ДУМБАЛИ ШУШ, як навъ иллати шуш. Д. ш. якумин (дар бофтаи солим инкишоф меёбад) ва дуюмин (оризаи беморихои дигари шуш мебошанд) мешавад. Хангоми думбали якумин сироят ба бофтахои шуш аз бронххо, лимфа ва хун рох меёбад. Сабаби ба вучуд омадани думбалхои дуюмин бисёр вакт бронхоэктазхо, саратони бронх, сил, киста, актиномикоз, силикоз ва г. мебошанд.
Д. ш. шадид ва музмин мешавад. Хангоми думбали шадид мариз табларза ва арак карда, сандуки сина дард мекунад, сурфа (баъзан омехта бо балгам) ба вучуд меояд. Хиссаи осебёфтаи шуш дар нафаскаши таъхир менамояд. Агар думбал дар канортар чой гирифта бошад, дар он мавзеи сандуки сина хангоми ангуштзани садои кунд шунида мешавад. Нафаскаши тез аст, одатан хирроси гулу ба мушохида мерасад. Агар думбал кафад, ба бронххо балгами римнок хорич мешавад. Хангоми берун наомадани балгам се кабат ташаккул меёбад: луоби зардча, кабати обияти, кабати римнок. Балгам бадбуй нест. Дар сурати дуруст гузоштани дренаж чавфи думбалро дар муддати 3 – 4 хафта метавон пурра холи кард; баъди 2 – 3 хафтаи дигар бемор шифо меёбад.
Дар баъзе беморон чавфи думбал холи намешавад. Дар ин хангом бемори шакли музмин мегирад. Беморон аз сурфаи балгамноки бадбуй, азият мекашанд. Харорати бадан наздик ба варача аст; агар балгам ихроч нагардад, харорат баланд мешавад. Руй тадричан варам карда, луобпардахо кабудча ва нуги ангуштон гафс («накорачуб») мегарданд.
Ба оризахои асосии думбал бронхоэктаз, пневмосклероз, эмфиземаи шуш, уфунат, нукси нафаскаши, амилоидози узвхои дохили мансубанд.
Д. ш.-ро дар асоси тадкикоти рентгенологи, томография, санчишхои бактериологи ва ситологии балгам, бронхоскопия ва бронхография ташхис мекунанд. Ташхиси тафрикии думбал бо саратони шуш, сил, пневмония, бронхоэктазхо гузаронида мешавад.
Муоличаи Д. ш. ба сабаби пайдоиш, чараён (шадид, музмин), ангезанда ва хассосияти беморихои дигар вобаста аст. Маризро факат дар беморхона табобат мекунанд. Барои муолича аз бронхоскопия истифода мебаранд; антибиотикхо, дорухои балгамрон ва ингалятсия таъин карда мешавад. Дар мавриди натичаи дилхох надодани дорушифои ба чаррохи даст мезананд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …