Главная / Илм / ДОРУХОИ ВИТАМИНи

ДОРУХОИ ВИТАМИНи

kokarboksilazaДОРУХОИ ВИТАМИНи, давохое, ки моддаи таъсирбахши онхо аз витаминхо иборат мебошад. Д. в.-ро асосан бо рохи сунъи хосил мекунанд, хамчунин аз ашёи наботи ё хайвони ба даст меоранд.
Дар амалияи тиб Д. в.-и гуногун, ки аз як ё чанд витамин (дорухои поливитамини) иборатанд, истифода мешаванд. Дар баробари ин, шаклхои коферментии баъзе витаминхо, мас., кокарбоксилаза, кислотаи липоеат ва г. фаровон кор фармуда мешаванд. Таъсири Д. в. ба фаъолияти физиологии витаминхо хамчун омили бехамтои рушду инкишофи организм асос ёфтааст. Аз ин лихоз Д. в. хамчун воситаи пешгири ва табобати витаминкохи истифода мегарданд. Д. в. хосиятхои фармакологии номахсус низ доранд. Мас., кислотаи никотинат рагхоро васеъ карда, ба микдори липопротеинхои хун таъсир мерасонад; тиамин хосияти ганглиоблокатори дорад ва г. Бинобар ин Д. в. бисёр вакт дар мавриди муоличаи комплекси таъин карда мешаванд. Онхо самараи муоличавии дорухои дигарро афзун гардонида, таъсироти номатлуби баъзеи давохо (мас., антибиотикхо, сулфаниламидхо, гликозидхои дил, дорухои пешоброн)-ро кам ё бартараф мекунанд. Д. в.-е, ки аз хосилахои баъзе витаминхо иборатанд (фосфотиамин, бенфотиамин, оксикобаламин) нисбат ба витаминхо таъсири фармакологии бештар зохир менамоянд. Давомоти муолича ба Д. в. ба хусусияти бемори ва хассосияти организм нисбати онхо вобаста аст. Дар сурати зиёд кардани воя ё муддати мадид истифода бурдани Д. в. мумкин аст гипервитаминозхо ба вучуд оянд. Дар ин хангом истифодаи Д. в.-ро катъ карда, дорухое таъин менамоянд, ки онхо таъсири чунин давохоро суст мегардонанд. Мас., дар сурати суиистифодаи эргокалтсиферол аз ретинол ва хангоми суиистифодаи ретинол аз кислотаи аскорбинат истифода мебаранд. Хамчунин ба якдигар омехта кардани чанд Д. в. чоиз нест. Мас., пиридоксинро бо сианокобаламин, кислотаи аскорбинатро бо сианокобаламин, тиаминро бо кислотаи никотинат, тиаминро бо сианокобаламин ва пиридоксин хамрох таъин намекунанд ё дар як шпритс намегиранд. Чунки дар омехтаги истифода бурдани онхо мумкин аст боиси пайдоиши аллергия шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …