Главная / Биология / Ботаника: Китоби дарси барои синфи 6 -уми мактаби тахсилоти умуми

Ботаника: Китоби дарси барои синфи 6 -уми мактаби тахсилоти умуми

Шумо дар синфхои 6 аз ин китоби дарси таълим мегиред. Тавассути мундаричаи китоб шумо бо номгуи фаслу бобхои алохида шинос гардида, мавзуъхои лозимаро бо осони дарёфта метавонед.

Дар охири хар як мавзуъ бо максади санчиши дарачаи фахмишу дониши хонандагон саволхои ба мавзуъ дахлдор дода шудаанд. Пеш аз саволхо аломати гузошта шудааст.

Ботаника -6 синф китобРаками расмхо дар матни мавзуъ ва дар зерраками расмхо бо аломати ишора карда шудааст. Расмхо интихобан оварда шудаанд ва онхо барои осонтар аз худ кардани мавзуъхо ба шумо кумак мерасонанд.

Дар пушти муковаи аввал ва охири китоб чор салтанати олами органикй (зинда), пайдоиш ва инкишофи бактерияхо, занбуругхо, растанихо гирд оварда шудааст.

Пас аз итмоми фаслу бобхои китоб равиши гузаронидани машгу- лиятхои лаборатори дода шудааст, ки аз руи онхо муаллим бо шу- моён дарсхои лаборатори мегузаронад. Ин машгулиятхои амали ба шумо имкон медиханд, ки ба таври аёни ба гуногунхели ва чабхахои гуногуни фаъолияти хаётии растанихо аз наздик шинос шуда, дар омузишу хифзи растанихо малакаю махорати зарури хосил намоед.

Аз шумоён бисёр хохиш мекунем, ки китобро тоза нигох доред ва бо он эхтиёткорона муносибат кунед. Чунки дар оянда аз ин китоб хохарон ва бародарони хурдсоли шумо метавонанд истифода баранд.

Бо хисси миннатдори таъкид мекунем, ки ба чуз адабиётхои дахлдори дар барномаи таълими нишон додашуда, инчунин баъзе расмхо ва маводхо аз китоби дарсии “Биология: растанй, бактерия, занбуруг, гулсанг”. М., 1992 (нашрии 23-уми руси, барой синфхои 6-7), муаллифаш В.А. Корчагина, китоби номбурда, тарчума аз нашри 20-уми руси, Душанбе, «Маориф», 1992, мутарчим М. Хочиматов ва “Биология: бактерия, занбуруг, растани”. М., 1995 (барои синфи 6), муаллифаш В.В. Пасечник мавриди истифода карор доштанд.

МУНДАРИЧА

МУКАДДИМЛ…………………………………………………………………………….. 7

  • 1. Тасаввуроти умумй дар бораи таснифот

(намуд, авлод, оила, тартиб, синф, шуъба)…………………….. 10

ГУРУХИ РАСТАНИХО

  • 2. Обсабзхои сабзи якхучайра (хламидомонада

ва хлорелла)…………………………………………………………………. 13

  • 3. Обсабзхои сабзи бисёрхучайраи риштамонанд

(улотрикс, спирогира)…………………………………………………… 16

  • 4. Обсабзхои сабзи тудашакл (колонияшакл)……………………. 18
  • 5. Обсабзхои бахри (обсабзхои бур ва сурх)……………………… 20
  • 6. Ахамияти обсабзхо дар табиат ва хочаги.

Мухофизати онхо……. ………………………………………………….. 22

  • 7. Ушнаи сабз…………………………………………………………………….. 25
  • 8. Ушнаи торфи ва хосил шудани торф………………………………. 27
  • 9. Сохт, хаёт ва ахамияти сарахсхо…………………………………….. 29
  • 10. Сохт ва афзоиши чилбанд…………………………………………….. 31
  • 11. Сарахсшаклхои кадима ва хосил шудани ангиштсанг…… 33
  • 12. Гуногуншаклии растанихои лучтухм……………………………. 35
  • 13. Арча…………………………………………………………………………….. 37
  • 14. Афзоиши растанихои лучтухм……………………………………… 40
  • 15. Ахамияти лучтухмон дар табиат ва хочагии халк………….. 42
  • 16. Растанихои пушидатухм (гулдор) – хамчун

гурухи олиташкил………………………………………………………… 44

ШУЪБАИ РАСТАНИХОИ ПУШИДАТУХМ

  • 17. Гуногунии растанихои гулдор ва таснифоти онхо…………. 46

СИНФИ РАСТАНИХОИ ДУПАЛЛА

  • 18. Оилаи чиноракхо (чакамугихо)…………………………………….. 48
  • 19. Оилаи кукноргулхо………………………………………………………. 50
  • 20. Оилаи тутхо…………………………………………………………………. 53
  • 21. Оилаи тугмачагулхо……………………………………………………… 55
  • 22. Оилаи обнусихо……………………………………………………………. 57
  • 23. Оилаи кадугулхо…………………………………………………………… 59
  • 24. Оилаи чилликгулхо………………………………………………………. 63
  • 25. Оилаи настаранихо ……………………………………………………… 67
  • 26. Оилаи лубиёихо……………………………………………………………. 72
  • 27. Оилаи ангур…………………………………………………………………. 75
  • 28. Оилаи чатргулхо…………………………………………………………… 77
  • 29. Оилаи лабгулхо…………………………………………………………….. 80
  • 30. Оилаи авранчихо………………………………………………………….. 83
  • 31. Оилаи мураккабгулхо…………………………………………………… 87

СИНФИ РАСТАНИХОИ ЯКПАЛЛА

  • 32. Оилаи пиёзгулон………………………………………………………….. 91
  • 33. Оилаи занбакихо………………………………………………………….. 94
  • 34. Оилаи хушадорон…………………………………………………………. 96
  • 35. Мухофизати растанихои гулдори нодир ва нест- шудаистода, ки ба “Китоби Сурхи Точикистон” дохил карда шудаанд 101

РАСТАНИХОИ КИШОВАРЗЙ

  • 36. Пайдоиши растанихои мазруи…………………………………….. 105
  • 37. Гандум – яке аз зироатхои мухим………………………………… 108
  • 38. Чуворимакка – растании хуроки, техники ва хуроки чорво………… 110
  • 39. Шоли – зироати мазруии кадима………………………………… 112
  • 40. Пахта – боигарии асосии Точикистон………………………….. 114
  • 41. Картошка – зироати мухими хуроки, техники

ва хуроки чорвост………………………………………………………. 117

  • 42. Растанихои сабзавотии Точикистон……………………………. 120
  • 43. Зироатхои полизии Точикистон………………………………….. 123
  • 44. Растанихои мевадихандаи Точикистон……………………….. 125

ИНКИШОФИ ОЛАМИ НАБОТОТ

  • 45. Гуногунии растанихо ва пайдоиши онхо…………………….. 129
  • 46. Мархилахои асосии инкишофи олами иаботот……………. 133
  • 47. Хукмронии пушидатухмон дар замони хозира……………. 136
  • 48. Таъсири фаъолияти хочагидории инсон ба олами растанихо……138

БАКТЕРИЯХО, ЗАНБУРУГХО, ГУЛСАНГХО

  • 49. Сохт ва фаъолияти хаётии бактерияхо………………………… 140
  • 50. Пахншавии бактерияхо дар хаво, об ва хок………………….. 143
  • 51. Ахамияти бактерияхо дар табиат ва зиндагонии инсон…………… 146
  • 52. Бактерияхои………………………………………………… касалиангез… 148
  • 53. Тавсифи умумии занбуругхо. Занбуругхои телпакчадор………….151
  • 54. Занбуругхои пупанак…………………………………………………. 157
  • 55. Занбуруги хамиртуруш. Сохт ва ахамияти он

дар хочагии халк………………………………………………………… 159

  • 56. Занбуругхои паразит…………………………………………………. : 161
  • 57. Гулсангхо. Шаклхои хаётии онхо……………………………… 164
  • 58. Сохти анатомии гулсангхо. Симбиоз. Роли гулсангхо дар табиат ва хочаги….. 166

РАСТАНЙ ВА МУХИТИ АТРОФ

  • 59. Чамоаи наботот ва гуногуншаклии онхо……………………… 169
  • 60. Сохти чамоаи растанихо……………………………. ’…………….. 177
  • 61. Ивазшавии чамоаи наботот…………………………………………. 179
  • 62. Флора ва пушиши наботот………………………………………….. 181
  • 63. Таъсири омилхои табиат ба чамоаи наботот……………….. 183
  • 64. Таъсири чамоаи наботот ба мухити атроф…………………… 188

ТАЧРИБАХОИ ЛАБОРАТОРИ……………………………………………….. 191

МУКАДДИМА

Чи тавре ки маълум аст, Олами наботот хеле бой, рангин ва фавкулодда гуногунхел аст. Чунин гуногуннамуди, гуногуншакли ва тагйирпазирии растанихо тасодуфи набуда, вай ба тагйирёби ва дигаргуншавии шароитхои мухити зисти растанихо зич алокаманд мебошад.

Аз руи сохт ва шаклхои хаётиашон растанихои дарачаи паст сохти нихоят содда доранд ва чисми (танаи) онхо ба узвхои махсус- ташаккулёфтаи рушду нумуи чудо намешаванд. Масалан, бакте- рияхо факат сохти хучайраги дошта, пластид ва ядро надоранд. Занбуругхо бошанд, агарчи баъзе аломатхои ба хучайрахои хай- вонот ва растанихо монанд дошта бошанд хам, инчунин боз аломатхои махсусе доранд, ки танхо ба худй онхо хос аст. Гулсангхо – организмхои зиндаи симбиотикие мебошанд, ки танаи онхо аз хучайрахои (гифхои) занбуруги ва обсабзи ташаккул ёфтааст. Шумо дар мавзуъхои дарсхои оянда ба сохту фаъолияти хаётии онхо муфассал шинос хохед шуд.

Дар растанихои дарачаи оли танаи (чисм ё пояи) онхо ба узвхои алохидаи нагзинкишофёфта – реша, поя, барг ва дигар узвхо чудо шудаанд, ки хар кадоми онхо дар растании том вазифаи муайяне- ро ичро мекунанд.

Дар руи Замин такрибан 250 хазор намуди растанихои гулдор ё пушидатухм мавчуд асг. Дар онхо гул ва мева бо тухмаш хосил ме- шавад. Ин узвхо барои давом додани насли растани хизмат карда, тавассути ин узвхо афзоиш ва пахншавии онхо амали мегардад.

Чи тавре ки хангоми омузиши фанни ботаника дар синфи 5-ум медонед, яке аз хусусиятхои мухиму асоси ва фарккунандаи раста- нихои гулдор дар онхо мавчуд будани гул мебошад. Хусусияти дигар – пушидатухмии онхост. Зеро, дар онхо тухммугча хатман дар дохили гураки мевадон хосил мешавад ва бо гузашти муайяни вакт гурак ба мева, тухммугча бошад, ба тухм табдил ме- ёбад. Хамин тавр, тухм хамеша дар дохили мева пинхон аст. Би- нобар он растанихои гулдорро бо ибораи дигар растанихои пуши- датухм низ меноманд.

Шаклхои хаётии растанихои гулдор гуногун мебошад. Онхо дар шакли дарахт, бутта, нимбутта ва алаф вомехуранд. Хамаи раста- нихои дарахти ва буттаги бисёрсолаанд. Растанихои алафи яксо- ла, дусола ва бисёрсола мешаванд.

Бояд кайд кард, ки ба сершумори ва бисёрнамудии растанихои гулдор нигох накарда, дар тули таърихи тулонии сохаи кишоварзи микдори каме аз онхо дар хайси (шакли) растанихои мазруи мав- риди истифода карор доранд.

Азбаски набототи худруй ва мазруи дар шароитхои гуногун нашъунамо мекунанд, онхо аз якдигар бо бисёр сифату хусусиятхои хосаашон фарк мекунанд. Меваи растанихои мазруи (ки бо дахо- лати бевоситаи инсон ба вучуд оварда шудаанд), одатан, хеле калонандоза, бомазза, хушхазмшаванда ва серхосил мебошад. Дар навбати худ растанихои худруй аз руи хусусиятхои пешпазаки (зуд- пазаки), дарозумри ва ба шароитхои номусоиди мухити зист то- бовар буданашон аз растанихои мазруи фарк мекунанд.

Аз руи конуну коидахои таснифоти (систематики) шуъбаи рас- танихои гулдорро ба синфи растанихои дупаллатухм ва якпалла- тухм чудо мекунанд. Чунин растанихо, аз кабили пахта, лубиё, нахуд, каду, бодиринг, тарбуз, лаблабу, себ, гелос, зардолу ва гай- рахо ба растанихои дупаллатухм тааллук доранд. Ба растанихои якпаллатухм гандум, чав, арзан, чуворимакка, пиёз, лола, савсан ва гайрахо дохил мешаванд. Умуман, растанихои дупаллатухм нис-’ бат ба растанихои якпаллатухм такрибан чор маротиба зиёдта- ранд.

Бамаврид аст кайд купем, ки дар омузишу тадкикот ва таснифо- ти набототи Точикистон сахми олимон ва тахкикотчиёни Инсти- тути ботаникаи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, ки соли 1941 таъсис дода шудааст, хеле калон ва назаррас аст. Бо рохба- рии бевоситаи набототшиноси маъруф П.Н. Овчинников тахия ва нашри асари бисёрчилдаи «Флораи Точикистон» дар соли 1937 огоз гардид. Дар солхои минбаъда ин асари пурарзиш дар хачми 10 чилд аз чоп баромад ва дастраси ахли илм гардид. Дар навишту тайёр кардани асари бисёрчилдаи гаронбахо, ки дар он оид ба 4513 намуди растанихои спораовар, тухмдор ва гулдори ватанамон маъ- лумотхои дакики ботаникию таснифоти гирд оварда шудааст, сахм ва хизматхои шоёни олимони волоихтисос – М.Р. Расуло- ва, С.Ю. Юнусов, А.П. Чукавина, Г.Ф. Кочкарева, Г.К. Кинзи- каева, Л.Н. Абдусаломова, Б.А. Шарипова ва дигарон багоят калон ва шоистаи тахсин аст. Ин тадкикотхои пурарзиш имкон доданд, ки 170 намуди нави растанихо кашф шуда, зиёда аз 200 намуди растанихо, ки ба онхо хавфи нобудшави тахдид мекунад, ба «Китоби Сурхи Точикистон» дохил карда шаванд.

Флораи растанихои спорадори Точикистон низ хеле бою чоли- би диккат мебошад. Тахкику тахлилхои бомароми илми имкон доданд, ки дар худуди Точикистон такрибан 2200 намуди обсабзхо, 2000 намуди занбуругхо, зиёда аз 300 намуди гулсангхо ва 400 намуди ушнахо ба кайд гирифта шуда, аз чихати ботаники пурра тасниф карда шаванд. Дар ин чабха месазад сахму хидматхои пурарзиши олимони варзида У.К. Маматкулов, Г.А. Шмелев, И. Кудратов ва дигаронро махсус кайд кунем.

Дар охир мебояд кайд’ кард, ки дар пешбурд, омузиш ва тадки- коти бисёр чабхахои мухталифи тахкикоти ботаники ва коркарди роххои окилона истифода бурдани набототи кишварамон сахму хидматхои шоёни чунин олимони маъруф, аз кабили О. Федченко, В.Л. Комаров, Н.Ф. Гончаров, К.В. Станюкович, Ю.С. Григорев, Иконников С-С., В.И. Запрягаева, Р.В. Камелин, Б.М. Комаров, О.Ш. Шукуров, М.И. Исмоилов, М. Хочиматов ва дигарон хеле калон ва назаррас аст.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …