Главная / Гуногун / ДАР АРАФАИ БАХОР

ДАР АРАФАИ БАХОР

Интихои зимистон буд. Аз чониби гарб шамоли гашовар мевазид. Чор тарафи бошишгохро аз назар гузаронидам. Касе наметофт. Дари каровулхо–наро кушодам. Он чо болои катча Солех-саркор ва боз ду нафар марди дигар ноништа мекарданд.

– Баъди як дам Нормат-амак мебиёянд, – хабар расондам пас аз пурсупос, – Гулбогро набурида истанд гуфта хохиш кардаанд…

gori-priroda-tajikistan

– Сад афсус! – андешамандона гуфт Солех-саркор. – Дилам гувохи медод-а. Бистари бошад хам, то киёмат аз мо меранчад. Замони чанг аз фронт баргашта, бо сад умеду орзу хамин гулбогро шинонда будааст. Хамсолонаш мегуянд, ки хар як нихолро мисли кудак парвариш мекард. Сони-сони дарахтон ба воя расиданд, чукур реша давонданд, дигар ба нигохубини муйсафед мухточ набуданд. Бо мурури солхо, мардум, харчанд себу бихи, ноку гелос, ангурашро хуранд хам фаромуш карданд, ки Нормат гуфтани инсоне чон кохондааст…

Бахсу талош тул кашид.

– Ин бог боги ман, раис, ман шинондаги…

– Хайр чи шудааст? – ба миёни сухани пирамард лагат зад, – шинондаги бошед, нагз кардед. Хакки мехнататонро гирифтагистед.

Пирамард Нормат охи вазнин кашид.

– Медонед раис, вакте, ки богро, дарахтонашро мешинондам, шумо луб-луч оби биниатон овезон мегаштед…

– Хурмату иззататонро нигох доред! Ман бачаи очаатон нестам, ки…

– О боги бутта-бутунро решакан кардан ин берахми, беинсофи аст. Ин бог! Мефахмед ё не?! Бог! Як олам току дарахт дорад. Мева медихад…

Пирамард Нормат хаячону изтиробашро базур нигох медошт.

– Агар пахта коранд, колхоз панч-шаш бор, хатто аз ин зиёдтар даромад мегирад.

– Чи кадар заминхои васеи шуразор лабташнаву хайрон истодаанду омада-омада чашми шумоён хамин богро дид? Магар фикр накардед, ки то одам кардани ин бог дилу чигари ман хун шудаги. Охир дар вакташ ин чойхо чулу биёбон буданд.

Пирамард Нормат бо даструймолчааш оби чашмонашро пок кард.

– Ха, майлаш. Лачоми аспи мансаб ба дастатон аст. Чи хам мегуфтам? Зиндаги хамин будааст. Пир ки шуди, офтоби сари девори, ха.. Агар хамин богро баъд аз сари ман мебуридед, олам гулистон мебуд. Шояд ман хам намедидаму намешунидам, дилам дардро хис намекард. Ба ин чанчол хочат намемонд…

Хамрохи пирамард Нормат сар-сари марза ба калъача бозгаштем. Аз чониби бог «так-так-так» садои зарбаи табар ба гирду атроф пахн мегардид. Ба руи пирамард нигаристам, вачохаташро хаставу ночор, нигохашро музтар ёфтам.

Хайрият, соддалавхона аз дил гузаронидам ман, гуши пирамард андак вазнин аст. Вагарна ба назарам хар зарби табар банд-банди дили уро мебуррид.

– Биё, пирасам, як нафас лаби хавз шинем, – ва худаш чорзону ба замин нишаст. Ман пайрави намудам.

Оби хавз, ифлос, хазони тирамохи равон андаруни он рехтаву пусида, ранги  сиёхро гирифта буд… Ахли махалла се руз пас мархумро гуру чуб карданд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …