Главная / Чамъият / Беэътибор донистани акди никох

Беэътибор донистани акди никох

Моддаи 28-и Кодекси оила. Беэътибор донистани акди никох

  1. Дар сурати вайрон кардани шартхои дар моддахои 12 ва 14 хамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани акди никохи калбаки, яъне агар зану шавхар ё яке аз онхо акди никохро бе нияти бунёди оила сабт карда бошанд, акди никох беэътибор дониста мешавад. Акди никохе, ки мачбури ё бо рохи фиреб баста шудааст, тибки аризаи чабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1290).
  2. Акди никох аз чониби суд беэътибор дониста мешавад.
  3. Суд вазифадор аст, ки дар мухлати се рузи баъди эътибори конуни пайдо кардани халномаи беэътибор донистани акди никох иктибоси ин халномаи судро ба макоми сабти асноди холати шахрвандии махали бакайдгирии давлатии акди никох  фиристад.
  4. Акди никохи хилофи талаботи кисми 1 моддаи мазкур басташуда аз лахзаи баста шуданаш беэътибор аст. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …