бо назардошти манфиати наслхои имруза ва оянда махсус хифз карда мешаванд.
  2. Фонди мамнуъгоххои табии дар тобеъият ва идоракунии макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист карор дорад. Тартиби ташкил, низоми хифз ва истифодабари, шартхои фаъолияти мавзеъхои табиии махсус мухофизатшаванда, инчунин шартхои фаъолияти хочагии ахолии дар ин мавзеъхо истикоматкунандаро Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи худудхои табии ва объектхои махсус мухофизатшаванда” мукаррар менамояд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  3. Гирифтани заминхои фонди мамнуъгоххои табии, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, манъ мебошад.
  4. Заминхое, ки дар худуди онхо объектхои табиии дорои ахамияти хоси хифзи табиат, илми, таърихию фарханги, эстетики, рекреатсиони, солимгардони ва дорои ахамияти дигари пурарзиш чой гирифтаанд, тахти мухофизати махсус буда, онхоро ба ичора додан манъ аст.

 

Моддаи 63. Мухофизати растаниву хайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшави карор

                      доранд

 

  1. Барои хифзи растаниву хайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшави карор доранд, Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.
  2. Растани ва хайвоноте, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, бе истисно аз истифодаи хочагидори ва истифодаи дигар гирифта мешаванд.
  3. Фаъолияте, ки боиси кам шудани ин намуди растани ва хайвонот, бадшавии вазъи мухити сукунати  онхо мегардад, манъ мебошад.
  4. Корхона, муассиса, ташкилот ва дигар истифодабарандагони замин, ки дар худуди онхо хайвоноту растанихои мансуб ба Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон хастанд, барои хифз ва зиёд намудани намудхои ин хайвоноту растанихо бояд тадбирхо андешанд.
  5. Тартиби хифзи растани ва хайвонот ва дигар организмхои нодире, ки зери хатари нобудшави карор доранд, тартиби чори кардани Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон, аз он чумла тартиби нигохдории фонди генетикии онхоро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифз ва истифодаи олами набототу хайвонот мукаррар мекунанд.
  6. Ба Чумхурии Точикистон ворид кардан, аз он берун баровардан ва хамлу накл (транзит) тавассути Чумхурии Точикистон, муомилоти растани, хайвонот ва дигар организмхои зери хатари нобудшави карордошта, намудхои махсусан пурарзиши онхо, инчунин узвхои онхо, махсулоти фаъолияти хаёти ва хосиятхои фоиданоки онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон танзим мегардад.

 

Моддаи 64. Хифзи Фонди сабзи мавзеъхои ахолинишин

 

  1. Фонди сабзи мавзеъхои ахолинишин  аз мачмуи минтакахои кабудизоршуда, аз чумла минтакахои дарахтзору буттазор ва алафзор иборат мебошад.
  2. Хифзи Фонди сабзи мавзеъхои ахолинишин системаи чорабинихои таъминкунандаи хифз ва рушди Фонди сабзро, ки барои муътадил гардонидани вазъи экологи ва ташкили мухити мусоиди зист заруранд, пешбини мекунад.
  3. Дар минтакахои марбут ба Фонди сабз анчом додани фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолияте, ки ба минтакахои мазкур зарар мерасонанд ва ичрои вазифахои таъиноти экологи, санитарию гигиени ва рекреатсиониро халалдор месозад, манъ аст.
  4. Танзими давлати дар сохаи хифзи Фонди сабзи мавзеъхои ахолинишин аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

 

БОБИ 12.

СИСТЕМАИ МУШОХИДАИ ВАЗЪИ МУХИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 65. Мониторинги давлатии мухити зист

 

  1. Мониторинги давлатии мухити зист (мониторинги экологии давлати) тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бо максади мушохидаи вазъи мухити зист, аз чумла вазъи мухити зисти минтакахои чойгиршавии манбаъхои таъсири антропогени ва таъсири ин манбаъхо ба мухити зист, инчунин бо максади таъмини талаботи давлат, шахсони вокеи ва хукуки бо маълумоти дакик ва сари вакт ба накша гирифтани чорабинихои пешгири, рафъ ва ё кам кардани окибати ногувори тагйирёбии вазъи мухити зист анчом дода мешавад.
  2. Асосхои ташкили, хукуки ва иктисодии таъмин ва гузаронидани мониторинги экологи тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мониторинги экологи» муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)
  3. Маълумот оид ба вазъи мухити зист ва тагйироти он, ки дар натичаи гузаронидани мониторинги давлатии мухити зист (мониторинги экологии давлати) ба даст омадааст, аз чониби макомоти маркази ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон барои тахияи дурнамохои рушди иктисодию ичтимои ва кабули карорхои дахлдор, тахияи барномахои давлати ва максаднок, консепсия, стратегия, дурнамо ва накшахои амалии онхо дар сохаи хифзи мухити зист истифода бурда мешаванд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 66. Бакайдгирии давлатии объектхое, ки ба мухити зист таъсири манфи мерасонанд

 

  1. Бакайдгирии давлатии объектхое, ки ба мухити зист таъсири манфи мерасонанд, аз чониби макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист бо максади танзими давлатии фаъолият оид ба хифзи табиат, инчунин банакшагирии чори ва дурнамои чорабинихои кам кардани таъсири манфии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият ба мухити зист анчом дода мешавад.
  2. Объектхое, ки ба мухити зист таъсири манфи мерасонанд ва маълумот оид ба таъсири онхо ба мухити зист мавриди бакайдгирии омории давлати  карор дода мешаванд.
  3. Бакайдгирии давлатии объектхое, ки ба мухити зист таъсири манфи мерасонанд, инчунин арзёбии ин таъсир ба мухити зист бо тартиби аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррарнамуда анчом дода мешавад.

 

БОБИ 13.

НАЗОРАТ ДАР СОХАИ ХИФЗИ МУХИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 67. Вазифахои назорат дар сохаи хифзи мухити зист

 

  1. Вазифахои назорат дар сохаи хифзи мухити зист аз таъмини ичрои конунгузории сохаи хифзи мухити зист, аз чумла талаботи меъёрхо ва хуччатхои меъёрии сохаи хифзи мухити зист, аз чониби макомоти маркази ва макомоти махаллии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, шахсони вокеи ва хукуки, инчунин таъмини амнияти экологи иборат мебошанд.
  2. Системаи назорат дар сохаи хифзи мухити зист аз назорати давлати, идорави, истехсоли ва чамъияти иборат мебошад.

 

Моддаи 68. Назорати давлати дар сохаи хифзи мухити зист

 

Назорати давлати дар сохаи хифзи мухити зист аз чониби макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 69. Хукук ва ухдадорихои нозирони давлатии хифзи мухити зист

 

  1. Нозирони давлатии хифзи мухити зист хукук доранд бо тартиби мукарраршуда:

– бо максади ичрои вазифахои хизмати ба корхона, муассиса ва ташкилотхо, сарфи назар аз шаклхои моликият ва тобеият ва объектхои ба онхо тааллукдошта, аз чумла объектхои тахти мухофизати давлат карордошта, объектхои мудофиа, объектхои мудофиаи граждани бе монеа ворид шаванд, бо хуччатхо, тахлилхои лаборатори ва дигар  хуччатхое, ки барои ичрои вазифахои бевоситаи онхо заруранд, шинос шаванд;

– риояи меъёрхо, регламентхои техники ва талаботи дигари хуччатхои меъёрии сохаи хифзи мухити зист, кори иншоотхои партовтозакуни ва дигар дастгоху тачхизоти безараргардони, воситахои азорат, инчунин ичрои накшаву чорабинихои хифзи мухити зистро мавриди санчиш карор диханд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– риояи талабот, меъёр ва коидахои сохаи хифзи мухити зистро хангоми чойгирони, сохтан, ба истифода додан, истифода бурдан ва аз истифода баровардани объектхои истехсоли ва дигар объектхо мавриди санчиш карор диханд;

– ичрои талаботи дар хулосахои экспертизаи давлатии экологи нишондодашударо санчанд;

– ба шахсони вокеи ва хукуки нисбати бартараф кардани конунвайронкунихо дар сохаи хифзи мухити зист, ки хангоми анчом додани назорати экологи муайян карда шудаанд, иддао пешниход кунанд ва амрхои ичроишашон хатми диханд;

– шахсони гунахкорро ба чавобгарии маъмури кашанд, ба макомоти салохиятдор ва шахсони мансабдор барои ба чавобгарии интизоми, маъмури ё чинояти кашидани онхо мавод фиристанд, оид ба руёнидани товони зарари ба мухити зист ё саломатии инсон бинобар вайрон кардани конунгузории хифзи мухити зист расонидашуда ба макомоти суди, даъво пешниход намоянд;

– хангоми аз чониби шахсони вокеи ва хукуки риоя накардани конунгузории сохаи хифзи мухити зист, фаъолияти хочагидори ва фаъолияти дигари онхоро муваккатан боздоранд. Дар асоси карор дар бораи муваккатан боздоштани фаъолият муассисахои бонки то аз чониби макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист бекор кардани чунин карорхо маблаггузории фаъолияти боздошташударо катъ менамоянд;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– либосхои махсуси дорои аломатхои фарккунанда пушанд;

– тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хангоми адои вазифаи хизмати бо худ силохи оташфишон ва дигар воситахои махсус гиранд, нигох доранд ва истифода намоянд; (КЧТ аз 27.11.14 с. №1160)

– ваколатхои дигари мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро анчом диханд.

  1. Нозирони давлатии сохаи хифзи мухити зист ухдадоранд:

– конуншиканиро дар сохаи хифзи мухити зист пешгири кунанд, муайян созанд ва бархам диханд;

– ба вайронкунандагони конунгузории сохаи хифзи мухити зист хукук ва ухдадорихояшонро фахмонанд;

– талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро риоя кунанд.

  1. Нисбати карорхои нозирони давлатии сохаи хифзи мухити зист бо тартиби суди шикоят кардан мумкин аст.
  2. Нозирони давлатии сохаи хифзи мухити зист тахти химояи давлат мебошанд ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон масъулият доранд.

 

Моддаи 70. Назорати идорави ва истехсоли дар сохаи хифзи мухити зист

 

  1. Назорати идоравиро дар сохаи хифзи мухити зист вазорату идорахо ва назорати истехсолиро ташкилоту корхонахо анчом медиханд ва вазифаи онхо санчиши ичрои накшаву тадбирхои хифзи мухити зист, истифодаи окилона ва баркарорсозии захирахои табии, солимгардонии мухити зист, риояи меъёрхои  сифати мухити зист, талаботи конунгузории хифзи мухити зист ва амрияхои макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист мебошад.
  2. Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати идорави ва истехсоли мутобики  санадхои меъёрии хукукии вазорату идора ва ташкилотхо танзим мегардад.

 

Моддаи 71. Назорати экологии чамъияти

 

  1. Назорати экологии чамъияти аз тарафи иттиходияхои чамъияти бо ташаббуси худи онхо ё дар асоси шартномахо бо истифодабарандагони табиат ва ё макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист анчом дода мешавад ва максади он амали сохтани хукукии хар як шахс ба мухити мусоиди зист,  пешгири ва бархам додани вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист мебошад.
  2. Назорати экологии чамъияти бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  танзим карда мешавад.
  3. Натичахои назорати чамъияти дар сохаи хифзи мухити зист, ки ба макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати пешниход шудаанд, бояд хатман мухокима ва мавриди эътино карор дода шаванд.

 

Моддаи 72. Назорат дар  сохаи хифзи мухити зист аз чониби макомоти ичроияи махаллии

                        хокимияти давлати 

 

Назорат дар сохаи хифзи мухити зист аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

 

БОБИ 14.

АУДИТИ ЭКОЛОГИ ВА ХУСУСИЯТХОИ ГУЗАРОНИДАНИ ОН

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Моддаи 73. Аудити экологи

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Аудити экологи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси шартнома бо фармоишгар аз чониби аудиторони мустакил ва ташкилотхои аудитори метавонад дар намуди аудити экологии ташаббуси ё хатми гузаронида шавад.

 

Моддаи 74. Ташкили аудити экологи, шартхо ва тартиби гузаронидани он

(КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

Ташкили аудити экологи, шартхо ва тартиби гузаронидани он, талаботи тахассуси нисбат ба аудиторхо ва тартиби аттестатсияи онхо, инчунин хукук ва ухдадорихои аудиторони экологи ва ташкилотхои аудиториро Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи аудити экологи» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

 

БОБИ 15. 

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ТАХКИКОТИ ИЛМИИ ЭКОЛОГИ

 

Моддаи 75. Таълиму тарбияи умуми, мачмуи ва мунтазами экологи

 

  1. Бо максади баланд бардоштани сатхи маърифати экологии чомеа ва тайёрии касбии мутахассисони сохаи хифзи мухити зист системаи умуми ва комплексии таълиму тарбияи экологи чори карда мешавад, ки он дар худ тахсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби, тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, бозомузии касби ва такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин интишори донишхои экологи, аз чумла бо истифода аз воситахои ахбори омма, осорхонахо, китобхонахо, муассисахои фарханги, муассисахои хифзи мухити зист, ташкилотхои варзиши ва туризмро фаро мегирад.
  2. Тартиби ташкил ва амали сохтани таълиму тарбияи экологиро Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи маърифати экологии ахоли” танзим менамояд.

 

Моддаи 76. Тахкикоти илми дар сохаи мухити зист

 

  1. Вазифахои асосии тахкикот ва кашфиёти илми дар сохаи мухити зист таъмини рушди ичтимои, иктисоди ва экологии ба низом даровардашудаи Чумхурии Точикистон, фаъолияти устувори системахои экологии табии, истифодаи окилона ва баркарорсозии захирахои табии, таъмини амнияти экологи ва солимгардонии мухити зист мебошад.
  2. Тахкикоти илми дар сохаи хифзи мухити зист бо максадхои зерин гузаронида мешаванд:

– тахияи консепсия, дурнамохои илми ва накшахои хифз ва баркарорсозии мухити зист;

– арзёбии натичахои таъсири манфии фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолиятхо ба мухити зист;

– такмили конунгузори дар сохаи хифзи мухити зист, тартиб додани меъёрхо, регламентхои техники ва дигар хуччатхои меъёрии сохаи хифзи мухити зист;  (КЧТ аз 18.07.17 с., №1449)

– тахия ва такмили нишондихандахои арзёбии мачмуии зарар ба мухити зист, тарз ва усулхои муайян намудани онхо;

– ихтироъ ва тахияи технологияхои бехтарин дар сохаи хифзи мухити зист ва истифодаи окилонаи захирахои табии;

– тахияи барномахои офиятбахшии минтакахое, ки хамчун минтакахои офати табии дониста шудаанд;

– тахияи чорабинихои хифз ва рушди иктидорхои табии ва рекреатсионии Чумхурии Точикистон;

– дигар максадхои сохаи хифзи мухити зист.

 

БОБИ 16.

ЧУБРОНИ ТОВОНИ ЗАРАРИ БА МУХИТИ ЗИСТ РАСИДА ВА ХАЛЛИ БАХСХО

ДАР СОХАИ ХИФЗИ МУХИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 77. Ухдадории чуброн намудани товони зараре, ки бинобар риоя накардани

                      конунгузори оид ба хифзи мухити зист расонида шудааст

 

Корхонаю муассисахо, ташкилотхо, дигар субъектхои хочагидор ва шахрвандоне, ки ба мухити зист бинобар ифлос кардан, хароб ва нобуд сохтани он, исрофкорона истифода бурдани захирахои табии, хароб кардани системахо, комплексхо ва ландшафтхои табиии экологи бинобар вайрон кардани конунгузории сохаи хифзи мухити зист зарар расонидаанд, ухдадоранд мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон товони зарарро чуброн намоянд.

 

Моддаи 78. Тартиби чуброни товони зараре, ки бинобар риоя накардани конунгузории

                       Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист  расонида шудааст

 

  1. Товони зараре, ки бинобар риоя накардани конунгузори ба мухити зист расонида шудааст, ихтиёран ё бо карори суд тибки андозаи пардохти маблагхои бо тартиби мукарраршуда тасдикгардида ва усулхои хисоб кардани онхо, дар холати мавчуд набудани онхо  бошад, тибки харочоти вокеии барои баркарор сохтани холати харобгаштаи мухити зист, бо назардошти зарари расонидашуда, аз чумла фоидаи аз дастдода чуброн карда мешавад.
  2. Дар асоси карори суд зараре, ки бинобар риоя накардани конунгузори ба мухити зист расонида шудааст, метавонад бо рохи ба зиммаи  чавобгар гузоштани ухдадорихои вобаста ба баркарорсозии холати зарардидаи мухити зист аз хисоби маблаги у, мутобики лоихаи корхои баркарорсози чуброн карда шавад.

 

Моддаи 79. Чуброни товони зараре, ки ба шахрвандон аз таъсири номусоиди мухити зист

                       расидааст

 

  1. Товони зараре, ки ба саломати ва молу мулки шахрвандон дар натичаи таъсири номусоиди фаъолияти корхонахо, ташкилоту муассисахо ё шахрвандони алохида ба мухити зист расидааст, дар хачми пурра чуброн карда мешавад.
  2. Товони зарар мувофики карори суд дар асоси даъвои шахси зарардида, аъзои оилаи у, прокурор, макомоти ба ин ваколатдори идораи давлати, иттиходияи чамъияти ба манфиати  шахси зарардида чуброн карда мешавад.
  3. Товони зарари ба шахрвандон дар натичаи садамахои калон ё фалокатхо, хамчунин офатхои табии расонидашуда мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.

 

Моддаи 80. Даъвохо дар бораи катъ кардани фаъолияти аз чихати экологи зарарнок

 

Шахсони вокеи ва хукуки хак доранд ба суд дар бораи катъ кардани фаъолияти аз чихати экологи зарарнок, ки ба саломати ва молу мулки онхо, аз он чумла ба мухити зист осеб мерасонанд, даъво пешниход намоянд.

 

Моддаи 81.Тартиби халли бахсхо дар сохаи хифзи мухити зист

 

Бахсхо дар сохаи хифзи мухити зист бо тартиби суди хал карда мешаванд.

 

БОБИ 17.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи  82. Хамкории байналмилали дар сохаи хифзи мухити зист 

 

Хамкории байналмилали дар сохаи хифзи мухити зист дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, ба рох монда мешавад.

 

Моддаи 83. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур 

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории умхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 84. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                        “Дар бораи хифзи табиат”

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 27 декабри соли 1993 “Дар бораи хифзи табиат” (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с. 1994, №2, мод 36; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1996, №3, мод. 48; с. 1997, № 23-24, мод. 333, с. 2002, № 4, к.1, мод. 245; с. 2002, №11, мод. 708; с. 2004, №7, мод. 465; с. 2007, №6, мод. 440) аз эътибор сокит  дониста шавад.

 

Моддаи 85. Тартиби мавриди амал  карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                   Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011

№ 760

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …