Главная / Илм / ГЕМОГЛОБИН

ГЕМОГЛОБИН

gemoglobinГЕМОГЛОБИН (Hb; Haemoglobinum; аз гемо… ва лот. globus – кура), пигменти асосии нафаскашии одам, чонварони мухрадор ва бисёр хайвоноти бемухра; дар таркиби эритроситхо мавчуд буда, оксигенро аз узвхои нафас ба бофтахо ва гази карбонатро аз бофтахо ба узвхои нафас интикол медихад.
Молекулаи Г., ки сафедаи мураккаб аст, аз кисми сафедавии глобин ва гурухи гайрисафедавии охандор (гема) таркиб ёфтааст. Охаки гема метавонад як молекулаи оксигенро пайваст намояд; дар ин маврид Г. ба оксигемоглобин (HbO2) мубаддал мегардад. Силсилаи гемоглобин – оксигемоглобин аз чумлаи системахои буферии хун буда, мувозанати кислотаю ишкорхоро таъмин менамояд. Дар раванди оксигенро озод кардани Г. ионхои гидроген, фосфатхои органики (хусусан, 2,3- дифосфоглитсерат), намакхои гайриорганики, харорат ва г. (яъне омилхое, ки бузургии каробати Г.-ро нисбати оксиген вобаста ба талаботи организм назорат мекунанд) таъсири калон мерасонанд.
Г. хангоми таъсири тарафайн бо гази губор СО (каробати он бо Г. нисбат бо оксиген 300 маротиба бештар аст) карбоксигемоглобин HbCO хосил мекунад (он наметавонад оксигенро пайваст созад). Хангоми ба Г. таъсир расондани баъзе оксидкунандахо охани дувалентаи гема то охани севалента оксид ва метгемоглобин хосил мешавад (он наметавонад оксигенро пайваст созад).
Глобин ва гем ба хамдигар таъсири калон мерасонанд: глобин хосияти гемро тагйир дода, онро ба пайваст намудани оксиген кодир менамояд; гем бошад, ба глобин устувори мебахшад.
Глобини Г.-и одам аз чор занчири полипентиди иборат аст. Одатан, дар эритроситхои одам кисми бештари Г.-ро HbА ташкил медихад. Ба фраксияхои хурди Г.-и одам HbГ ва HbА2 мансубанд. Дар мавриди гемоглобинопатияи модарзоди, ки хусусияти ирси дорад, Г.-хои нокис ба вучуд меоянд.
Биосинтези Г. дар эритроситхои нав (эритробластхо, нормабластхо, ретикулоситхо) ба вукуъ мепайвандад; катаболизми он бошад, дар эритроситхое, ки сикли хаёти худро ба охир мерасонанд, огоз меёбад. Хангоми аз эритросит баромадан, Г.-ро сафедаи гаптоглобин (Hр) пайваст менамояд. Глобин дар гурдахо тачзия мешавад, вале катаболизми гема дар чигар, магзи устухон ва сипурз сурат мегирад. Охане, ки дар ин маврид озод гаштааст, барои синтези молекулахои нави Г. истифода мешавад.
Дар хун микдори Г. ба 130 – 160 г/л (дар мардхо) ва 120 – 140 г/л (дар занхо) баробар мебошад; паст гаштани нишондоди мазкур дар баробари кохиши адади эритроситхо дар вохиди хачми хун, нишонаи анемия низ махсуб мешавад. Микдори Г.-и таркиби хунро бо гемометр (ниг. Гемоглобинометрия) чен мекунанд.
Дар хун Г.-хо амалан дар эритроситхо чой доранд; микдори он дар плазмаи хун 10 – 40 г/л аст (ниг. Гемоглобинемия).
Хангоми баъзе беморихо Г. аз эритроситхо ба плазма «мегузарад» (ниг. Гемолиз). Бокимондаи Г., ки дар чомчахои гурда чаббиш наёфтааст, бо пешоб хорич шуда, ранги онро тира месозад (ниг. Гемоглобинурия).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …