Главная / Гуногун / Бихиштируй

Бихиштируй

Якеро аз мутааллимон камоли бехчате буду тийби лахчате ва муаллимро аз он чо ки хисси башарият аст, бо хусни башараи у муомилате дошт. Зачру тавбихе, ки ба кудакон карди, дар хак вай раво надошти ва вакте ки ба хилваташ дарёфти, гуфти:

На ончунон ба ту машгулам, эй бихиштируй,
Ки ёди хештанам ар замир меояд.
Зи диданат натавонам, ки дида барбандам,
В-агар мукобала бинам, ки тир меояд.

Боре писар гуфт:
– Ончунон ки дар одоби дарси ман назар мефароми, дар одоби нафсам низ таамул фармой, то агар дар ахлоки ман нописанди бини, ки маро он писанд хаменамояд, бар онам иттилоъ фармой, то ба табдили он сайъ кунам.
Гуфт:
– Эй писар, ин сухан аз дигаре пурс, ки он назар, ки маро бо туст, чуз хунар намебинам!

Чашми бадандеш, ки барканда бод,
Айб намояд хунараш дар назараш.
В-ар хунаре дорию хайтоб айб,
Дуст набинад ба чуз он як хунар.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …