Главная / Биология / Бофтахо, аъзо ва танзими узвхо

Бофтахо, аъзо ва танзими узвхо

Бофта чист? Бофта ин Мачмуи хучайрахо ва моддаи байнихучайрави, ки аз руи пайдоиш, сохт ва ичрои амал ба хамдигар монанд буда, вазифаи якхеларо ичро мекунанд, бофта номида мешавад.

Дар организм чор гурухи бофтахоро фарк кардан мумкин аст: эпители, васлкунанда (пайвасткунанда), мушак ва асаб. Бофтаи эпители (аз калимаи юнони эпи – дар руй, дар боло) руи бадан, гадудхо ва ковокихои узвхои дохилиро мепушонад. Бофтаи васлкунанда – ба он хун, лимфа, бофтахои устухони, тагояки ва гизои дохил мешаванд. Бофтаи мушаки – бофтаи асосии мушакхои скелети ва дигар узвхои дохили ба хисоб меравад. Ин бофтахо вазифаи кашишхуриро ичро мекунанд. Бофтаи асабиро бофтахои магзи сар ва хароммагз ташкил мекунанд. Хучайрахои асабро нейрон меноманд. Нейрон аз се кисм: часади нейрон, изофаи кутох, изофаи дароз иборат аст.

boftahoi-inson

Аъзо ва системахои узвхо. Аз бофтахо узв ба вучуд меояд. Узвхо шакл, сохт ва мавкеи муайян доранд, вазифахои гуногунро ичро мекунанд. Як кисми узвхо дар ковокии бадан чой гирифтаанд, аз хамин сабаб онхоро узвхои дохили меноманд.

Узвхое, ки якчоя вазифаи умумиро ичро мекунанд чунинанд:

Системаи такягоху харакат – аз устухонхо ва мушакхои ба онхо часпида иборат аст. Ин имконият медихад, ки одам рост истад, харакат кунад, корхои мураккабро ичро кунад, инчунин узвхои дохилиро аз осеббини химоя кунад.

Системаи хозима – дар хазмкунии гизо чаббидани моддахои гизои дар хун иштирок мекунад. Системаи хозима аз нойи хозима — ковокии дахон, халк, сурхруда, меъда, руда ва гадудхои хозима чун лухоббарори, чудо намудани шираи меъда, руда, зери меъда, чигар ва гайрахоро дар бар мегирад.

Системаи иммуни – организмро аз таначахои бегонаи зараровар ва моддахои зидди онхо химоя мекунад. Ба ин система магзи сурхи устухон, гадуди душоха (тимус), гиреххои лимфаги, испурч, бофтахои лимфоиди, роххои нафаскаши ва узвхои хозима дохил мешаванд.

Системаи гардиши хун – узвхои бадани одамро бо моддахои гизои, оксиген таъмин намуда, аз он гази карбон ва дигар моддахои нодаркориро ба узвхои ихроч меорад. Хун вазифаи химоявиро ичро мекунад. Аз дил ва рагхои хун иборат мебошад.

Системаи нафаскаши – Ин раванди мубодилаи газхо байни мухити беруна ва шуш мебошад. Ба ин система ковокии бини, гулу, халк, нойи нафас, бронххо, бронхиолахо, алвеолахо ва шуш дохил мешаванд.

Системаи шошаю таносул – Узви асосии системаи шошаро гурдахо ташкил мекунанд, ки тавассути гурдахо аз организм ба воситаи пешоб моддахои нодаркори бо роххои пешобгузар ба пешобдон (масона) ва аз он бо роххои пешоббаро ба берун бароварда мешаванд. Тавассути узвхои таносул бошад насли оянда тавлид мешавад, ки ин хам бошад хангоми омезишёбии нутфа бо хучайратухм ба амал меояд.

Системаи асаб – Тавассути ин система танзимкунии кори якчояи хамаи узвхо, мутобикиятии онхо ба шароитхои мухит таъмин карда мешавад. Масалан, ба воситаи узвхои хис, чашм, гуш, бини, забон, пуст алокаманди бо мухити атроф таъмин карда

мешавад. Бе мавчудияти системаи асаб фаъолияти бошууронаи одам ва рафтори у танзим карда намешавад. Системаи асаб аз майнаи cap, хароммагз, кисмхои асаб иборат аст. 

Системаи эндокрини (дохили). Гадудхои секретсияи (тарашшухи) дохили, ки аз худ хормон чудо мекунанд, хамчун холати идоракунии биологи, ки тавассути хун ва моеъи организм таъсир мерасонанд. Ба ин система гадудхои хипофиз, эпифиз, сипаршакл, наздисипаршакл, душоха (тимус) зери меъда, болои гурда, чинсии мардона, занона дохил мешаванд. Хормонхо ба фаъолияти организмхо таъсири мусбат ва манфи мерасонанд.

Системаи функсионали – Барои ичрои ин ё он вазифа узвхои организм дар якчояги амал мекунанд. Ин фаъолияти муваккатии онро системаи функсионали меноманд. Аввалин маротиба дар соли 1935 системаи функсионалиро ба илм дар асоси тачрибахои худ олими бузурги рус академик П.К. Анохин дохил кардааст. Хамин тавр, организми одам хеле мураккаб буда, аз системаи узвхо сохта шудааст, ки онхо аз бофтахо, хучайрахо ва моеъи байни хучайрави иборатанд.

Саволхо:

  1. Бофта чист?
  2. Кадом бофтахоро медонед?
  3. Узв чист?
  4. Системаи узвхо чиро меомузад?
  5. Кадом системаи узвхоро медонед?
  6. Узвхо кадом вазифаро ичро мекунанд? 

Кори амали

Сохти микроскопии бофтахо

(эпителиали, васлкунанда, мушаки, асаби)

Тачхизот барои амалиёт: микропрепарати бофтахои инсон, заррабин.

Рафти амалиёт:

а) Ба кор омода кардани заррабин.

б) Ба зери заррабин гузоштани микропрепарати бофта

в) Препаратро муоина кунед ва расми бофтахоро кашед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …