Главная / Илм / ГЛОБУЛИНХО

ГЛОБУЛИНХО

globulinhoГЛОБУЛИНХО (аз лот. globuls – саккоча, гулулача), гурухи сафедахои растани ва хайвонот, ки дар табиат васеъ пахн шудаанд. Г. ба сафедахои глобулини мансубанд. Дар махлули сусти намакхои муътадил, кислотахои сероб ва ишкорхо хал шуда, дар об (ба гайр аз миозин ва баъзе диг. Г.) хал намешаванд. Дар махлули нимсери сулфати аммоний, махлули сери сулфати магний (дар 300С) ё сулфати натрий (дар 370С) тахшин мегарданд. Аксари Г. сафедахои сода мебошанд, вале баъзеи онхо (махсусан Г.-и зардоби хун) бо карбогидратхо ё липидхо пайваст гаштаанд. Г.-и гадуди сипаршакл – тиреоглобулин (массаи мол. 630 000) – ягона сафедаест, ки дар таркиби худ йод дорад. Г.-и бофтахои асаб (нейроглобулин, нейростромин) бо кислотахои нуклеат пайваст мебошанд. Г.-и растани (глитсилин, эдестин, легумин ва г.) назар ба Г.-и хайвонот ба таъсири спирт ва харорат устувории бештар доранд. Г. ба таркиби ситоплазмахо, плазмаи хун ва лимфа (дар хайвоноти дарачаи оли ва одам) дохил шуда, гунчоиши буферии онхо ва хосияти масунии организмро муайян мекунанд. Фраксияи Г.-и плазмаи хун (гамма-глобулинхо), ки подтанхои гуногун дорад, дар тиб барои пешгири ва муоличаи беморихои сирояти истифода мешавад.
Дар плазмаи хун, гайр аз Г., албуминхо низ мавчуданд; таносуби албумин/глобулин ахамияти ташхиси дорад; аз руи меъёр он баробари 2 буда, хангоми беморихои илтихоби кам мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …