Главная / Гуногун / ФАТХИ МАККА ВА ВАФОТИ ХАЗРАТИ МУХАММАД

ФАТХИ МАККА ВА ВАФОТИ ХАЗРАТИ МУХАММАД

Мувофики сулхи Худайбия ахли Макка ва тарафдорони Пайгамбар бояд дар давоми дах сол бо якдигар чанг намекарданд. Лекин ин сулх хамаги ду сол давом кард. Сарварони Макка аввалин туда ахдномаи сулхро шикастанд. Онхо ба махалхое, ки дини исломро кабул карда, тарафдори Мухаммад шуда буданд, хамла мекарданд, мардумро горат карда, азоб медоданд.

Мухаммад дар фикри ба тасарруфи худ даровардани Макка буд, вале намехост, ки дар он чо хунрези шавад. Вай мехост, ки дар Макка тарафдоронаш зиёд шаванд ва худи онхо сардоронро мачбур намоянд, ки шахрро бе задухурд таслим кунанд. Баъд аз ду соли сулх Мухаммад бо чор хазор аскар ба Макка равон шуданд, аммо Маккиён ин хабарро шунида, дарвозахои шахрро баста ба воридшавии онхо рох надоданд. Мухаммад чанг кардан нахост ва ба Мадина баргашт.

ushtur

Вакте ки шумораи аскарони Мухаммад ба дах хазор расид, вай ба суи Макка равон шуд. Бо дах хазор мучохид Пайгамбар ба назди девори Макка расид. Сардорони Мака умед надоштанд, ки дар муддати кутох Мухаммад метавонад чунин лашкари бузургро чамъ намояд ва ба мудофиаи Мака тайёр набуданд.

Яке аз ашрофони номдори Курайш Абусуфиён аввалин шуда ба назди Мухаммад омада дини исломро пазируфт ва ба шахр рафта вокеаро ба дигарон фахмонд. Саркардагони Макка ба хар тараф пинхон шуданд ва шахр бе сардор монд. Лашкари хазрати Мухаммад бе чанг 11 январи соли 630 ба Макка дохил гашта, онро фатх намуданд.

Гарчанде дар давоми солхои зиёд сардорон ва ахли Макка ба Мухаммад ва тарафдоронаш озори зиёд расонда бошанд хам, Мухаммад онхоро афв намуда ва ба аскаронаш амр кард, ки ба кассе аз ахолии шахр озор расонида нашавад. Мардуми шахр гурух-гурух омада дини исломро кабул мекарданд. Мухаммад амр дод, ки сесаду шаст бутеро, ки дар хонаи Каъба чой доштанд, бароварда шикананд ва Каъба хонаи мукаддаси ислом карор дода шуд.

Баъд аз фатхи Каъба тамоми кабилахое, ки аз эътирофи дини ислом саркаши мекарданд, исломро пазируфтанд. Баъзе кабилахои араб, ки тох мусулмон нашуда буданд, бо хамдигар муттахид шуда, дар Хунайн ном махалае чамъ шуда, мехостанд ба лашкари Мухаммад хучум намоянд. Пайгамбар аз ин вокеа огох шуда ба чониби Хунайн лашкар кашид. Задухурди сахт ба вучуд омад. Лашкари кабилахо шикаст дода шуд ва тамоми кабилахо дини ислом ва пайгамбарии Мухаммадро эътироф намуданд.

Хамин тарик, дар тамоми нимчазираи Арабистон дини ислом кабул ва чори гардид.

Дар ин замон вилояти Шом дар зери тасарруфи Империяи Рим карор дошт ва барои пешгирии хамлахои сархади хазрати Мухаммад бо си хазор лашкар ба суи Шом равон шуданд. Онхо ба махалли Табук расиданд, аммо аскари императори Рим аз кудрати лашкари мусулмонон андешида аз чанг кардан бо онхо сар печид. Мухаммад хам толиби чанг набуд. Аз ин сабаб кабилахои атрофии Табукро ба тасарруфи худ дароварда, мухаммад бо лашкараш ба Мадина баргашт.

Дар соли дахуми хичрат хазрати Мухаммад барои хач ба Макка омад. Хазрати Пайгамбар хутбаи Видоъ хонда аз дунё гузаштани худро ба мардум хабар дод. Баъд аз хач ба Мадина баргашт. Ин охирини Пайгамбар буд.

Баъд аз се мохи соли ёздахуми хичрат Мухаммад /с/ бемор шуд. Вай дустону наздикони худро чамъ намуда, ба онхо гуфт: “Ман аз дунё меравам. Куръонро дар миёни шумо мегузорам. Шумо доим бо Куръон амал кунед. Якдигарро дуст доред, ба якдигар мадад расонед. Хеч гох аз корхои нек чудо нашавед. Ба ободи ва ислохи дунё кушишу гайрат намоед”.

Баъд аз ин бемории Пайгамбар сахт шуд ва дар соли ёздахуми хичрат дар синни шасту се солагиаш дар хонаи хамсараш Оиша аз дунё гузашт. Дар вакти вафот Пайгамбар кариб тамоми Арабистон то Умон дини исломро кабул карда буданд. Тамоми ахолии Арабистон чузъи як миллат шуда буданд. Чангхои байни кабилави аз байн рафтанд. Одатхои чохилии пеш аз ислом манъ шуда буданд.

Мардуми Арабистон ба маданияти исломи кадам гузошта буданд.

Супориш ва саволхо.

  1. Васияти хазрати Мухаммад аз ёд кунед ва онро ба ахли оилаатон фахмонед.
  2. Чаро ахолии Макка шахрро ба мукобилият ба лашкари пайгамбар таслим доданд?

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …