Главная / Илм / ДОРУХОИ ТАСКИНБАХШ

ДОРУХОИ ТАСКИНБАХШ

fenazepamДОРУХОИ ТАСКИНБАХШ, адвиёти мусаккин, моддахое, ки ба фаъолияти олии асаб таъсири оромбахш доранд. Якчоя бо баъзе дорухои диг. (невролептикхо, транквилизаторхо, антидепрессантхо, психостимуляторхо) гурухи дорухои рухгироро ташкил медиханд (онхо асосан ба фаъолияти рухи ва вазъи инфиолии одам таъсир мерасонанд). Ба омузиши хосият ва дарёфти дорухои нави рухгиро (психотропи) психофармакология – кисми махсуси фармакология машгул аст.
Баъзе пайвастхои бром (бромидхо), дорухои нардсунбул ва г. ба Д. т. мансубанд. Таъсири табобатии онхо асосан дар рафъи асабоният, бехтар намудани кайфият, муътадил гардондани хоб зохир мешавад. Аз ин сабаб Д. т.-ро хангоми табобати неврозхо истифода мебаранд.
Бромидхо дар организм ба ионхои бром тачзия мешаванд. Онхо ба тачдиди таносуби муътадили тахайёч ва тасаккун дар асабияи маркази (асосан аз хисоби сурат гирифтани чараёни тасаккун) мусоидат мекунанд. Натичаи табобат бо бромидхо аз бисёр чихат ба интихоби дурусти меъёри онхо (мутобик ба фаъолияти олии асаби хар бемор) вобаста аст. Мас., агар фаъолияти олии асаб суст бошад, меъёри кам ва агар зур бошад, вояи зиёди бромидхо таъсири хуб мерасонанд. Бояд дар назар дошт, ки хангоми истеъмоли тулонии бромидхо ионхои онхо ба микдори зиёд дар организм чамъ шуда, боиси захролудии музмин (бромизм) мегарданд. Захролуди бо афсурдагии фаъолияти олии асаб (рухафтодаги, хоболуди, заифии хофиза), инчунин бо дамидани доначахо дар пуст, зуком ва сулфа рух менамояд. Бинобар ин бромидхоро ба тарики худмуолича истифода бурдан чоиз нест ва агар онхоро духтур таъин кунад, пас меъёр ва давомоти табобатро катъи риоя бояд кард.
Моддахои органики, ки дар таркиби дорухои нардсунбул вучуд доранд, аз руи таъсир ба асабияи маркази мисли бромидхо мебошанд. Онхо чандон захрнок нестанд ва дар организм ба микдори кам чамъ мешаванд. Гайр аз ин, онхо нафакат хосияти таскинбахш доранд, балки ба бартараф намудани ташаннучи мушакхои суфтаи узвхои дарун низ кобиланд. Дорухои нардсунбул дар мавриди неврозе, ки бо ихтилоли фаъолияти силсилаи дилу рагхо ва ташаннучи мушакхои суфтаи узвхо чараён мегирад, самараи бештар меоранд. Баъзе чунин дорухо (мас., чушоб)-ро бо тавсияи духтур аз решаи майдакардаи нардсунбул дар хона низ тайёр кардан мумкин аст. Бо ин максад ба ду кошукча реша як истакон оби хунук рехта, 5 дак. мечушонанд ва аз дока мегузаронанд. Инчунин аз решаи нардсунбул дорухо (брикет)-хое тайёр мекунанд, ки ба дах хиссаи баробар чудо карда шудаанд. Барои тайёр кардани чушоб 1 – 2 хиссаи онро дар як истакон оби хунук 5 дак. чушонида аз дока мегузаронанд.
Корвалол доруи омехта буда, таъсири оромбахш, рагвасеъкунанда ва ташаннучзудо (спазмолитики) мерасонад. Онро дар холатхои невроз, ки бо ташаннучи рагхо, дилзани ва диг. ночурихои силсилаи дилу рагхо чараён мегирад, истеъмол мекунанд. Валокордин ва милокордин аз руи таркиб, таъсир ва истеъмол ба корвалол шабех мебошанд. Хамаи ин дорухоро факат бо таъиноти духтур истеъмол кардан лозим аст.
Феназепам, хлозепид (элениум), сибазон (седкусен), тазепам ва диг. дорухои мансуб ба транквилизаторхо хосияти таскинбахш доранд. Бар хилофи Д. т.-и номбурда транквилизаторхо хисси тарсу вахм, ноороми, хаячон, гарониро бартараф месозанд. Ин дорухоро факат бо таъиноти духтур барои табобати неврозхо, инчунин беморихои гипертония, зики дил ва г., ки дар инкишофи онхо ихтилоли фаъолияти олии асаб мавкеи мухим дорад, истеъмол мекунанд.
Транквилизаторхо чандон захрнок нестанд, вале бо вучуди ин метавонанд таъсири номатлуб расонанд. Мас., онхо суръати аксуламали рухи ва фаъолии харакатро кохиш медиханд, мушакхои скелетро суст менамоянд. Аз ин ру, одамоне, ки корашон таассури фаврии рухи ва мутобикати дакики харакатро металабад (мас., ронандагони наклиёти автомобили), бояд пеш аз кор ва дар вакти кор ин дорухоро истеъмол накунанд. Бояд дар хотир дошт, ки таъсири ин дорухо аз истеъмоли шароб афзуда, барои организм хавфи калон дорад. Гайр аз ин, хангоми истеъмоли дуру дароз ва худсаронаи транквилизаторхо мумкин аст одам ба онхо одат кунад. Табобат бо транквилизаторхо бояд факат бо таъинот ва зери назорати духтур сурат гирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …