Главная / Илм / ДИЛБЕХУЗУРи

ДИЛБЕХУЗУРи

nauseaДИЛБЕХУЗУРи (Nausea, naupathia), дилбечошави, эхсоси хосаи ногуворест, ки дар сари сина ва халкум пайдо шуда, бештар бо кай анчом меёбад. Асосан хангоми захролуди аз хурок ва машрубот, амрози узвхои дохили шикам, таъсири гази губор ва захрхои дигар дар давраи аввали хомилаги (ниг. Токсикозхои занхои хомила), осеби асабияи маркази, беморихои сироятии шадид ва г. ба вучуд меояд. Д. баробари аломатхои диг. боз нишонаи нахустини бемори (мас., аппендитсит, холетсистит) – хое шуда метавонад, ки ёрии тиббии фавриро такозо мекунанд; хангоми авчи уремия ё диабети канди Д. аз бад гаштани рафти амрози музмин ва ихтилоли сахти мубодилаи моддахо шаходат медихад.
Д. аксар аз хаячони сахт, эхсоси манфи, хусусан хуроки дилнокаш низ пайдо мешавад. Дар чунин мавридхо барои сабук кардани ахволи саломати пахтаро ба махлули спирти навшодир тар карда буй мекунанд, курси валидолро зери забон мегузоранд ё 10 – 15 катра таъфин (киёми спирти)-и пудинаи богиро ба як кошук об омезонда мехуранд, ба хавои тоза мебароянд. Хангоми муттасилии Д. барои сабаби онро муайян ва муоличаи дуруст таъин намудан, ба духтур мурочиат бояд кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …