Главная / Илм / ДИСПАНСЕР

ДИСПАНСЕР

dispanserДИСПАНСЕР (Dispensarium; аз франс. dispensaire – таксим мекунам), дармонгох, муассисаи махсуси тибби, ки ба гурухи муайяни ахоли ё беморон ёрии табобатию чилавгиранда мерасонад. Д.-хои зидди беморихои сил, беморихои пусту узвхои таносул, омосшиноси (онкологи), рухию асаб, кардиологи ва г. мавчуданд. Д.-хое низ хастанд, ки шахсони бо варзиши чисмони ва спорт машгулро муоина мекунанд.
Вазифаи Д. аз ошкор намудан, ба кайд гирифтан, табобат ва муоина кардани беморони гирифтори амрози дахлдор ё хайати муайяни одамони солим, омузиш ва бехтар намудани шароити мехнату зиндагии онхо, маорифи санитари, инчунин дарёфти тадбирхо барои мубориза бо беморихое, ки мавриди тахкики хамон Д.-анд, иборат аст. Д.-хои гуногун дар баробари максадхои умуми чихатхои хос хам доранд. Чунончи, Д.-и зидди сил муоинаи мунтазами флюорографии ахолиро ташкил мекунад (ниг. Флюорография), шахсони бо беморони сил алока доштаро ба кайд мегирад; Д.-и беморихои рухию асаби экспертизаи психиатри мегузаронад; Д.-и пизишкии варзиши назорати духтуриро ба амал мебарорад.
Д. аз кабинетхои кабули амбулатори, лабораторияхои ташхиси клиники ва дигар лабораторияхои махсус, кабинетхои ташкилию методи иборат аст. Бисёр Д.-хо статсионар доранд.
Дар Д.-и зидди сил утокхои зерин дар назар дошта мешаванд: муоличави, педиатри, оториноларингологи, рентген, сили устухон, пневмоторакс, физиотерапевти, лабораторияи ташхиси, тазрикгох. Дар назди Д.- хои калон санатория-профилакторияхо низ фаъолият мекунанд.
Д.-и омосшиноси доир ба тахассусхои гуногун утокхои алохида, мас., утокхои ташхисоти рентгени, рентгеншифои, бандинагузори, чаррохи (барои гирифтани биопсия), лабораторияхо ва г. дорад.
Дар Д.-хои амрози пуст ва зухрави дар баробари утокхои кабули маризон, хамчунин утокхои рентгеншифои ва микологи, лабораторияхои ташхисоти ва серологи мавчуд мебошанд.
Дар Д.-хо барои хар наф. маризе, ки ба кайди диспансери гирифта шудааст, варакахои махсус тартиб дода, дар онхо тамоми маълумоти заруриро дарч мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …