Главная / Чамъият / ЧАМЪИЯТИ ХИЛОЛИ АХМАРИ ТОЧИКИСТОН

ЧАМЪИЯТИ ХИЛОЛИ АХМАРИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ  ЧАМЪИЯТИ ХИЛОЛИ АХМАРИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2010, №1, мод. 16 КЧТ аз 28.12.12г. №923 )

Хилоли ахмарКонуни мазкур асосхои ташкилию хукукии фаъолияти  Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон,  шаклхои  дастгирии Чамъияти мазкурро  аз тарафи макомоти давлатии Чумхурии Точикистон муайян намуда, муносибатхои мутакобилаи онхоро танзим  мекунад.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон

  1. Чамъияти Хилоли  Ахмари Точикистон кисми таркибии Харакати байналмилалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, узви Федератсияи Байналмилалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, иттиходияи чамъиятии ихтиёри, ташкилоти худидораи гайритичорати буда, ба ташаббуси шахрвандон, дар асоси умумияти манфиатхо барои муштаракона бачо овардани вазифахои амали гардонидани гояхои башардустона ва гамхори кардан дар хакки мардум бо рохи таъмини хифзи ичтмоии шахрвандон, хамчунин дастгирии фаъолияти башардустонаи макомоти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот созмон дода шудааст.(КЧТ аз 28.12.12с. №923)
  2. Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон дар худуди Чумхурии Точикистон ягона ташкилоти миллии Хилоли Ахмар эътироф шуда,  фаъолияти худро дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон амали мегардонад. Номхои «Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон» ва  «Хилоли Ахмари Точикистон» ба Чамъияти Хилоли Ахмари  Точикистон тааллук дошта, хаммаъно мебошанд. (КЧТ аз 28.12.12с. №923)
  3. Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон хамчун чамъияти ихтиёри эътироф гардидааст, мутобики Конвенсияхои Женева аз 12 августи соли 1949 дар бораи бехбуди бахшидан ба сарнавишти мачрухон ва беморон дар артишхои амалкунанда, дар бораи бехбуди бахшидан ба сарнавишти мачрухон, беморон ва киштишикастагон аз хайати нерухои мусаллах дар бахр, дар бораи муносибат бо асирони харби, дар бораи химояи ахолии мулки дар замони чанг (минбаъд – Конвенсияхои Женева (с.1949), Протоколи иловаги ба Конвенсияхои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба химояи курбонихои низоъхои мусаллахонаи байналмилали, Протоколи иловаги ба Конвенсияхои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба химояи курбонихои низоъхои мусаллахонаи дохили (гайрибайналмилали), (минбаъд- Протоколхои иловаги (с.1977) ба макомоти давлати дар фаъолияти башардустона мусоидат менамояд .(КЧТ аз 28.12.12с. №923)

         Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукуки байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон иборат мебошад. (КЧТ аз 28.12.12с. №923)

Моддаи 3. Вазъи хукукии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон

Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон хамчун иттиходияи чамъиятии ихтиёрии чумхурияви, ба хайси шахси хукуки тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис ёфта, дар асоси  умумияти манфиатхои шахрвандон бо максади сабук намудани азияти одамон, халли мушкилоти ичтимои, кумак  расонидан ба чабрдидагони задухурдхои мусаллахона ва шахсони аз холатхои фавкулодда ва техногени зарардида, хамкори дар ичрои вазифахое, ки аз Конвенсияхои Женева (с.1949), Протоколхои иловаги (с.1977) бармеоянд, таргиби хукуки башардустонаи байналмилали ва принсипхои  асосии Харакати Байналмилалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, инчунин баланд бардоштани маърифати ахоли дар сохаи хифзи саломати  фаъолият мекунад. (КЧТ аз 28.12.12с. №923)

               Моддаи 4.  Оинномаи Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон

Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон дорои Оиннома буда, мутобики он фаъолият менамояд. Дар Оинномаи Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон тартиби ташкили он, ташаккули макомоти рохбарикунанда ва  назорати, сохторхои ташкили, шароит ва тартиби ба узвияти чамъият кабул намудан, хукук ва ухдадорихои аъзо ва инчунин дигар маълумоте, ки ба ичрои фаъолияти он алокаманд аст, муайян мешаванд.  Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон мутобики Оиннома ва низомномахои тасдикшуда фаъолият менамояд. Оинномаи Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон дар анчумани Чамъияти мазкур тасдик карда мешавад. 

                Моддаи 5. Принсипхои фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари  Точикистон

  1. Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон дар фаъолияти худ принсипхои умдаи зерини Харакати Байналмилалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмарро ба рохбари мегирад:

– башардусти – Харакати Байналмилалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, (минбаъд- Харакат) ки бахри кумакрасони бидуни истисно ба хамаи мачрухони майдони мухорибахо созмон дода шудааст, бо истифодаи хамаи имкониятхояш дар сатхи милли ва байналмилали ба пешгири ва сабукгардонии азоби мардум дар тамоми чахон кушиш мекунад; (КЧТ аз 28.12.12с. №923)

– бегарази – Харакат аз таассуби милли, нажоди, дини ва акидахои синфию сиёси озод аст. Он барои сабук кардани азоби мардум мекушад, факат эхтиёчмандии онхоро ба назар мегирад ва пеш аз хама ба шахсони ахволашон  хеле вазнин кумак мерасонад;

– бетарафи – бо максади истифода аз эътимоди хамаи мардум Харакат дар амалиёти чанги тараферо чонибдори намекунад ва хеч гох ба бахсу мунозирахои  сиёси, нажоди, дини ё гояви дахолат намекунад;

– мустакили – Харакат мустакил аст. Чамъиятхои милли дар амалиёти башардустонаи кишвархояшон накши мададрасониро ичро карда, хамчун шахсони хукукии давлатхои худ барои мутобики принсипхои асосии Харакат амал кардан бояд мухторияти хешро нигох доранд;

– ихтиёри –  Харакат ихтиёри ва максадаш кумакрасони буда, хеч гох барои ба даст овардани фоида кушиш намекунад;

– ягонаги – дар мамлакат танхо як Чамъияти Салиби Сурх ё Хилоли Ахмар арзи вучуд дошта метавонад. Дархои он бояд барои хама боз бошад ва фаъолияти башардустонаашро дар саросари каламрави кишвар ичро намояд;

– фарогир –  Харакат, ки аз чамъиятхои  макому масъулияташон баробар иборат аст, умумичахонист. (КЧТ аз 28.12.12с. №923)

  1. Макомоти давлатии Чумхурии Точикистон, шахсони дигари хукуки, инчунин шахсони вокеи ухдадоранд, ки принсипхои фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистонро, ки дар кисми 1 хамин модда зикр шудаанд, эхтиром намоянд.

 

Моддаи 6. Вазифахои Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон

Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон хам мустакилона ва хам бо хамкории макомоти давлатии  Чумхурии Точикистон вазифахои зеринро ичро менамояд:

– дар ташкили донории хун ва чузъхои он дар давраи осоишта ва дар давраи задухурдхои мусаллахона иштирок намуда, таргиботро дар байни ахоли барои беподош додани хун ва чузъхои он чихати табобат ба рох мемонад;

– дар расонидани кумаки табобатию пешгири ва ичтимоии шахсони ба он  ниёзманд иштирок менамояд;

– бахри дастрас шудани маводи зарурати нигохубини бемор тавассути шабакахои дорутаъминкунии Хилоли Ахмар фаъолият карда, барои нигохубини табакахои гуногуни ахоли хизмати тиббию ичтимоии пулаки мерасонад;

– барои расонидани кумак ба шахсони бехонумон, гурезахо ва табакахои дигари ахолии ниёзманд хадамоти махсус ташкил мекунад;

– бо максади чустучуи шахсони бе ному нишон гумгашта хадамоти чустучуи ташкил мекунад, робитаи байни аъзои оилахоро, ки дар натичаи задухурдхои мусаллахона, холатхои фавкулодда ва техногени чудо шудаанд, баркарор месозад, барои пайваст намудани оилахо кумак мерасонад;

– кабул, нигохдори ва таксими кумаки башардустонаро, ки аз чониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, чамъиятхои миллии Салиби Сурх ё Хилоли Ахмари кишвархои хоричи ва дигар манбаъхо расонида мешавад, ба рох мемонад;

– бо хадамоти тиббии Куввахои Мусаллах, кушунхои дохилии  Вазорати корхои дохили, кушунхои сархади ва дигар чузъу томхои харбии Чумхурии Точикистон, бо макомот ва чузъу томхои       Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, инчунин ба мачрухон ва беморони зарардидаи давраи задухурдхои мусаллахона кумак расонида, бо хамин максад хадамоти дахлдор ташкил менамояд;

– бо макомот ва чузъу томхои Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани ба шахсоне, ки дар натичаи  холатхои фавкулодда зарар дидаанд, кумак расонида, бо хамин максад хадамоти дахлдор созмон медихад;

– барои истифодаи аломати Хилоли Ахмар ба сифати нишони фарккунанда ва дар замони осоишта  ба сифати нишони химоят ичозат медихад;

– ба макомоти давлатии Чумхурии Точикистон барои кабул ва чойгирондани курбониёни задухурдхои мусаллахона ва инчунин ба шахсоне, ки дар натичаи холатхои фавкулодда осеб дидаанд, кумак мерасонад;

ба фаъолияти башардустонаи макомоти давлатии Чумхурии Точикистон мусоидат менамояд;
              – ба макомоти давлати барои ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон, ки аз Конвенсияхои Женева (с. 1949) ва Протоколхои иловаги (с.1977) бармеоянд, мусоидат мекунад; 
            – таълимот дар бораи хукуки байналмилали, принсипхо ва идеалхои Харакатро пахн менамояд;(КЧТ аз 28.12.12с.№923)

– дар чорабинихои  хифзи саломатии ахоли дар худуди Чумхурии Точикистон, аз чумла дар бобати сабук кардани азияти инсон ва нигохубини табакахои гуногуни ахоли, инчунин ичрои  барномахои худ дар сохаи маориф, тандурусти ва хифзи ичтимои иштирок мекунад;(КЧТ аз 28.12.12с.№923)

– дар худуди Чумхурии Точикистон ба шахсоне, ки курбониёни  задухурдхои мусаллахона буда, инчунин аз  холатхои фавкулодда ва техногени зарар дидаанд расонидани кумакро ташкил менамояд; (КЧТ аз 28.12.12с.№923)

-тавассути Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи Байналмилалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва  Хилоли Ахмар ва Чамъиятхои миллии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмари кишвархои хоричи ба курбониёни задухурдхои мусаллахона ва инчунин ба шахсоне, ки  дар натичаи холатхои фавкулодда ва техногени  дар мамлакатхои  хоричи чабр дидаанд кумак мерасонад;(КЧТ аз 28.12.12с.№923)

–  вазифахои дигарро, ки аз принсипхои асосии   Харакат бармеоянд, ичро менамояд. ;(КЧТ аз 28.12.12с.№923)

 

Моддаи 7. Самтхои асосии фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари  Точикистон

Бо максади ичрои вазифахое, ки дар моддаи 6 Конуни мазкур зикр шудаанд, Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон:

– дар маърифати санитари ва таълимоти тибби ба ахоли чихати расонидани кумаки аввалияи тибби ва нигохубини беморон дар хона ширкат намуда, дар таъсиси хадамоти марбути тайёр намудани кадрхо дар ин самти фаъолият ва тайёр намудани хайати шахси, ки ба сохторхои мудофиаи граждани  шомиланд, мусоидат мекунад;

– бо макомоти давлати чихати таъмини риояи хукукхои байналмилалии башари ва химояи нишони Хилоли Ахмар хамкори мекунад; (КЧТ аз 28.12.12с. №923)

– аломати Хилоли Ахмарро чун нишони фарккунанда истифода мекунад;

– дар хамгирои бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх,  Федератсияи Байналмилалии  Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, чамъиятхои миллии  Салиби Сурх ё Хилоли Ахмари кишвархои хоричи чихати расонидани кумак ба чабрдидагони задухурдхои мусаллахона ва ба шахсоне, ки дар натичаи холатхои фавкулодда осеб дидаанд, ба фаъолияти башардустонаи ин ташкилотхо дар худуди Чумхурии Точикистон ва берун аз  он ёри мерасонад;

– мутобики Конвенсияхои Женева (с.1949) ва Протоколхои иловаги  (с.1977) дар давраи осоишта заминаи  моддию техники бунёд мекунад ва барои ташкили кори Бюрои миллии маълумотдихи мутахассисонро таълим медихад ва дар давраи задухурдхои мусаллахона вазифахои онро ичро менамояд; (КЧТ аз 28.12.12с.№923)

– барои дар байни ахолии Чумхурии Точикистон интишор додани маълумот  ва иттилоот оид ба хукуки башардустии байналмилали ва принсипхои асосии Харакат хадамоти дахлдор таъсис медихад; (КЧТ аз 28.12.12с.№923)

– фаъолияти табъу нашрро ба рох мемонад;

– вазифахои дигарро, ки Конвенсияхои Женева (с.1949), Протоколхои иловаги (с.1977), хуччатхои Харакат, инчунин Конуни мазкур ба зиммаи он вогузор намудаанд, ичро мекунад. (КЧТ аз 28.12.12с.№923)

 

Моддаи 8. Иттилоот оид ба фаъолият

  1. Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон барои воситахои ахбори омма шароит мухайё мекунад, ки иттилоотро оид ба фаъолият ва хисоботи солонааш озодона дастрас намоянд.
  2. Инъикоси хамачонибаи фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон вазифаи чамъиятии воситахои ахбори омма мебошад.

 

           Моддаи 9. Хамкории байналмилалии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон

  1. Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи Байналмилалии чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар ва ташкилотхои дигари байналмилалии башардуст, инчунин бо чамъиятхои миллии  Салиби Сурх ё Хилоли Ахмари кишвархои хоричи барои амали гардонидани фаъолияти мутобик ба вазифа ва самтхои асосии дар моддахои 6 ва 7 Конуни  мазкур пешбинишуда хамкори менамояд.
  2. Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон фаъолияти  байналмилалии башардустии худро тибки мукаррароти шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон, хуччатхое, ки дар доираи Харакат конунгузории Чумхурии Точикистон ва Оинномаи чамъият кабул гардидаанд, ба рох мемонад.
  3. Чамъиятхои миллии хоричии Салиби Сурх ва Хилоли  Ахмар фаъолияти худро дар каламрави Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва принсипхои асосии Харакат дар асоси шартнома бо Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон амали менамоянд. (КЧТ аз 28.12.12с.№923)

 

             Моддаи 10. Истифодаи аломат ва номи Хилоли Ахмар аз тарафи Чамъияти Хилоли Ахмари            Точикистон

 

Аломат ва номи Хилоли Ахмар аз тарафи Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон мутобики Конвенсияхои Женева (с.1949), Протоколхои иловаги (с.1977), Оинномаи Харакати байналмилалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар оид ба истифодаи аломат ва бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи истифода ва химояи аломату номи Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар дар Чумхурии Точикистон” истифода мешаванд. (КЧТ аз 28.12.12с.№923)

БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ЧАМЪИЯТИ ХИЛОЛИ АХМАРИ ТОЧИКИСТОН

 

              Моддаи 11. Хамкории  Чамъияти Хилоли  Ахмари Точикистон бо макомоти давлатии  Чумхурии Точикистон

 

  1. Чамъияти Хилоли  Ахмари Точикистон бо  макомоти давлатии  Чумхурии Точикистон метавонад созишнома бандад, ки дар он  самтхои асоси ва тарзхои  хамкори  муайян карда мешаванд.
  2. Макомоти давлатии Чумхурии Точикистон барои амали гардонидани фаъолият мутобики вазифа ва самтхои асосии фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон, ки дар моддахои 6 ва 7 Конуни мазкур, инчунин дар асоси фармоиши давлати муайян шудаанд, метавонанд Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ва сохторхои ташкилии онро чалб намоянд.
  3. Хангоми зарурат макомоти махалли хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот маълумоти дар ихтиёрашон бударо, ки барои ичрои вазифахои пешбининамудаи моддахои 6 ва 7 Конуни мазкур лозиманд, ба ихтиёри Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон вогузор менамоянд.
  4. Макомоти хокимияти давлати ухдадоранд хамаи маълумоти пешбининамудаи Конвенсияхои Женева (с.1949) ва Протоколхои иловагиро (с.1977) оид ба шахсоне, ки тибки Конвенсияхо ва Протоколхои мазкур ниёзманди химоя мебошанд, дар муддати 15 руз баъд аз мукаррар кардани сарпарастии ин шахсон пешниход намоянд. (КЧТ аз 28.12.12с.№923)

 

Моддаи 12. Дастгирии давлатии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон

 

  1. Макомоти хокимияти давлати ва худидоракунии шахрак ва дехот мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистонро дар ичрои вазифахои он мутобики моддаи 6 Конуни мазкур бо назардошти чорахои модди ва гайра дастгири менамоянд.
  2. Озод намудани Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон аз пардохти андозхо ва бочхои гумруки, хамчунин кумаки молиявии барномахои махсусе, ки чавобгуи вазифахои Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон мебошанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали гардонида мешаванд.

 

Моддаи 13. Маблаггузории фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон

 

  1. Андозаи маблаггузории давлати барои пардохти хакки узвиятиЧамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ба Федератсияи Байналмилалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, пардохтхои маблаггузории Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва барои ичрои барномахои ичтимоии давлати хар сол дар Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи  бучети давлати мукаррар карда мешавад.
  2. Макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот хуккук доранд ташкилотхои минтакави ва махаллии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистонро аз бучетхои махалли маблаггузори намоянд.
  3. Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон метавонад хайрия ва кумакхоро аз шахсони вокеи ва хукуки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар хар шакл кабул намояд.
  4. Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон метавонад хар навъи моликиятро, ки барои амали намудани вазифа ва хадафхояш лозим медонад, ба даст оварад, молик бошад ва ихтиёрдори кунад.

 

              Моддаи 14. Чудо намудани бинохо  барои Чамъияти Хилоли Ахмари  Точикистон

 

Бинохоро барои Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ва сохторхои ташкилии он чихати таъмини фаъолияти онхо, инчунин чойгиронии макомоти идораи он макомоти махаллии хокимияти давлати  тибки  конунгузории Чумхурии Точикистон чудо мекунанд.

 

              Моддаи 15. Мохвораи Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон

 

  1. Дар Чумхурии Точикистон  хар сол аз чониби Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон мохвораи Хилоли Ахмар гузаронида мешавад, ки ба пахн кардани акидахои Харакати Байналмилалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар ва чалб кардани таваччух ба барномахои фаъолияти Чамъияти мазкур равона шудааст. Мухлат, тартиб ва шартхои гузаронидани мохвораи Хилоли Ахмар аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 28.12.12с.№923)
  2. Чамъияти мазкур дар асоси барномаи гузаронидани мохвораи Хилоли  Ахмар, ки аз чониби Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ва макомоти  давлатии Чумхурии Точикистон тасдик шудааст, барои гузаронидани чорабинихо дар доираи мохвораи  Хилоли Ахмар, аз майдонхои варзиши, бог ва дигар иншооти фарханги – ичтимои  истифода карда метавонад.

 

БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 16. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур  мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии  Точикистон                 Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе, 12 январи соли 2010,

№592

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …