Главная / Биология / Гафс шудани поя – Хосил шудани солхалка

Гафс шудани поя – Хосил шудани солхалка

Ба туфайли боавч таксим шудани хучайрахои камбий танаи (пояи) буттаву дарахтон ва пояи гиёххои бисёрсола гафс мешавад. Булутхои “кухансолу” азимчуссае маълуманд, ки давродаври танаи онхо ба 10 м мерасад. Ё ин ки кундаи як эвкалипти пир чунон гафс буд, ки дар руи он майдончаи ракс сохта шудааст.

solhalqaПоя дар рузхои фасли гарми сол дар натичаи таксим шудани хучайрахои нафиси камбий гафс мешавад. Дар натичаи таксимша- вии боавчи камбий хучайрахои нав ба нави лиф ва чуб ба вучуд оварда мешаванд. Вале хучайрахои тарафи чуб назар ба хучайрахои лиф хеле зиёд хосил мешаванд.

Охирхои тирамох давраи оромии камбий огоз меёбад. Бахор, бо огози чараёни ширадав, хучайрахои камбий ба таксимшави сар мекунанд. Дар натичаи чунин таксимшавии (дар фасли бахор) хучайрахои камбий дар чуб рагхои сурохашон васеъ, ки пардаи нисбатан нафис доранд, ташаккул меёбанд. Тирамох сурохии рагхои нави чуби аксар дарахтон танг, пардаашон гафстар мешавад.

Тамоми кабати хучайрахои чуб, ки дар давоми як мавсими нашви (бахор, тобистон ва тирамох) хосил шудаанд, солхалкаи сабзиш (рушд)-ро ба вучуд меоваранд.

Хучайрахои майдаи тирамохи аз хучайрахои калони бахории чуби соли минбаъда, ки бо хамдигар хамшафатанд, фарк мекунанд. Би- нобар он, хадди байни солхалкаи солхои гуногун дар бисёр дарахтон нагз аён мешавад.

Бо пурбини дасти адади солхалкахоро шумурда, синну соли дарахту шохахои аррашударо муайян кардан мумкин аст. Масалан, баъзе дарахтони алохидаи булут то 1000 сол месабзанд. Инчунин дидан мумкин аст, ки гафсии солхалкахо гуногун аст, хусусан солхалкахои борику пахн фарк карда мешаванд. Солхалкахои нисбатан пахн (ё васеътар) дар солхои шароити иклимашон багоят мусоид, хосил меша- ванд. Дар солхои нисбатан номусоиди иклим (дар солхои хунук, хушксоли) солхалка борик мешавад. Бинобар он, аз руи солхалкахо шароитхои иклимии солхои дури гузаштаро муайян кардан мумкин аст. Барои ин синну соли дарахтро донистан лозим аст.

Аз руи солхалкахо чун кутбнамо (компас) самти уфукро муайян кардан мумкин аст. Солхалкахои тарафи чануби дарахт назар ба самти шимолаш одатан васеъ мешаванд. Зеро тарафи шимол чун шароити номусоид ба камбий таъсир мекунад ва хучайрахои он суст таксим мешаванд. Аз ин ру, солхалкаи тарафи шимол борик- тар мешавад.

  1. Поя чи тавр гафс мешавад?
  2. Камбий дар кучо чойгир аст ва чи ахамият дорад?
  3. Солхалка чист?
  4. Аз руи солхалка чиро муайян кардан мумкин аст?
  5. Синну соли дарахтро чи тавр муайян кардан мумкин аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …