Главная / Маданият ва санъат / Бихишти дуюм, ки онро дорулмаком гуянд

Бихишти дуюм, ки онро дорулмаком гуянд

Бихишти дуюм, ки онро дорулмаком гуянд

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун ман ва Чабраил (а) ва  Ризвон аз бихишти аввал пештар шудем, расидем дар бихишти дуюм, ки онро дорулмаком гуянд. Он бихишт аз зарри сурху нукра аст. Ва кунгурахои у аз марворид ва болои он навишта шудааст, ки “Ло илоха илаллоху Мухаммаду-р- расулуллох”.

Бинои касрхои у хиште аз зар ва хиште аз нукра ва буи он аз мушку анбар ва сангрезаи сахни он дурру марчон. Гиёхи замини он аз заъфарон ва либоси бихиштиён аз харир. Гили он аз мушку анбар ва тахтхои он аз ёкути сурх.

Дар хap тахте чандин колини зебо ва дар пеши хар тахте хури некуруй ва хар яке аз ин хурон чандин либос болои хам пушида ва пеши хар хуре чанд каниз истода. Тухфахо ва пиёлахои шароб ба даст гирифта.

Дар хабар аст, ки чун бандаи муьмин дар бихишт дарояд, бар сахни хонаи худ бирасад. Хуре бинад, ки онро хурулъин гуянд. Ва чандин хурон хамрохи он бошанд. Бар хоки мушку анбар галтон ва хеч муе набошад, ки аз дур ва чавохир  мурассаъ набошад. Ва бар сари хурон чу нон намояд, ки мохи шаби чахордах дар миёни ситорагон ва он хурульинро хабар шавад, ки подшохи бихишт омад.

Хурульни пойи барахна  берун ояд ва хурони бисёр дар атрофи у. Чун назари муъмин бар он хур афтад, худро аз асп бурок бар замин афканад. Ва  баробари он хур бар тахт карор ёбад. Ва аруси дунёяш хабар  шавад, ки шавхари ту дар баробари хурулъин бар тахт нишастааст. Ва аруси дунё биёяд ва дар пахлуи шавхари худ нишинад. Мард уро дида хайрон бимонаду гуяд: – Илохо,  мох аз кучо омадаасг?

Чунки занхои мусулмонон низ дар киёмат чунон хушруй  шаванд, ки хурон рашк баранд.

Ин аруси дунё руи ба суи хуру.тьин карда гуяд, ки ман дар дунё ранчхо кашидаам ва фарзандон зодаам ва хонаи инро ободон кардаам ва ба вакти захмат хамрохи он будаам. Имруз, ки вакти рохат ва лаззат гирифтан аст, ту дар ин хол уро мегири? Хур гуяд, ки солхои дароз бо ту буд, дар ин чо хамрохи ман бошад.

Чун инхо дар мунокиша шаванд, Худованди бузург бодеро  аз тахти арш бивазонад, ки тамоми кинаву кудурратхоро аз  дилхои инхо берун кунад. Баьд аз он аруси дунё гуяд, ки ин  мард дар дунё хамрохи ман буд, акнун дар ин чо хамрохи ту бошад?

Хур гуяд, ки дар дунё ту азоб ва машаккат кашида, фарзандон  ба дунё оварди ва дар вакти мушкилихо хамрохи ин мард буди. Акнун, ки вакти рохат расидааст, ин чо низ хамрохи у бош.

Хулосаи калон ин ки дар дилхои онхо аз кинаву адоват чизе  намонда, ба монанди бехтарин дуст бо хамдигар маъишат мекунанд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …