Главная / Чамъият / ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНИ

ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНИ

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНИ  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2012, №4, мод. 272)

Конуни мазкур асосхои ташкили, хукуки, иктисоди, шартхои ташаккулёби ва татбики сиёсати давлатии инноватсиониро муайян ва муносибатхои чамъиятиро дар ин соха танзим  менамояд.  

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

future, technology, business and people concept - close up of male hand with smartphone and hologram of graph
future, technology, business and people concept – close up of male hand with smartphone and hologram of graph

фаъолияти инноватсиони – фаъолияте, ки ба тахия ва чори намудани инноватсия (натичаи нав ё такмилдодашудаи  тахкикоти илми,  корхои тачрибавию конструктори ё дигар дастовардхои илмию техники) алокаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи махсулот, хизматрасони, усули истехсолот ё дигар натичаи самараноки  чамъияти равона карда шудааст;

инноватсия – навовари дар сохаи техника, технология, кор, хизматрасони ё идоракуни буда, ба истифодаи комёбихои илм ва технологияи пешкадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истехсоли ва чамъияти дорад;

махсулоти инноватсиони – натичаи фаъолияти инноватсиони, ки дар шакли нави махсулот, кор ва хизматрасонихо, усули истехсолот ё натичаи дигари барои чамъият  самаранокиаш баланд ё натичаи интиколи махсулоту хизматрасонихои мавчуда, усулхои истехсолот ва натичахои дигари фоиданоки чамъияти  ифода меёбад;

лоихаи инноватсиони – натичаи неруи зехнии шахсони вокеи ва хукуки, ки ба  истифодаи гояхои нав мусоидат намуда, бо максади рушди илм ва чори намудани технологияхои муосир  тахия мегардад;

иктидори инноватсиони – мачмуи шаклхои гуногуни захирахои зехни, молияви, истехсолию технологи, хукуки ва гайра, ки барои татбики фаъолияти инноватсиони заруранд;

сиёсати давлатии инноватсиони – фаъолияти макомоти  давлати, ки ба рушд, танзими давлатии фаъолияти инноватсиони, тахияи механизм ва татбики он равона карда шудааст;

стратегияи рушди инноватсиони – мачмуи тадбирхои идоракунии давлат, ки асоси онро афзалиятхои дарозмухлат, максад ва вазифахои сиёсати инноватсионии Чумхурии Точикистон ташкил медиханд;

барномаи максадноки инноватсиони – мачмуи чорабинихои истехсоли, ичтимои, иктисоди, ташкили, хочагидори, тахкикоти, илми, тачрибавию конструктори ва гайра, ки барои татбики лоихахои инноватсиони дар мувофика бо захирахо, ичрокунандахо ва мухлатхои амалигардонии онхо, ки хадафашон ичрои самараноки масъалахои азхудкуни ва чори намудани натичахои инноватсиони мебошад, равона шудаанд;

ташкилотхои инфрасохтори инноватсиони – технопаркхо, технополисхо, инкубаторхои технологи, бизнес-инкубаторхо, фондхои венчури, фондхои инноватсиони ва дигар ташкилотхо, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хамчун инфрасохтори инноватсиони эътироф гардидаанд;

фонди инноватсиони – шахси хукукие, ки фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсиони тавассути  маблаггузории лоихахои инноватсиони ва инфрасохтори, инчунин дигар хизматрасонихо дар сохаи инноватсия мебошад;

фонди венчури – шахси хукукие, ки фаъолияти он ба андухтани воситахои молияви барои сармоягузории лоихахои инноватсионии таваккали  баланддошта ва технологияи аълосифати аз чихати иктисоди самаранок равона гардидааст.  

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти инноватсиони

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти инноватсиони ба Конститутсияи (Сарконуни)  Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  

БОБИ 2. СУБЪЕКТ, ОБЪЕКТ ВА НАМУДХОИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНИ  

Моддаи 3. Субъектхои фаъолияти инноватсиони

Ба субъектхои фаъолияти инноватсиони  дохил мешаванд:

– шахсони вокеи ва хукукие, ки фаъолияти инноватсиониро амали менамоянд;

– сохибмулкони объектхои моликияти зехние, ки дар татбики фаъолияти инноватсиони иштирок менамоянд;

– сармоягузороне, ки фаъолияти инноватсиониро сармоягузори менамоянд;

– ташкилотхои инфрасохтори инноватсиони;

– макомоти давлати, ки дар хамохангсози ва танзими фаъолияти инноватсиони иштирок мекунанд.

Моддаи 4. Объектхои фаъолияти инноватсиони

Ба объектхои  фаъолияти инноватсиони  дохил мешаванд:

– махсулоти инноватсиони;

– дастовардхои фаъолияти зехни, ки дорои иттилооти нав ва самарабахши техники мебошанд;

– объектхои хукуки истисноие, ки бо офаридани махсулоти инноватсиони алокаманд мебошанд;

– лоихахои инноватсиони ва сармоягузори, барномахо, кору хизматрасони, ки бо офаридан, истифода ва пахн намудани  махсулоти инноватсиони алокаманд мебошанд;

– дороихои молияви ва когазхои киматноки ташкилотхои инноватсиони.

Моддаи 5. Намудхои фаъолияти инноватсиони

Ба фаъолияти инноватсиони   дохил мешаванд:

– чори намудани гояхо ва дастовардхои нави илми дар сохтори идоракунии давлати;

– ичро ва хизматрасонии корхои илмию тахкикоти, лоихави, кашшофи, тачрибавию конструктори ва технологи, ки барои ба даст овардани махсулоти нав ё такмилдодашуда, усули нав ё такмилдодашудаи кору хизматрасонихо, чараёни технологии нав ё такмилдодашудае, ки дар гардиши иктисоди татбик мегарданд, равона шудаанд;

– ташкили бозори фуруши махсулот (кору хизматрасонихо)-и   инноватсиони;

– азнавчихозонии технологи ва омодасозии истехсолот;

– гузаронидани озмоишхо бо максади сертификатсиякунони ва стандартонии чараёнхои нави технологи, махсулот (кору хизматрасонихо);

– истехсоли махсулот (кору хизматрасонихо)-и  нав ё такмилдодашуда ва ё мавриди истифода карор додани технологияи нав ё такмилдодашуда дар мархилаи ибтидои то анчоми мухлати меъёрии талофияти лоихаи инноватсиони;

– ташкил ва рушди инфрасохтори  инноватсиони;

– таргиби  натичахои фаъолияти инноватсиони ва пахн намудани инноватсия;

– хифз кардан, вогузоштан ва ба даст овардани хукук ба объектхои моликияти зехни (аз чумла ба дастовардхои илми, илмии техники ва технологие, ки пурра ошкор нагардидаанд) бо максади азхудкуни ва татбики онхо;

– дигар намудхои фаъолият, ки  конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

Моддаи 6. Муносибатхои шартномави байни субъектхои фаъолияти инноватсиони

  1. Фаъолияти инноватсиони бо максади азхудкунии истехсоли, тахвили дастовардхо ва натичахои фаъолияти илми ва ё илмию техники дар асоси шартномахои зерин амали карда мешавад:

– оид ба ичрои корхои лоихави, кашшофи, техники, илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори ва технологи, ки барои татбики лоихаи инноватсиони зарур мебошанд;

– оид ба хизматрасони барои амали намудани фаъолияти инноватсиони ва сугуртаи таваккалхои инноватсиони хангоми татбики лоихахо;

– бо сармоягузороне, ки тартиб ва шаклхои маблаггузории лоихахои инноватсиони, хисоб ва кабули натичахои татбики лоихахоро муайян мекунанд;

– дигар шартномахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

  1. Ичрокунанда тибки  шартномаи инноватсиони ухдадор мешавад, ки истифодаи махсулот (кор ва хизматрасонихо)-и навро омода ва таъмин намояд. Фармоишгар ухдадор мешавад, ки ба ичрокунанда хуччатхо ва иттилооти дахлдорро пешниход намуда, натичаи фаъолияти инноватсиониро кабул ва маблаги махсулотро пардохт кунад.
  2. Бастани шартномахо, интихоби шарикон барои иштирок дар фаъолияти инноватсиони, муайян намудани ухдадорихо, шартхои дигари муносибатхои тарафайн, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон нестанд, хукуки истисноии субъектхои фаъолияти инноватсиони махсуб меёбад.
  3. Натичахои фаъолияти инноватсиони моликияти хиссавии субъектхои фаъолияти инноватсионие мебошанд, ки дар татбики он бевосита иштирок намудаанд, агар дар шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

БОБИ 3. СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ИННОВАТСИОНИ

Моддаи 7. Асосхои сиёсати давлатии инноватсиони

  1. Асосхои сиёсати давлатии инноватсиониро ташкил медиханд:

– стратегияи рушди инноватсиони;

– барномахои максадноки инноватсиони, ки мутобики стратегияи рушди инноватсиони тахия шуда, аз  вазифахо барои давраи муайян, нишондодхои назоратшаванда, номгуи чорабинихои алохида ва чорахои дастгирии давлатие иборат мебошанд, ки аз чониби макомоти  давлати ба субъектхои фаъолияти  инноватсиони пешниход мегарданд;

– иттилоот  оид ба натичаи фаъолияти инноватсиони, ки барои хар як барномаи алохида асоси низоми мониторинги татбики сиёсати инноватсиони ба хисоб меравад.

  1. Сиёсати давлатии инноватсиони инхоро дар бар  мегирад:

– принсипхои асосии  ташаккулёбии  стратегияи рушди инноватсиони;

– усулхои  татбик, механизм ва манбаъхои маблаггузории стратегияи рушди инноватсиони;

– самтхои афзалиятноки фаъолияти инноватсиони;

– намудхои афзалиятноки махсулоти инноватсиони.

Моддаи 8. Стратегияи рушди инноватсиони

  1. Стратегияи рушди инноватсионии Чумхурии Точикистон аз чониби макоми ваколатдор дар сохаи фаъолияти инноватсиони (минбаъд – макоми ваколатдор)  дар асоси барномахои дарозмухлати рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон тахия гардида, ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад.
  2. Баъди анчоми мухлати татбики стратегияи рушди инноватсиони макоми ваколатдор оид ба татбики он  бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба Хукумати Чумхурии Точикистон хисоботи чамъбасти пешниход менамояд.

Моддаи 9. Барномахои максадноки инноватсиони

  1. Бо максади рушди фаъолияти инноватсиони дар асоси стратегияи рушди инноватсиони барномахои максадноки инноватсиони тахия карда мешаванд.
  2. Тартиби бакайдгирии давлати, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмуни лоихахои инноватсиони, ки бо максади ворид намудан ба барномаи максадноки инноватсиони пешниход мегарданд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 4. МАКСАД, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПХОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ  ИННОВАТСИОНИ

Моддаи 10. Максад ва вазифахои сиёсати давлатии инноватсиони

  1. Максади асосии сиёсати давлатии инноватсиони баланд бардоштани самаранокии истехсолот ва таъмини ракобатпазирии истехсолкунандагони ватани дар асоси тахия ва пахн кардани дастовардхои заминавиест, ки инноватсияро бехтар гардонида, рушди устувори ичтимоию иктисоди ва ноилшави ба хадафхои миллии стратегиро таъмин менамояд.
  2. Вазифахои асосии сиёсати давлатии инноватсионии Чумхурии Точикистон инхоянд:

– фарохам овардани шароити мусоиди ичтимоию иктисоди, ташкили ва хукуки бо максади баланд бардоштани самаранокии истехсолот, бо истифода аз иктидорхои инноватсиони, технологияхои аз чихати энергетики каммасраф ва аз чихати экологи тозае, ки барои истехсоли махсулоти ракобатпазир мусоидат мекунанд;

– ташаккули заминаи меъёрии хукуки, ки рушди фаъолияти инноватсиони ва химояи манфиатхои субъектхои фаъолияти инноватсиониро таъмин менамояд;

– дастгирии давлатии субъектхои фаъолияти инноватсиони ва ташаккули  инфрасохтори инноватсиони;

– чалби субъектхои сохибкории хурд ва миёна ба фаъолияти инноватсиони;

– таъмини хамкории илм ва истехсолот;

– мусоидат ба хамкорихои байналмилали дар сохаи фаъолияти инноватсиони, хифзи манфиатхои милли ва моликияти зехни;

– чалби сармояи бонкхо, дигар сохторхои молияви ва маблаггузорихои шахси барои таъсис ва дар амал чори намудани инноватсия;

– мусоидат ба ташаккули низоми тайёр кардани мутахассисон, бозомузи   ва такмили  ихтисоси онхо дар сохаи фаъолияти инноватсиони.

Моддаи 11. Принсипхои сиёсати давлатии инноватсиони

Сиёсати давлатии инноватсиони ба принсипхои зерин асос меёбад:

– таъсис, нигохдори, рушд ва истифодаи самараноки иктидори инноватсиони;

– эътирофи афзалиятнокии  фаъолияти инноватсиони;

– танзими давлатии фаъолияти инноватсиони дар хамбастаги бо фаъолияти самараноки механизми ракобатпазир дар сохаи инноватсия;

– шаффоф ва ошкор будани интихоби самтхои афзалиятноки фаъолияти инноватсиони, механизмхои ташаккул ва татбики барномахо ва лоихахои инноватсионие, ки ба манфиати давлат амали карда мешаванд;

– хамгироии фаъолияти инноватсиони, сармоягузори, илми, илмию техники ва илмию таълими;

– мутамарказонии захирахо бо максади  рушди фаъолияти инноватсиони;

– махфияти натичахои инноватсионие, ки аз руи мохияти худ сирри давлати мебошанд;
– хифзи хукук ва манфиатхои конунии субъектхои фаъолияти инноватсиони ва моликияти зехни.

БОБИ 5. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНИ

Моддаи 12. Шаклхои танзими давлатии фаъолияти инноватсиони

  1. Макомоти давлати   шаклхои зерини танзими фаъолияти инноватсиониро  истифода менамоянд:

–  муайян намудани афзалиятхои рушди инноватсия;

– тахия, татбик ва маблаггузории барномахои максадноки инноватсиони ва дигар барномахо, аз чумла дар самти хавасмандгардонии рушди фаъолият ва инфрасохтори инноватсиони;

– пешбинии маблагхои бучети барои маблаггузории лоихахои инноватсиони, корхои илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори ва технологи доир ба самарабахшии  натичахои фаъолияти инноватсиони, чойгиронии фармоишхо ба тахвили мол, ичрои корхо, хизматрасонихо барои эхтиёчоти давлати ва махалли бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– чойгир намудани фармоиши давлати барои хариди махсулоти дар натичаи фаъолияти инноватсиони истехсолшуда дар доираи барномахое, ки мутобики сиёсати давлатии инноватсиони тасдик шудаанд;

– таъсиси фондхои инноватсиони ва венчури, сармоягузории таъсис ва рушди дигар субъектхои фаъолияти инноватсиони, сахмгузори, аз чумла чалби сармояи хоричи бо максади таъсиси субъектхои фаъолияти инноватсиони, ки барои рушди равандхои инноватсиони  мухиманд;

– андешидани чорахои зарури оид ба таргиби фаъолияти илмию техники дар воситахои ахбори омма ва баланд бардоштани сатхи чалби сармоя ба фаъолияти инноватсиони.

  1. Танзими давлатии фаъолияти инноватсиони аз чониби макомоти давлати метавонад мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бо истифодаи дигар шаклхо амали гардад.

Моддаи 13. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиони

  1. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиони аз чониби макомоти давлати дар шаклхои зерин амали мегардад:

– маблаггузории корхои илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори ва технологи барои ба вучуд овардани махсулоти нав ё такмилдодашуда, технологияи нав ё такмилдодашуда, ки барои истифодабарии амали таъин  шудаанд;

– ба субъектхои фаъолияти инноватсиони барои ихтиёрдори  ё истифодабари пешниход намудани молу мулки давлати, натичахои фаъолияти зехни ва воситахои фардикунонидашудаи ба онхо баробар;

–  мукаррар намудани имтиёзхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– мусоидат ба рушди корхонахо, муассисахо ва  дигар  ташкилотхое, ки ба фаъолияти инноватсиони машгуланд;

– дастгирии истехсолию технологии субъектхои фаъолияти инноватсиони;

– расонидани хизматхои махсусгардонидашуда ва машварати;

– маблаггузории корхо оид ба  тайёр намудан ва баланд бардоштани дарачаи тахассусии мутахассисон дар сохаи  фаъолияти инноватсиони;

– фарохам овардани шароити зарурии ташкили, хукуки  ва иктисоди, ки сармоягузориро барои татбики сиёсати давлатии инноватсиони таъмин менамояд;

– ташаккули инфрасохтори инноватсионии илм, истехсолот ва хизматрасони;

– иштирок  дар ташкили  истехсолоти ракобатпазир;

– таъмини бозори кафолатноки фуруши махсулоти инноватсиони дар асоси фармоиши давлати;

– пешбарии инноватсияхои ватани ба бозори хоричи;

– дигар шаклхои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиони, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

  1. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиони дар мухлати талофияти лоихаи инноватсиони, вале на зиёда аз панч соли баъди татбики амалии он таъмин  карда мешавад.
  2. Дастгирии давлатии азхудкуни ва пахнкунии махсулоти  инноватсиони дар давраи мукарраршуда пешниход гардида, дар ин мухлат он махсулоти инноватсиони хисобида мешавад.

Моддаи 14. Талаботи асоси ба лоихахои инноватсионие, ки барои дастгирии давлати пешниход мешаванд

Лоихахои инноватсионии барои дастгирии давлати пешниходшаванда бояд ба талаботи зерин чавобгу бошанд:

– дорои пешниходхое бошанд, ки бо максади ягонаи таъсиси инноватсияхо муттахид шудаанд;

– дорои асосноккунии техники ва максаднокии иктисодии татбики лоихаи инноватсиони бошанд;

– дар холатхое, ки дастгирии давлати бо шарти баргардонидани маблаг ба бучет амали мешавад, тасдики баргардонидани маблаг пешниход карда шавад;

– дорои хуччатхое бошанд, ки мавчудияти  навовари, мухлати муайяни вакт, ки дар давоми он махсулот инноватсиони хисобида мешавад,  инчунин  химояи хукукии лоихаи инноватсиониро  таъмин карда тавонанд;

– дорои накша ва чадвали татбики  лоихаи инноватсиони бошанд;

– дорои хулосаи ташхисии мусбии макоми ваколатдор бошанд, ки маводи пешниходгардидаи лоихаи инноватсиониро хамачониба арзёби намояд.

Моддаи 15. Тартиби пешниход ва асосхо барои рад намудани лоихахои инноватсионие, ки барои дастгирии давлати пешниход шудаанд

  1. Тартиби аз чониби субъектхои фаъолияти инноватсиони пешниход кардани лоихахои инноватсиони барои дастгирии давлати аз чониби макоми ваколатдор мукаррар карда мешавад.
  2. Агар лоихаи ииноватсионии ба дастгирии давлати пешниходшуда ба талаботи Конуни мазкур чавобгу набошад, макоми ваколатдор дар мухлати як мох аз рузи мурочиати субъекти фаъолияти инноватсиони ба он  раддияи далелнок мефиристад.
  3. Асосхо барои рад намудани дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиони инхоянд:

– мувофикат накардани лоихаи инноватсионии пешниходгардида ба талаботи моддаи 14 Конуни мазкур;

–  карздор будани субъекти фаъолияти инноватсиони дар назди ташкилотхои карзи ва бучет.

  1. Аз руи карори макоми ваколатдор оид ба рад намудани дастгирии давлатии лоихаи инноватсиони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 16. Манбаъхои маблаггузории фаъолияти инноватсиони

Фаъолияти инноватсиони аз хисоби маблагхои бучети давлати, маблагхои корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо, грантхо ва дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, маблаггузори карда мешавад.

Моддаи 17. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти инноватсиони

Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи фаъолияти инноватсиони салохияти зеринро дорад:

– самтхои асосии сиёсати давлатии инноватсиониро муайян менамояд;

– стратегияи рушди инноватсиониро тасдик  менамояд;

– макоми ваколатдорро дар сохаи фаъолияти инноватсиони муайян менамояд;

– татбики барномахои максадноки инноватсиониро назорат мекунад;

– барои ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсиони чорахои зарури меандешад;

– чорахои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиониро муайян менамояд;

– дигар салохиятро дар сохаи фаъолияти инноватсиони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

Моддаи 18. Ваколатхои  макоми ваколатдор дар сохаи фаъолияти инноватсиони

Макоми ваколатдор дар сохаи фаъолияти инноватсиони  ваколатхои зеринро дорад:

– стратегияи рушди инноватсиони ва барномахои максадноки инноватсиониро тахия намуда, барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход мекунад;

– ташхис ва озмуни лоихахои инноватсиониро мегузаронад;

– мониторинги фаъолияти субъектхои фаъолияти инноватсиониро тибки самтхои максадноки фаъолияти онхо, ки стратегияи рушди инноватсиони тасдик намудааст, амали менамояд;

– ба субъектхои фаъолияти инноватсиони барои ихтиёрдори ё истифодабари молу мулки давлати,  дастовардхои фаъолияти зехни ва воситахои фардикунонидашудаи ба онхо баробарро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

– ваколатхои дигарро дар сохаи фаъолияти инноватсиони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

Моддаи 19. Ваколатхои  макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи фаъолияти инноватсиони

Ба ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи фаъолияти инноватсиони дохил мешаванд:

– дар асоси стратегияи рушди инноватсиони ва барномахои максадноки инноватсиони тахия намудани арномахои максадноки инноватсионии махал ва  пешниход намудани онхо ба баррасии Мачлиси вакилони халки дахлдор;

– ба субъектхои фаъолияти инноватсиони дар мувофика бо макоми ваколатдор  барои ихтиёрдори ё  истифодабари пешниход намудани молу мулки давлати, дастовардхои фаъолияти зехни ва воситахои фардикунонидашудаи ба онхо баробар мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– амали намудани ваколатхои дигар дар сохаи фаъолияти инноватсиони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 20. Хамкории байналмилалии субъектхои фаъолияти инноватсиони

Хамкории байналмилалии субъектхои фаъолияти инноватсиони мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, амали карда мешавад.

Моддаи 21. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани мукаррароти Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

              Президенти 

Чумхурии Точикистон              Эмомали  РАХМОН

         ш. Душанбе,

16 апрели соли 2012,

               № 822

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …