Главная / Илм / ГУЛОМОВ Минхоч

ГУЛОМОВ Минхоч

gulyamovГУЛОМОВ Минхоч (3. 09. 1929, Самарканд – 6. 05. 1996, Душанбе), психиатр, доктори илмхои тиб (1965), проф. (1966), узви вобастаи АИТ ИЧШС, Духтури шоистаи ЧШС Точ. (1964), Арбоби шоистаи илми ЧШС Точ. (1974), дорандаи Мукофоти давлатии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино (1977). Сарпсихиатри Вазорати тандурустии ЧТ (1957 – 1996). Донишкадаи тиббии Самарканд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст (1952). Ординатори Пажухишгохи психиатрияи Москва, аспиранти Донишкадаи умумииттифокии психиатрияи умумисудии ба номи В. П. Сербский (1952 – 60), мудири кафедраи психиатрия (аз с. 1960) ва хамзамон (аз с. 1974) проректори ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино. Муаллифи 377 маколахои илми, 8 китоб, 18 монография, 48 дастурамал, 15 кашфиёт. Тадкикоти Г. асосан ба масъалахои умдаи психиатри бахшида шудаанд. Нахустин бор алокамандии манбаи синдроми Кандинскийро бо беморихои асоси (мас. шизофрения) муайян кард. Хамчун сарпсихиатри Вазорати тандурусти дар кори ба рох мондани умури махсуси психиатри, наркологи ва судию психиатри дар кишвар сахми босазо дорад. Бори аввал дар собик ИЧШС беморхонаи наркологи бо кисмати эхё (реаниматсия) ташкил кардааст. Г. зиёда аз 40 соли хаёти худро ба тарбияи мутахассисони чавон бахшидааст. Зери рохбарии у 34 наф. рисолаи номзади илм ва 2 наф. рисолаи доктори химоя кардаанд. Шогирдони Г. имруз дар тамоми гушаю канорхои чахон (ИМА, Англия, Германия, Франсия, Полша, Исроил, Россия, Казокистон ва г.) фаъолият доранд. Г.-ро берун аз собик Иттиходи Шурави мешинохтанд ва чун олим эхтиром мекарданд. Бо номи у чандин феномену психозхо гузошта шудаанд, мас., «Шакли тавохумии алоими автоматизми равонии Гуломов», «Тавохуми дахонухалкии Гуломов», «Алоими Кандинский-Клерамбо-Гуломов» ва г. Борхо чонишини раиси Чамъияти илмии умумииттифокии равонпизишкони Осиёи Маркази ва Казокистон интихоб шудааст. Солхои охири хаёташ вазифаи ноиби президенти Федератсияи чамъиятхои илми ва ассотсиатсияхои равонпизишкон ва наркологхои ИДМ-ро ба ухда дошт. Раиси ассотсиатсияи равонпизишкони ЧТ, узви Ассотсиатсияи умумичахонии равонпизишкон (аз с. 1996), раиси Шурои олимони тибби Вазорати тандурустии ЧТ, аъзои Шурои тахририяи мач. «Невропатология и психиатрия» (Москва) ва «Нигахдории тандурустии Точикистон». Борхо дар конгрессу симпозиумхои умумичахони баромад кардааст. С. 1986 эксперти Созмони Байналмилалии Тандурусти (СБТ) оид ба масъалахои равонпизишки ва наркология таъйин гашт. То имруз аз чамохири Осиёи Маркази каси дигар ба ин шарафёб нашудааст. Муаллифи Конуни ЧТ «Дар бораи кумаки равонпизишки». Барои сахми арзандааш дар пешрафти илми точик бо ордени Ленин, «Инкилоби Октябр», ду ордени «Нишони Фахри», нишони «Аълочии Вазорати саноати химияи Чумхурии Халкии Булгория», нишони Ичлосияи XVI Шурои Олии ЧТ ва бисёр ифтихорномахо сарфароз гаштааст. Кафедраи равонпизишки, наркология ва психологияи тибби, хамчунин стипендия ва Маркази клиникии чумхуриявии наркологи ба номи Г. гузошта шудааст.
Ос.: Клинико-экспериментальное исследование псевдодеменсии, М., 1957; Синдром психического автоматизма Кандинского в рамках различных клинико-нозологических форм психозов, Д., 1965; Психиатрия, Д., 1993; Равонпизишки, Д., 1996; Общая, возрастная и частная психология, Д., 1997.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …