Главная / Гуногун / ФОЧИА – Гурбаи сиёхи фарбехи дузд

ФОЧИА – Гурбаи сиёхи фарбехи дузд

Дохили хона нишаста доду фарёди бачахову калонсолон ба гушам расид. Кунчковиям боло гирифту ба пешайвон баромадам. Офтоби оламоро нурпоши дошт. Дар поён гурухи одамон аз чой начунбида ба як нукта менигаристанд. Гурбаи сиёхи фарбехи дуздро дидам. Кадре болотар як чуфт майна худро чун шохин фигонашон ба осмон печида, суи гурбаи дузд меандохтанд. Гурба ин хангом бо пои акибаш рост меистод ва хамлаи чонвараконро гардонидани мешуд.

ptichki-i-koshkaМайнахо расам-нарасам худро боз акиб мегирифтанд. Чунин чуръат се маротиба такрор ёфт. Ба хайрат омадам. Сипас, суи гурба бо диккат нигох афкандам. Зохиран, фикри гурехтан ба сараш намеомад. Зери пои пешаш чучаи нав аз тухм баромадаи чуфти майна мехобид. Хар гах, ки гурба онро ба дахон мегирифт, майнахо тирвор худро ба сари гурба мезаданд.

Мардум, чи тифлакон, чи падару модарашон саргарми тамошо. Интизор буданд, ки талоши гурбаи дузд ва чонкании як чуфт майна бо чи меанчомад. Писарчае механдид. Духтарчае гиря мекард. Харду ба холи зори майнахову чучаашон. Чучаи навзод аз бардору зани гурба акнун мурда буд. Чуфти майна боз як дафъа хучум оварданд. Гурба риски ба дахон гирифтаашро рахо кардан намехосту майнахо ба такдири худу чучаашон тан додани набуданд. Гурба пайташро поида чучаро газида гурехт. Майнахо ба замин бархурданд. Ва боз ба боло париданд. Одамон аз чой начунбида тамошо доштанд. Ман хамчунин. Факат писарчаю духтарча истисно буданд. Яке механдиду дигаре мегирист. Аз дилу чигари чуфти майна дуд мебаромад…

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …